Муборак шавад!

Бо фармони Президенти Ҷумҳурияти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 8-уми декабри соли 2018 “Дар бораи ба муносибати рӯзи кормандони хоҷагии қиш­лоқ мукофотонидани як гурӯҳи ҳамватанон, ки ба рушди соҳа ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намудаанд” ҳамдиёрони мо барои меҳнати бисёрсолаи фидокоронаашон, ҳиссаи муносибашон дар таҳкими минбаъдаи иқтидори иқтисодӣ ва неруи содиротии мамлакат, ба дараҷаи нав бардоштани рушди соҳаи кишоварзӣ, навсозии маҷмӯии он, ба соҳа васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, комёбиҳои замонавии илм, низоми кластерӣ, таъмин намудани бехатарии озуқаворӣ, ба даст овардани ҳосили фаровон аз тамоми намудҳои зироат, баланд бардоштани некӯҳолии халқ ва фаровонӣ дар оилаҳо, барои ҳиссаи бузургашон дар татбиқи муваффақиятнок бо унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳо мукофотонида шуданд. Дар байни онҳо аз вилоятамон инҳо ҳастанд:

«Ӯзбекистон Республикасида хизмат кӯрсатган ирригатор»

Хӯжаев Холбек Ризаевич – мошинис­ти экскаватори корхонаи давлатии унитарии «Нарпайдавсувмахсуспудрат».

Ордени «Меҳнат шуҳрати»

Усманов Актам Суванович – сардори шӯъбаи низоми обёрикунии «Мианкал Тос»-и раёсати ҳавзии низоми обёрикунии «Зарафшон».

Ордени «Дӯстлик»

Халимов Комилджон Рашидович – роҳбари хоҷагии фермерии «Оқ амур балиқлари»-и ноҳияи Самарқанд.

Медали «Шуҳрат»

Рузибоев Хамид Абдусамадович – роҳбари хоҷагии фермерии «Рузибоев Ҳомид»-и ноҳияи Ургут.
Ҳақбердиев Содиқ Сайфидинович – роҳбари хоҷагии фермерии «Пахтакор»-и ноҳияи Нарпай.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: