Дигаргуниҳои сиёсати андоз

Дигаргуниҳои сиёсати андоз

муҳокима карда шуданд

Дар Садорати андози давлатии вилоят бахшида ба дигаргунӣ ва навгониҳои қонунмандии андоз дар соли 2019 семинари амалӣ баргузор гардид.
Дар тадбир, ки бо ҳамкории прокуратураи вилоят ташкил шуд, роҳбарони субъектҳои тадбиркорӣ ва корхонаҳои шаҳри Самарқанд иштирок карданд.
Ҷонишини прокурори вилоят У.Ҳамдамов, сарвари Садорати андози давлатии вилоят Ш.Аҳмадов дар бораи дигаргуниҳое, ки ба қонунмандии андоз дохил карда мешаванд, супоришҳои сарвари давлатамон дар видеоселекторе, ки рӯзи 20-уми декабри соли ҷорӣ доир ба масъалаҳои дар амал татбиқ намудани консепсияи сиёсати андоз баён кардаанд, имтиёзоти соҳаи андоз ҳарф заданд.
Сипас, мутахассисон ба саволҳои иштироккунандагон доир ба консепсияи андоз ҷавобҳои саҳеҳ доданд.
Хотирнишон мекунем, ки чунин семинарҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуданд.


Шӯъбаи ахбори ҳуқуқӣ ва робита бо ҷамоатчигии Садорати андози давлатии вилоят.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: