Шамъи дили инсон
????????????????????????????????????

Шамъи дили инсон


Китоб хазинаи илму маърифат, панду ҳикмат ва ҳамнишину ҳамсӯҳбати инсон аст.
Шахсе, ки як умр ба мутолиаю омӯзиш кӯшиш мекунад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза ба инсонҳо фоидаовар мебошад.
Таърихи пайдоиши китоб бо забон ва хат алоқаи зич дорад. Нависандагони машҳур Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Юсуф Акобиров, Абдулло Қодирӣ, Ӯткир Ҳошимов, Саид Аҳмад, Тоҳир Малик ва дигарон барои мо мероси бебаҳо гузоштаанд.
Ба туфайли қарори Президенти мамлакатамон аз санаи 13-уми сентябри соли 2017 “Дар бораи барномаи маҷмӯи чораҳо доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштани маданияти мутолиа” дар ташкил намудани китобхонаҳо ва китобхонӣ як қатор ислоҳотҳо амалӣ мегарданд, ки онҳо шавқу завқи ҷавононро ба китобхонӣ зиёд намуда, маънавияту ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мекунад. Вале аз сабаби ривоҷу равнақ ёфтани технологияҳои нав баъзе ҷавонон вақти бебаҳои худ­ро дар назди телефону компутер гузаронда, аз мутолиаи китобу маҷаллаҳо дур шудаанд. Бояд ҷавонон аз ин имкониятҳои мусоид оқилона истифода бурда, ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул шаванд ва савияи дониши худ­ро васеъ карда, барои тараққиёти Ӯзбекистон ҳиссагузор бошанд.
Инак, баъзе фикру мулоҳизаҳои ҳамкурсонам:
Насиба Исматова: “Ман ҳар моҳ, ки стипендия мегирам, камаш як китоби бадеӣ харида, онро бо шавқу завқ мутолиа мекунам. Дар оянда ҳамаи китобҳоямро ҷамъ карда, дар хонаамон китобхонаи шахсии худро ташкил кардан мехоҳам. Аз он дигарон низ истифода бурда, вақти холии худро бесамар нагузаронанд.”
Шоҳин Наврӯзов: “Ман мехоҳам, ки дар дӯконҳо нархи китобҳо арзонтар шаванд ва мо бисёртар китобҳо харида хонем ва дониши худро мустаҳкам кунем.”
Парвиз Аҳмадҷонов: “Дар китобхонаҳо китобҳои шавқовар хеле зиёданд, аммо китобҳое, ки бо забони тоҷикӣ навишта шудаанд, кам аст. Ман мехоҳам, ки китобҳои машҳури Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва дигарон дар дӯконҳои китобҳо фурӯхта шаванд ва онҳоро мо харида, мутолиа намоем. Ман орзу мекунам, ки “Шоҳнома”-и Фирдавсиро пурра хонда бароям, лекин то ҳол ёфта наметавонам”.
Меҳрубон Бердимуродова: “Агар ҳар кас ба мутолиаи китоб машғул шавад, доираи фикркунии ӯ ҳамон қадар васеъ мешавад. Аз забони ӯ суханҳои ноҷӯя намебарояд ва бо фикру андеша сухан меронад. Вақт барои ҳар як инсон неъмати қиматтарин мебошад. Агар вақти холии ман бисёр мешуд, сарамро аз болои китоб намебардоштам”.

Дилдора РАҶАБОВА, 
донишҷӯи курси чоруми факултети педагогикаи ДДС. 

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: