Сохтори ҳифзи тандурустӣ такмил меёбад

Сохтори ҳифзи тандурустӣ такмил меёбад

Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи маҷмӯи чораву тадбирҳо доир ба куллан такмил додани сохтори ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон” қабул гардид.

Мувофиқи фармон, самтҳои зерин роҳҳои асоси ислоҳ намудани сохтори ҳифзи тандурустӣ таъин шуданд:

Такмил додани қонунмандии миллӣ дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ ва тавассути қабул намудани қонунҳо афзунсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳимоя намудани ҳуқуқҳои беморон, инчунин, пурзӯр намудани масъулият ва ҳимояи ходимони соҳаи тиб;

сохтори идоракунии замонавӣ ва такмил додани модели “кластер”-и ҳифзи тандурустӣ дар ҳудудҳо, аккредитатсия намудани муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтика, ҷорӣ намудани сохтори литсензиякунии фаолияти шифокорӣ ва фарматсевтикӣ барои таъмини менежмент ва дар амал татбиқ кардани амалиётҳои беҳтарини идора сифати хизматҳои тиббӣ дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ.

генетикаи тиббӣ ва дар асоси ривоҷ додани ёрии тиббии таъҷилӣ ва ихтисосонидашуда барои бонувон ва бачагон ҷорӣ намудани барномаҳои скрининги замонавӣ, такмилдиҳии сохтори маълумотҳо ва дар асоси маҷмӯаҳои тиббии бисёрсоҳаи ҳудудии муҳофизанамоии модарон ва кӯдакон;

ривоҷ додани сохтори ҳифзи тандурустии хусусӣ, шарикии давлатӣ-хусусӣ ва туризми тиббии, муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои ҷалб намудани инвеститсияҳои соҳаи ҳифзи тандурустӣ ва беҳтар намудани муҳити рақобат;

боз ҳам ривоҷ додани соҳаи фарматсевтика, такмил додани механизмҳои ташаккули нарх, воситаҳои доругӣ, васеъсозии истеҳсоли техника ва таҷҳизоти тиббӣ;

омодасозии кадрҳои тиббӣ, ташаккули сохтори босамари омодасозӣ ва такмили ихтисос, ривоҷ додани фанни тиббӣ, ҷорӣ намудани усул ва технологияҳои замонавӣ дар сохтор;

васеъ ҷорӣ намудани сохтори “ҳифзи тандурустии электронӣ”, дар асоси стандартҳои миллии ягона созмон додани сохтори ахбории интегратсионӣ ва базаи маълумотҳо;

Дар асоси фармон тасдиқ гардид:

консепсияи ривоҷдиҳии сохтори ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2025;

Барномаи чораву тадбирҳои амалӣ гардонидани консепсияи ривоҷдиҳии сохтори ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2021.

Мувофиқи фармон:

аз 1-уми апрели соли 2019 сохтори молиякунонӣ аз рӯйи гурӯҳҳо ва сарикасии хароҷоти клиникӣ, барои “ҳар як ҳолати табобат”-и муассисаҳои тиббӣ тартиби эксперимент ҷорӣ карда мешавад;

дар асоси таҳлили танқидӣ намудани натиҷаҳои таҷриба механизмҳои нави молиякунонӣ аз 1-уми апрели соли 2020 сар карда, дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ зина ба зина татбиқ мегарданд;

аз 1-уми июли соли 2019, дар муассисаҳои ҳифзи тандурустии статсионарии вилоят ва ноҳия (шаҳр)-ҳо сохтори молиякунонии омехта ҷорӣ мегардад;

аз 1-уми июли соли 2019 баъзе муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ дар асоси лоиҳаҳои инвеститсияи истеҳсолӣ бо тартиби муайян ба инвесторҳо барои корбарӣ дода мешавад;

аз 1-уми январи соли 2021 дар Ӯзбекистон суғуртамоии маҷбурии тиббӣ зина ба зина ҷорӣ мегардад;
Мувофиқи фармон, то 1-уми июли соли 2019 таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи суғуртакунии тиббии маҷбурӣ” дар назар дошта шудааст.
Инчунин, дар асоси фармон, Оҷонси хизматҳои тиббӣ-иҷтимоии назди Вазорати ҳифзи тандурустӣ ташкил мегардад.
Такмилдиҳӣ ва мувофиқгардонии ёрии тиббӣ, ки ба пиронсолон, ногироён ва ба тоифаи дигари аҳолие, ки ба ёрии иҷтимоӣ ниёз доранд, боз ҳам беҳтар намудани сифати хизмати тиббӣ, инчунин, таъмин намудани беморони камтаъмин бо воситаҳои техникии протез-ортопедӣ вазифаҳои асосии Оҷонс ба ҳисоб меравад.

Ҳ.СУЛАЙМОНӢ тайёр кард.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: