Ду корхонаи нав дар Ургут

Ду корхонаи нав дар Ургут

Ба қарибӣ дар ноҳияи Ургут Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Сам электро сервис”, ки ба истеҳсоли маҳсулоти техникаи маишии замонавӣ ихтисосонида шудааст, ба кор оғоз намуд.
Қимати лоиҳа 4,0 миллион доллари амрикоӣ буда, корхона дар як сол қувваи истеҳсоли 120 ҳазор дона воситаҳои техникии маиширо дорад. Дар корхона нахуст истеҳсоли плитаи газӣ ва печи микромавҷнок ба роҳ монда шуда, 60 ҷойи корӣ ташкил гардид.
Мувофиқи лоиҳа дар зинаи навбатӣ ҳамкорони туркиягии корхона 500 ҳазор доллари амрикоӣ инвеститсияи хориҷӣ ворид карда, зина ба зина истеҳсоли яхдон, кондитсионер, мошинаи ҷомашӯӣ ва чангкашакро ба роҳ мемонанд. Пас аз пурра ба кор оғоз намудани лоиҳа 120 нафар шаҳрванд бо кор таъмин мегарданд.


Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Ургут” корхонаи муштараки “Kamalak tekstil” зинаи аввали лоиҳаи “Истеҳсоли гилем ва маҳсулоти гилем, нахи синтетикӣ ва чим (майса)-и сунъӣ”-ро ба кор даровард.
Қимати умумии лоиҳа 32,7 миллион доллари амрикоӣ буда, корхона соле 6000 тонна нахи синтетикӣ, 1800000 м.кв. гилем, 2400000 м. кв. тафтинг ва чими сунъӣ истеҳсол мекунад.
Дар натиҷаи пурра амалӣ гардидани лоиҳа 220 нафар шаҳрванд бо кор таъмин мешаванд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: