Фармоиши президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Фармоиши президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Дар бораи чорабиниҳо оид ба тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 27-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва рӯзи муҳофизони Ватан

Ислоҳоти ҷорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба таъмини ҳарчи бовариноки ҳимояи истиқлолият ва якпорчагӣ, рушди босуботи мамлакат ва ҳаёти осудаи халқамон мусоидат менамояд.
Дар марҳалаи имрӯза армияи миллӣ қисми ҷудонопазири ҷамъиятамон, институти пешбари тарбияи ватанпарварии насли наврас ва хизматчиёни ҳарбӣ, мустаҳкам намудани мавқеи фаъоли ҳаётии онҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ барои ояндаи мамлакат мегардад.
Имрӯз ҳимояи Ватан воқеан қарзи ифтихории ҳар як шаҳрванд новобаста аз синну сол, соҳаи фаъолият ва касб ба шумор меравад ва маҳз ба ин сабаб дар ҷумҳурӣ ба ҷашни Рӯзи муҳофизони Ватан эътибори алоҳида дода мешавад.
Бо мақсади муносиб пешвоз гирифтан ва ба таври умумихалқии васеъ ҷашн намудани 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан, дар аҳолӣ баланд бардоштани ҳисси ифтихор ва боварӣ ба армияи миллӣ, таъмини тарбияи ватанпарварии ҷавонон:

Барномаи чорабиниҳо доир ба тайёрӣ ва баргузор намудани моҳонаи ватанпарварӣ бахшида ба ҷашни 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан дар давраи аз 15-уми декабри соли 2018 то 15-уми январи соли 2019 (минбаъд – Барнома) бинобар замимаи №1 дастгирӣ карда шавад.
Таъмини васеъ ҷашн намудани Рӯзи муҳофизони Ватан яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин қарзи ифтихории ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон ҳисобида шавад.

Ҳайати Гурӯҳи корӣ доир ба ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан (минбаъд –Гурӯҳи корӣ) бинобар замимаи №2 тасдиқ карда шавад.

Гурӯҳи корӣ якҷоя бо секторҳои ҳарбиву маъмурӣ инҳоро таъмин намояд:
татбиқ ва дар дараҷаи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳоро зери шиори умумии «Ватан – муқаддас, ҳимояи он қарзи ифтихорӣ!», ки онро Барномаи чорабиниҳои идона муайян намудааст;
ҳамдастии зичи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, воҳидҳои хоҷагидорӣ ва муассисаҳои таълимиро бо қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳое, ки дар минтақаҳо ҷойгиранд, аз рӯйи масъ­алаҳои омодагии босамар ва сифатнок барпо намудани чорабиниҳои идона бо ҷалб намудани доираи васеи аҳолӣ, хусусан ҷавонон;
аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ барпо намудани дарсҳои мардонагӣ аз рӯйи мавзӯи «Мардонагӣ ва ҷасорат» дар муассисаҳои таълими олӣ, литсейҳои академӣ, коллеҷҳои касбу ҳунар ва мактабҳои таълими ҳамагоние, ки онҳо дар он ҷо таълим гирифтаанд;
то ба ҳар як сокини Ӯзбекистон ва ҳар як оила расондани нақш ва ҷойгоҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бобати тарбияи ватанпарварии ҷавонон, ташаккул ва рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ, шукуфоии Ватан ва ҳамчунин аҳамияти ҷашни Рӯзи муҳофизони Ватан барои ҳама шаҳрвандони мамлакатамон.

