Хизмати тиббии аввалин – асоси саломатӣ

Хизмати тиббии аввалин – асоси саломатӣ

Аз рӯйи натиҷаҳои ислоҳоти амалишаванда дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ ва вазифаҳои пурдолузарб, бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳое, ки дар видеоселектори таҳти раисии Президенти Ҷумҳуриятамон ва дар давоми вохӯрии ҳокими вилоят бо фаъолони ноҳияи Пахтачӣ муайян гардидааст, аз 11-уми марти соли ҷорӣ сар карда, дар ҳудудҳои Хумор, Охунбобоев ва Зиёвиддини ноҳияи Пахтачӣ, инчунин, шаҳраки Сулув санҷиши амиқи тиббӣ гузаронида мешавад.
Ба тадбирҳои мазкур зиёда аз 20 нафар мутахассисони ботаҷриба, аз қабили шифокори УТТ, терапевт, онколог, фтизиатор, эндокринолог, акушер-гинеколог, офтолмолог, кожвенеролог, хирургҳо, ки дар муассисаҳои муолиҷавӣ-профилактикии вилоят ва шифохонаҳои шаҳри Самарқанд фаъолият доранд, ҷалб карда шуданд.
Инчунин, дар доираи тадбирҳо аз ҷониби мутахассисон ба масъалаҳои бартараф намудани камбудиву муаммоҳои муассисаҳои тиббии ноҳия, ободгардонии муҳити атроф, васеъ тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим ва афзудани маданияти тиббии шаҳрвандон низ эътибори алоҳида дода мешавад.