Доиразанҳо қувва озмуданд

Доиразанҳо қувва озмуданд

Рӯзи 14-уми март дар Маркази бачагонаи “Авлоди баркамол”-и шаҳри Самарқанд зинаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Зарб-2019” баргузор гардид.
Дар озмун шогирдони 17 маркази бачагонаи “Авлоди баркамол”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯйи шартҳои қӯш-қарс ва мавзӯи озод дар ду равия: баромади якка ва ҷамоавӣ қувва озмуданд.
Ҳайати доварон маҳорати иҷро, худдорӣ дар саҳна ва тарзи либоспӯшии иштироккунандагонро ба ҳисоб гирифта, баҳогузорӣ намуданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ дар равияи баромади якка шогирди Маркази бачагонаи “Авлоди баркамол”-и шаҳр Абдулазиз Абдуллоев ва дар баромади ҷамоавӣ низ гурӯҳи доиразанҳои “Зарб наво”-и ҳамин марказ ҷойи олиро ба даст оварданд ва ҳуқуқи иштирокро дар зинаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи апрел дар шаҳри Тошканд гузаронида мешавад, соҳиб гардиданд.

Наргиза ҚОБИЛОВА, директори
Маркази бачагонаи “Авлоди баркамол”-и шаҳри Самарқанд.