Ба роҳбарони секторҳои ҳарбиву маъмурӣ:
шахсан кумитаҳои ҳудудии ташкилиро доир ба омодагӣ ва баргузор намудани ҷашни Рӯзи муҳофизони Ватан ташкил ва шахсан онҳоро роҳбарӣ намоянд, баргузор намудани чорабиниҳо, бинобар Барнома пешбинигардида, дар маҳалҳо ба ӯҳдаи онҳо гузошта шавад;
ҷадвали баргузор намудани ҷамъомадҳои тантанавӣ, барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои ҷашниро бахшида ба 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан дар миқёси Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд таҳия намояд ва иштироки фаъолонаи тамоми қишри аҳолӣ, аз он ҷумла ҷавонон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро дар чорабиниҳои баргузоршаванда таъмин намояд;
чорабиниҳои тантанавии ҷашниро дар бобати тақдир намудани хизматчиёни ҳарбӣ, соҳибони мукофотҳои давлатӣ, ғолибони марҳилаи Ҷумҳурияти озмун барои унвони беҳтарин соҳиби касб ва онҳое, ки дар фаъолияти хизмативу ҷангӣ фаъол будаанд;
баргузор намудани озмунҳои ҳарбиву ватанпарварие, ки барои маҳаллаи беҳтарин, клуби «Ҷасорат», ташкилоти ибтидоии қисми ҳарбии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, беҳтарин муаллими тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва тақдир намудани ғолибонро таъмин намояд;
намуди идонаи кӯчаҳо, хиёбон ва ҷойҳои баргузор намудани чорабиниҳои тантанавиро бо плакат ва девораҳое, ки бахшида ба 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан бахшида шудаанд ва ҳамчунин омодагии намоишгоҳҳои махсус ва экспозитсияҳоро дар боғҳои маданият ва истироҳат ташкил намояд;
бо вазорат ва идораҳои дахлдор татбиқи чорабиниҳоеро, ки ба ҳимояи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо нигаронда шудааст, идома диҳад.

Вазорати маданият, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон, Академияи бадеии Ӯзбекистон, Агентии миллии «Ӯзбеккино» корро дар бобати омодагӣ ва намоиши шеър ва сурудҳои илҳомбахшанда, асарҳои кино ва театр, санъати тасвирӣ, ки молики мазмуни ватанпарварии баланд, садоқат ва шуҷоати гузаштагон ва лашкаркашҳои бузурги мо, мисли Амир Темур, Ҷалолиддин Мангубердӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва дигарон, образҳои хизматчиёни ҳарбии касбҳои гуногун ва ҳамчунин муосиронро, ки мардонагӣ нишон додаанд, тараннум менамоянд, фаъол намоянд.

Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон озмуни ҷумҳуриро барои унвони беҳтарини соҳиби касб дар номинатсияҳои: «Сержанти беҳтарин», «Беҳтарин командири гурӯҳ», «Беҳтарин командири взвод», «Беҳтарин командири баталон», «Беҳтарин командири бригада», «Иттиҳодияи беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ» ва «Беҳтарин идораи оид ба корҳои мудофиа» ҷамъбаст намоянд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон якҷоя бо Гвардияи миллии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тартиби ҷамъиятӣ ва бехатариро дар маҳалҳои баргузор намудани чорабиниҳои тантанавӣ таъмин намоянд.

Агентии матбуот ва иттилооти Ӯзбекис­тон якҷоя бо Ширкати миллии телерадиои Ӯзбекистон, Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон васеъ равшан намудани чорабиниҳоро дар воситаҳои ахбори оммавӣ, ташкили мақолаҳо, силсилаи барномаҳои телерадиоро дар бораи муваффақиятҳое, ки зимни ислоҳот ва инкишофи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва ҳамчунин дар масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва хонаводаҳои онҳо ноил гаштаанд, ки онҳо ба баланд бардоштани нуфузи хидмати ҳарбӣ нигаронда шудаанд, таъмин намоянд.

Вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ харҷе, ки дар иртибот бо татбиқи Барнома бармеоянд, аз ҳисоби маблағи буҷаи ҳамасола ҷудогарданда, манбаъҳои ғайрибуҷавӣ ва ғайраи таъминоти молиявӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон В. В. Маҳмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурияти
Ӯзбекистон                  Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри Тошканд, 13-уми декабри соли 2018.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: