МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Мӯҳтарам сенаторон ва депутатҳо!
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони мӯҳтарам!
Иҷозат диҳед Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро дар бораи вазифаҳои муҳимтарину бартариноки рушди мамлакат дар соли 2019-ум пешниҳод кунам.
Алҳол мо дар замони зудтағйирёбанда зиндагӣ мекунем. Дар ҷаҳон муборизаи манфиатҳо ва рақобат пурзӯр мегардад, вазъияти байналхалқӣ тезутунд мешавад.
Ҳангоми коркарди дурнамои амалиёт барои соли оянда мо бояд бо назардошти вазъи мураккаб дар арсаи байналхалқӣ ҷиҳатҳои равшан ва мушаххаси пешрафти худро муайян кунем.
Дӯстони азиз!
Тавре ки маълум аст, мо ба ҳар кадом сол ном дода, вобаста бо он дар назди худ мақсадҳои азим мегузорем.
Дар асари «Ал-Ҷомеъ ас-Саҳиҳ», ки Имом Бухории бузург меоварад: «Тамоми корҳои нек, пеш аз ҳама, аз орзуву омоли инсон вобаста буда, ба ҳар кас он чиз насиб мегардад, ки барои он саъй кардааст», мазмуни амиқ нуҳуфтааст.
Мо соли 2018-умро «Соли дастгирии тадбиркории фаъол, ғоя ва технологияҳои инноватсионӣ» номида, дар доираи Барномаи дахлдори давлатӣ 76 ҳазор лоиҳаро ба маблағи 21 триллион сӯм ва 1 миллиард доллар татбиқ намудем, ки бозгӯйи миқёси корҳои мост, ки бо орзуҳои нек оғоз карда будем.
Мо дар саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмони умумӣ, рушди коммуникатсияҳои нақлиётӣ, соҳаҳои хидматрасонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Мехоҳам меҳнати фидокоронаи деҳқонону фермерони моро, ки лозим омад дар шароитҳои нисбат ба солҳои гузашта душвори обу ҳаво кор кунанд, махсус қайд намоям.
Ба мақсади боло бардоштани некӯҳолии аҳолӣ дар ин сол нисбати солҳои гузашта миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ хеле зиёд шуданд. Аз ҷумла, бори аввал дар 10 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаи маориф тақрибан 50 фоиз афзуд.
Ба шарофати қабул гардидани чорабиниҳо даромади воқеии аҳолӣ нисбат ба соли 2017-ум 12 фоиз зиёд гардид.
Барои татбиқ намудани барномаҳои «Ҳар кадом оила – тадбиркор» ва «Ҷавонон – ояндаи мо» қариб 2 триллион сӯм равона карда шуд, дар маҳалҳо 2600 лоиҳаҳои тиҷоратӣ татбиқ гардиданд.
Аз ибтидои соли равон як қисми даромадҳои андоз, ки аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда зиёд буд, дар ихтиёри буҷаҳои маҳаллӣ монд, ки ба шарофати он минтақаҳо барилова 5,5 триллион сӯм даромад гирифтанд. Ин нисбат ба соли гузашта 6 баробар бештар мебошад ва эътибор диҳед, нисбат ба соли 2016-ум 32 баробар зиёд аст.
Ҳамватанони мӯҳтарам!
Соли сипаришудаистода дар таърихи мо ба сифати соле, ки дар он бобати ободонии деҳот ва маҳаллаҳо корҳои бузург оғоз гардиданд, боқӣ мемонад.
Аз ҷумла, барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла», ки соли равон қабул шуданд, аз ҷониби халқи мо бо рӯҳбаландӣ истиқбол гардиданд. Дар доираи татбиқ намудани онҳо барои сохтмон ва ободонӣ дар соли равон 3 триллион сӯм сафарбар гардид. Дар натиҷа 416 деҳа симои нав пайдо карданд.
Дар соли сипаришудаистода дар ҷабҳаҳои дигари ҳаёти мо, аз ҷумла, барои рушди илм, таълим ва тарбия, маданият ва санъат, варзиш қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Ҳамаи моро комёбиҳои варзишгаронамон дар Бозиҳои осиёӣ ва Бозиҳои параосиёӣ, ки дар Индонезия гузаштанд, ҳамчунин Олимпиадаи наврасон дар Буэнос-Айрес, ки онҳо ҷойҳои баландро ишғол карданд, хурсанд мекунанд.
Мӯҳтарам аъзои парлумон!
Ба шарофати сиёсати фаъоли хориҷӣ дар рӯҳи рӯшод ва ошкоро, ки мо татбиқ менамоем, нуфузи кишварамон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун шарики мӯътамад меафзояд.
Таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мӯътамади тарафайни дӯстӣ бо тамоми ҳамсояҳоямон барои мо аз вазифаҳои асосӣ гардид.
Дар соли 2018-ум 18 сафари байнидавлатӣ содир шуд ва бинобар 1080 лоиҳаи арзиши умумиаш 52 миллиард доллар муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Ҳаҷми маҷмӯи сармоявӣ дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ, бонкҳои рушди Осиёӣ ва Исломӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, идораҳои дигари молиявии байналхалқӣ ба 8,5 миллиард доллар расид.
Ҳоли ҳозир аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ дар мамлакати мо 456 лоиҳа ба маблағи 23 миллард доллар татбиқ мегарданд.
Бо назардошти авҷ гирифтани таҳдидҳои байналхалқӣ ва тезутунд шудани амнияти минтақавӣ мо Доктринаи нави мудофиаро қабул намудем.
Сохтор ва кори тамоми хелҳои қӯшун дар таркиби Қувваҳои Мусаллаҳ таҷдиди назар шуданд.
Барои таъмин кардани ягонагии артиш ва халқ дар тамоми минтақаҳо секторҳои ҳарбиву маъмурӣ таъсис ёфтанд.
Бешубҳа, дар бораи корҳое, ки тӯли як сол иҷро шудаанд, метавон бисёр сухан гуфт. Вале мо бо овардани ин мисолҳо мақсади таърифу тавсифи худро надорем. Мо аз ин мутлақо дурем. Мақсади мо ба роҳи рушди яксолаи худ бо назари танқидӣ ва воқеӣ нигоҳ кардан мебошад.
Аз имконият истифода бурда, мехоҳам ба халқи саховатманди мо, ки тамоми душворӣ ва санҷишҳоро паси сар намуда, бо меҳнати фидокоронаи худ дар татбиқ сохтани ислоҳот фаъолона иштирок карда, барои шукуфоии Ватан саҳми бузург мегузорад, аз таҳти дил миннатдорӣ изҳор намоям.
Мӯҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Баъд аз рӯзҳои башумор кишварамон ба Соли нави 2019 ворид мегардад. Мувофиқи анъанаи бамиёномада дар арафаи Соли нав, фикр мекунам, бо шумо маслиҳат кардан ва ба соли 2019-ум чӣ ном гузоштан мувофиқи мақсад аст.
Бешубҳа, мо аз ин хусус бисёр фикр кардем. Таклиф ва фик­ру ақидаҳоеро, ки дар муроҷиатҳои шаҳрвандон зикр шуданд ва ҳангоми мулоқот бо халқ дар ҷойҳо иброз гардиданд, ҳамаҷониба омӯхтем.
Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, эътидол ва рақобатбардории иқтисодиёти миллӣ танҳо ба кишваре даст медиҳад, ки сиёсати фаъоли сармоявиро ҷорӣ менамояд.
Бинобар ҳамин ҳам, метавон тасбит намуд, ки сармоя ин драйвери иқтисодиёт, ба тарзи дигар гӯем, қалби он аст. Дар ин шубҳае нест.
Дар тамоми соҳа ва ҷанбаҳо, ба тамоми минтақаҳо якҷо бо сармояҳо технологияҳои нав, таҷрибаи пешқадам, мутахассисони баландихтисос ворид мешаванд, соҳибкорӣ бо суръат инкишоф меёбад.
Мо дар бораи ҷалби сармояҳо, татбиқ кардани ислоҳот, боз­созии мамлакат бисёр ҳарф мезанем, вале аз тамоми ин саъю ҳаракатҳо мақсади асосӣ чист?
Мақсади олии мо он аст, ки ҳар як инсон дар Ӯзбекистон, новобаста аз миллат, забон ва динаш озод, орому осуда ва фаровон зисту зиндагӣ кунад, аз ҳаёти худ розӣ бошад.
Аз ин нуқтаи назар моро лозим аст, ки бисёр вазифаҳои муҳимро ҳаллу фасл намоем. Пешрафти мамлакат ва беҳбуди халқ бевосита аз самаранокии ислоҳоти мо дар соҳаҳои иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Мо бояд ба насли наврас таълими сазовор диҳем, саъю кӯшиши ӯро ба илм ва дониш рағбатнок намоем. Бояд низоми таълими томактабӣ инкишоф дода шавад, пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таълими миёна ва олӣ мустаҳкам карда, сифати ҷараёнҳои илмиву таълимӣ куллан баланд бардош­та шаванд.
Барои мо мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ, барқарор намудани тарзи ҳаёти солим масъалаҳои ҳаётан муҳим ба шумор мераванд. Такрор мекунам, таъмин сохтани оромиву осудагӣ дар ҷамъият ва саломатии одамон муҳим аст, тамоми мушкилоти боқимонда ҳаллу фаслшавандаанд.
Бешубҳа, дастгирӣ кардани табақаҳои ночори аҳолӣ – ногироҳо, шахсони саробони худро гум карда, пирони танҳо, ҳамаи онҳое, ки ба кӯмак ниёз доранд, вазифаи аввалиндараҷаи мо боқӣ мемонад.
Дар соли оянда моро лозим аст, ки бобати ташаккул додани муҳити беш аз пеш мусоид барои соҳибкорӣ ва тиҷорат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ, зиёд намудани даромади аҳолӣ ба беҳтар кардани таъминоти нафақа корҳои бузургу мунтазамро иҷро кунем.
Бо назардошти ҳамаи ин ва чун идомаи мантиқии корҳои дар соли 2018-ум оғозгардида, барои ба дараҷаи беш аз пеш баланд бардоштани он пешниҳод мекунам соли 2019-умро – Соли 2019 – «Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ» номгузорӣ кунем.
Дӯстони азиз!
Мо бо шумо номи соли 2019-ро муайян кардем. Ин дар наз­ди мо вазифаҳои беш аз пеш муҳим ва ба зиммаамон барои ҷалби сармояҳои наву ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ масъ­улияти зиёд мегузорад.
Шаҳрвандони мо, ки ҷамъомади имрӯзаро аз тариқи телевизион тамошо мекунанд, аз мо дар самтҳои мазкур саъю ҳаракатҳои воқеиро интизоранд.
Агар мо аллакай имрӯз барои ҳаллу фасли вазифаҳои мазкур напардозем, барои ин тамоми нирӯ ва имкониятҳоямонро сафарбар нанамоем, муваффақ шудан ба ҳадафҳои пешгузошташуда душвор хоҳад гардид.
Ҳар як роҳбар – вазир ё худ роҳбари идораи марказӣ, депутат ё худ сенатор, раиси раёсати ширкат ё худ раиси иттиҳодияи хоҷагӣ, ҳокими вилоят ё ноҳия, ҳамаи мо ин корро бояд ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи худ баррасӣ кунем.
Танҳо бо ҷалби фаъоли сармояҳо, ба роҳ мондани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мо метавонем ба рушди ҳарчи зудтари иқтисодиётамон муваффақ гардем.
Натиҷаҳои мусбат дар иқтисодиёт бошанд, имкон медиҳанд мушкилоти дар соҳаҳои иҷтимоӣ ғуншуда мустақимона ҳаллу фасл шаванд.
Ҳамаи мо вазифадорем инро амиқ дарк намоем ва кори худро маҳз дар ин асос ба роҳ монем.
Ҳамватанони азиз!
Дар бораи вазифаҳои доир ба иқтисодиёт дар пеши мо гузошташуда сухан ронда, пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки моҳияти ислоҳоти васеъмиқёси иқтисодӣ аз инҳо иборатанд:
– фароҳам овардани шароити зарурӣ барои иқтисодиёти кушод, рақобати солим, куллан беҳтар намудани муҳити корӣ ва иқлими сармоявӣ;
– кам кардани дахолати давлат ба иқтисодиёт, афзудани миқдори ҷойҳои корӣ аз тариқи рушди бештари сектори хусусӣ;
– муваффақ шудан ба суръати баланди афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби диверсификатсияи иқтисодиёт ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат;
– аксуламал ба «сектори пӯшида»-и иқтисодиёт ва куллан кам кардани саҳми он;
– мунтазам давом додани озодкунии сиёсати асъор, татбиқ намудани сиёсати муътадили монетарӣ;
– тайёр кардани кадрҳои баландмалака, ки қодиранд дар дастоварди ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёт фаъолона иштирок кунанд.
Барои ба дараҷаи нав, беш аз пеш баланд бардоштани ислоҳоти иқтисодӣ моро лозим аст як қатор вазифаҳои аввалиндараҷаро ҳаллу фасл намоем.
Якум, мо вазифадорем эътидоли макроиқтисодӣ ва суръати баланди афзоиши иқтисодиро нигоҳ дорем.
Бидуни пешгирии муфлисӣ ба ин наметавон муваффақ шуд.
Моро зарур аст, ки таҷрибаи ҷаҳониро ҷиддан омӯхта, бо ҷалби коршиносони байналхалқӣ консепсияи такмил додани сиёсати монетарӣ ва таъмин намудани эътидоли нархро кор карда бароем.
Ба роҳ мондани омори дуруст бинобар иқтисодиёт ва баҳои дақиқ додан ба имконияти иқтисодии мамлакат фавқулодда муҳим мебошад. Ҳамин тариқ метавон аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ маълумоти воқеӣ ба даст овард.
Бо ин мақсад бояд аз 1 январи соли 2020-ум дар ҷумҳурӣ куллан Низоми ҳисобу китоби миллӣ бинобар методологияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Бунёди байналхалқии асъор ҷорӣ карда шавад.
Афзоиши муътадили иқтисодиёти мо, пеш аз ҳама, бевосита ба рушди соҳаҳои бузург вобаста мебошад.
Мо соҳаҳоеро дастгирӣ хоҳем кард, ки бо арзиши баланди иловагӣ маҳсулот мебароранд.
Бинобар ҳамин ҳам моро зарур аст стратегияи рушди соҳаҳоеро, ки ба пешрафи иқтисодиёт такони пурқувват мебахшанд, кор карда бароем ва татбиқ кунем.
Девони Вазиронро зарур аст консепсияи рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии мамлакатро то соли 2030-юм кор карда барояд ва то 1 апрели соли 2019-ум муҳокимаи онро бо иштироки коршиносони байналхалқӣ анҷом диҳад.
Бояд такмил додани низоми истифодаи самараноки маблағҳои буҷавӣ идома ёбад.
Ҳама гуна барнома ё худ лоиҳае, ки аз буҷа бо маблағ таъмин карда мешавад, бояд индикаторе дошта бошад, ки нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии онро инъикос мекунанд.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар мӯҳлати ду моҳ бинобар татбиқ сохтани вазифаҳои мазкур таклиф пешниҳод намояд.
Пешбинӣ мегардад, ки дефитсити Буҷаи давлатии соли 2019-ум тақрибан 4,5 триллион сӯмро ташкил медиҳад ва дар сатҳи 1,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ба Девони Вазирон ва Палатаи ҳисоб супурда мешавад, ки аллакай аз имрӯз барои он ки аз тариқи зиёд кардани қисми даромади буҷа аз ҳисоби дарёфти имкониятҳои иловагӣ ва манбаъҳо кам кардани дефитсити пешбинишудаи он коҳиш ёбанд, таъҷилан чораҳои мушаххас андешанд.
Баробари ин зарур аст, ки дар мӯҳлати як моҳ «харитаи амалиёт»-ро бобати кам кардани таъсири манфӣ ба тағйироти иқтисодиёти миллӣ, ки дар бозори хориҷӣ ба вуқӯъ меоянд, кор карда бароянд.
Ҳамчунин моро зарур аст, ки Консепсияи миллии иқтисодиёти рақамиро, ки навсозии тамоми соҳаҳои иқтисодиётро дар пойгоҳи технологияҳои рақамӣ пешбинӣ менамояд, кор карда бароем ва дар асоси он барномаи «Ӯзбекистони рақамӣ – 2030»-ро ҷорӣ кунем.
Иқтисодиёти рақамӣ имкон медиҳад афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳадди ақал 30 фоиз таъмин гардад ва тамаъкорӣ қатъиян коҳиш ёбад. Инро тадқиқоти таҳлилии созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ низ собит менамоянд.
Вобаста ба ин ба ҳукумат супурда мешавад, ки дар зарфи ду моҳ «харитаи амалиёт»-и гузаштан ба иқтисодиёти рақамиро кор карда барояд. Дар ин маврид ба таъмин сохтани амнияти иттилоотӣ эътибори махсус бояд дод.
Дуввум, мо сиёсати фаъоли сармоявиро, ки шарти муҳими рушди иқтисодиётамон ба шумор меравад, мустақимона идома медиҳем.
Дар соли 2019 аз тамоми манбаъҳо аз худ кардани тақрибан 138 триллион сӯм сармояҳо пешбинӣ мегардад, ки нисбат ба соли 218-ум 16 фоиз зиёд мебошад.
Дар муқоиса бо соли равон ҳаҷми сармояҳои бевоситаи хориҷӣ қариб 1,5 баробар зиёд гардида, ба 4,2 миллиард доллар мерасад. Аз ин ҳисоб 142 корхонаи замонавӣ сохта мешавад.
Бояд махсус таъкид кард, ислоҳоте, ки алҳол дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд ва натиҷаҳои он аз ҷониби оҷонсиҳои машҳури байналхалқии рейтингӣ эътироф мегарданд.
Чунончи, оҷонсиҳои бонуфузи рейтингии «Fitch Ratings» ва «Standard & Poor’s» бори аввал ба кишвари мо унвони рейтинги байналхалқии воми мустақилро доданд.
Ин баҳои рейтингӣ маънои «Муътадил»-ро медиҳад, ки эҳтимоли ками коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳо дар 12-18 моҳи наздиктарин аст.
Бояд қайд намуд, ки рейтинги муваффақшудаи Ӯзбекистон нисбат ба рейтинги бисёр кишварҳои инкишофёфтаистода баланд мебошад.
Оҷонсии мазкур ҳангоми муайян кардани рейтинг ба он эътибори махсус дод, ки дар Ӯзбекистон озодкунии асъор, сиёсати савдо ва нарх амалӣ гардид, дар раёсати давлатӣ тағйироти идоравӣ татбиқ шуданд, захираҳои зарурии асъори тилло ва буҷавӣ, дараҷаи ками қарзи давлатӣ мавҷуданд.
Дар семоҳаи аввали соли оянда мо бори аввал ба бозори байналхалқии молиявӣ заёмҳои озоди давлатии Ӯзбекистонро ворид менамоем.
Мо дар ин самт бо чунин бонкҳои пешқадами сармоявии ҷаҳон, аз ҷумла «J.P.Morgan», «Citibank», «Deutsche Bank» ҳамкорӣ мекунем.
Барои ҷалби васеи сармояҳои хориҷӣ моро лозим аст бобати васеъ намоиш додани имкониятҳои сармоявии кишварамон чораҳо андешем.
Барои дар ин масъала ба натиҷаҳои мусбат муваффақ шудан ташаккул додани лоиҳаҳои пешакии сармоявӣ бинобар минтақаҳо ва соҳаҳо барои сармоягузороне, ки хоҳиши ба иқтисодиёти мо сармоягузорӣ доранд, аҳамияти муҳим дорад.
Дар ин соҳа бояд масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҷойгузинии иштирокдорони минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатӣ, ба онҳо пешниҳод кардани имтиёз ва сабукиҳо ҳаллу фасл шаванд.
Чунин имкониятҳо бояд пеш аз ҳама ба соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷие, ки маҳсулоти содиротӣ истеҳсол мекунанд, фаъолияти истеҳсолоти инноватсионӣ ва баландтехнологиро ба роҳ мондаанд, пешниҳод карда шаванд.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар зарфи як моҳ чораҳои мушаххаси маҷмӯӣ, аз ҷумла ба мақсади ба Рейтинги рақобатбардории ҷаҳонӣ дохил кардани кишвари моро кор карда барояд.
Сеюм, бояд ислоҳот дар низоми бонку молия бо суръатҳои баланд давом ёбанд, дар соҳа механизмҳои замонавии бозаргонӣ васеъ ҷорӣ карда шаванд.
Алҳол дар низоми бонкӣ мушкилоти асосӣ он аст, ки 83 фоизи сармояи оинномавии бонкҳо ба давлат дахл доранд. Ин ба рақобати солим дар сектори бонкӣ монеа мегардад ва ба сифати хидмат­расонӣ таъсири нохуб мерасонад.
Ҳукумат ва Бонки марказиро лозим аст, ки ҳангоми кӯмакрасонӣ ба идораҳои байналхалқии молиявӣ бинобар рушди низоми бонкиву молиявӣ ст­ратегияи дарозмӯҳлатро кор карда бароянд.
Мо саҳми бонкҳои давлатиро аз ҳисоби ба низоми бонкӣ ворид шудани сармояҳои хусусӣ ва хориҷӣ давра ба давра коҳиш медиҳем. Ин, дар навбати худ ба беҳтар шудани муҳити рақобат дар соҳа, фаъолияти бонкҳо, сифат ва маданияти вомгузорӣ мусоидат мекунад.
Рушди бозорҳои молиявӣ, аз ҷумла бозори бунёдӣ, бояд яке аз мақсадҳои асосии мо дар шароити нави иқтисодӣ гардад.
Бояд минбаъд низ аз ҳисоби ҷорӣ намудани воситаҳои нави молиявӣ ва баровардани заёмҳо, ҳамчунин рушди соҳа дар пояи технологияҳои пешқадами иттилоотӣ спектри хидматҳои замонавии бонкӣ вусъат дода шавад.
Ба мақсади фароҳам овардани муҳити беш аз пеш мусоид барои сармоягузорон озодкунии минбаъдаи бозори асъор тақозо мегардад.
Чаҳорум, муҳим аст, ки шаҳрвандони мо аз пардохти саривақтии андозҳо бар хилофи гурез аз андозпардозӣ манфиатдор бошанд.
Ғояи асосии консепсияи нави андоз, ки аз соли 2019-ум ҷорӣ мегардад, коҳиш додани бори андоз, ҷорӣ намудани низоми соддаву боэътидол ва аз ин тариқ баланд бардоштани рақобатбардории иқтисодиёти мо, фароҳам овардани шароити куллан мусоид барои соҳибкорон ва сармоягузорон ба шумор меравад.
Мутаассифона, саҳми зиёди иқтисодиёти «пӯшида» дар маҷмӯаи маҳсулоти дохилӣ ва пешрафти мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.
Маҳз коҳиш додани бори андоз, фароҳам овардани шароити беш аз пеш мусоид барои тиҷорат роҳи ягонаи коҳиш додани «сектори пӯшида» ба шумор меравад. Вобаста ба ин мо бояд барномаи махсусро кор карда бароем, ки чораҳои муассирро дар самти мазкур пешбинӣ менамояд.
Ғайр аз ин тезонидани кори нишонгузории маҳсулоти баланди ватанӣ ва содиротӣ тақозо карда мешавад.
Кодекси андоз дар таҳрири нав бояд андозпардозони бовиҷдонро, ки такягоҳи рушди мамлакат ба шумор мераванд, рағбатнок кунад ва ба онҳое, ки фаъолияти «пӯшида» доранд, ҷазои қатъӣ диҳад.
Тавре ки маълум аст, коҳиш додани миқдори андоз ё худ бекор кардани баъзе андозҳо ба кам шудани даромади буҷа сабаб мегардад.
Инро метавон аз ҳисоби маъмурияти самарабахши андоз, ҳамчунин таъмин кардани устувории буҷа, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо ба шумор меравад, пешгирӣ намуд.
Бояд чунин маъмурияти андоз ташкил карда шавад, ки дар мавриди он ҳатто васеъ ҷорӣ намудани андоз барои арзиши иловагӣ набояд ба афзоиши нарх барои молҳои истеъмолӣ сабаб гардад.
Ба зиммаи вазири молия ва раиси Кумитаи давлатии андоз барои самаранокии маъмурияти андоз, таъмин шудани буҷаи устувор, ҳамчунин нарх барои молҳои истеъмолӣ ҷавобгарии шахсӣ гузошта мешавад.
Аз ҳисоби коҳиш додани бори андоз бояд режими одили андози барои ҳама ягона ҷорӣ гардад, имтиёзҳои андоз давра ба давра бекор карда шаванд.
Худи соҳибкорон қайд менамоянд, ки пешниҳоди андозҳо ба рақобат таъсири нохуб мерасонанд.
Ба Девони Вазирон супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлати ду моҳ «харитаи амалиёт»-ро бинобар масъалаи мазкур кор карда барояд.
Панҷум, кор бинобар дастгирии соҳибкорӣ минбаъд низ фаъолона давом дода хоҳад шуд.
Тавре ки мутафаккири бузурги мо Наҷмиддин Кубро мегӯяд: «Ман эътимод пайдо кардам, ки омад ва муваффақият аз кор кардан, ноомад бошад, аз танбаливу бекорӣ сар мезанад».
Дарҳақиқат мо метавонем танҳо ба шарофати соҳибкории фаъол, меҳнати хастанопазир ва мувофиқи мақсад ба пешрафт ва шукуфоӣ муваффақ гардем.
Дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ, ки ба ҷорӣ кардани тиҷорат бахшида шудааст, кишвари мо бинобар сохтмон танҳо ҷойи 134-умро ишғол менамояд, ки шаҳодати дар мамлакати мо мавҷуд будани мушкилоти бисёр дар соҳаи мазкур мебошад.
Чунончи, дар соҳаи сохтмон 17 тартиботи рухсатномадиҳӣ мавҷуданд, ки барои аз онҳо гузаш­тан 246 рӯз тақозо мегардад. Магар ин қобили қабул аст?
Мо дар назди Девони Вазирон вазифа мегузорем, ки бобати такмил додани меъёр ва дастурҳои дахлдор чораҳои таъхирнопазир қабул кунад.
Шашум, бояд дахолати давлат ба идораи иқтисодиёт қатъиян кам карда шавад.
Ҳоли ҳозир дар мамлакати мо 603 ҷомеаҳои саҳҳомӣ амал мекунанд, ки дар 486 адади онҳо саҳми давлат 52 триллион сӯмро ташкил медиҳад.
Дараҷаи баланди дахолати давлат ба соҳаҳои гармиву энергетикӣ, нафту газ, кимиё, нақлиёт, бонк, сохтмон барои пешрафти онҳо дар асоси механизмҳои бозаргонӣ, ҷалби сармояҳо монеаи ҷиддӣ ба шумор меравад.
Бояд ошкоро эътироф кард: он чиз, ки баъзе вазоратҳо муассисони корхонаҳои дар соҳаи онҳо назораткунанда ба шумор мераванд, ба рақобати озод ва солим монеа мегардад. Агар мо ин таҷрибаро тағйир надиҳем, дар секторҳои мазкур ва умуман дар иқтисодиёт пешрафти муттасил имконнопазир мешавад.
Идораи парешони маблағҳои давлатӣ низ ба маҳсулнокӣ таъсири манфӣ мерасонад. Чунончи, ҳоли ҳозир танҳо 21 фоизи маблағҳои 972 корхонаи давлатӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии рақобат, 79 фоизи боқимонда аз ҷониби мақомоти вазоратҳо ва мақомоти давлатӣ, ҳамчунин иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ идора мешаванд.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки корхонаҳои давлатӣ тӯли 27 соли охир бинобар чунин муносибат ба кадом ҳолат расиданд. Як қатор соҳаҳо, аз ҷумла саноати авиатсионӣ аз байн рафт.
Барои он ки дар ин низом тартиб ҷорӣ карда шавад, бояд фаъолияти Марказ оид ба идораи маб­лағҳои давлатӣ такмил дода шавад ва он ба оҷонсии мустақил табдил ёбад.
Ин оҷонсӣ бевосита ба ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ, солимгардонии аҳволи молиявии онҳо аз тариқи баровардани саҳмия ва заёмҳо, ҳамчунин ҷараёнҳои хусусигардонӣ машғул хоҳад шуд.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар зарфи як моҳ таклифи мазкурро татбиқ намояд.
Ҳафтум, агар мо воқеан ҷорӣ намудани раванди иқтисодиёти озоди бозаргониро ба роҳ монданӣ бошем, бояд муҳити рақобати солимро аз ҳисоби ислоҳот ва рушди соҳаҳои асосӣ фароҳам оварем.
Дар самти мазкур ба сифати иқдоми аввалин мо қарор додем «Ӯзбекэнерго» ва «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари»-ро куллан ислоҳ созем.
Ширкати миллии авиатсионии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» бозсозӣ шуд, вазифаҳои оид ба тат­биқ намудани парвозҳо, идораи аэропортҳо ва хидматрасонии аэронавигатсионӣ тақсим карда шуданд.
Дар соли оянда мо ислоҳсозии давра ба давраи соҳаҳои дигари стратегӣ, аз ҷумла, ширкатҳои «Ӯзбекнефтегаз», «Ӯзкимёсаноат», Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоиро идома медиҳем.
Фурсати он расид, ки таҷрибаи аз ҷониби давлат муқарраршудаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва нарх барои онҳо бо назардошти равандҳои бозаргонӣ куллан таҷдиди назар гардад.
Ба Девони Вазирон супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлати ду моҳ барномаи дахлдори ҳукуматӣ ва «харитаи амалиёт» кор карда барояд.
Ҳаштум, пурзӯр кардани қаробати иқтисодиёти миллӣ ба муносибатҳои ҷаҳонии хоҷагидорӣ ва дастгирӣ кардани содирот вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор мераванд.
Мо мақсад гузоштем, ки дар соли оянда ҳаҷми содиротро 30 фоиз зиёд кунем ва онро то ба 18 миллиард доллар расонем.
Барои ин мо бояд ба иқтисодиёти содиротӣ гузарем ва дар бозори дохилӣ муҳити рақобатро ташаккул диҳем.
Ғайр аз ин такмил додани низоми нақлиёту логистика аз ҷумлаи масъалаҳои рӯзмарра ба шумор меравад, зеро аз сабаби маҳдудияти имконияти баромадан ба баҳр дар мо мушкилоти зиёди вобаста ба содироти маҳсулот ба миён меоянд. Бинобар ҳамин ҳам ширкатҳои «Ӯзбекистон Эйрвейс» ва «Ӯзбекистон темир йӯллари»-ро лозим аст, ки барои содирот самтҳои замонавии логистикиро ташаккул диҳанд.
Девони Вазиронро зарур аст, ки барои бо нархҳои имтиёзнок гузаронидани борҳои содиротии мо, ки аз тариқи нақлиёти роҳи оҳан аз ҳудуди кишварҳои ҳамсоя мегузаранд, гуфтушунидҳоро ба роҳ монад. Ҳамчунин бобати беҳтар кардани мавқеи мо дар Индекси самаранокии логистикии Бонки умумиҷаҳонӣ чораҳо андешад.
Дар соли оянда моро зарур аст, ки тартиботи гумрукиро куллан содда кунем, кори нуқтаҳои назорати гумрукӣ ва ситодҳои расмикунонии борҳоро қатъиян ислоҳ созем.
Дар тамоми минтақаҳои мамлакат бояд маҷмӯъҳои гумрукӣ ташкил карда шаванд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, бинобар раванди «равзанаи ягона» амал мекунанд.
Ба зиммаи Девони Вазирон дар зарфи як моҳ кор карда баромадани «харитаи амалиёт» бинобар масъалаҳои зикршуда гузошта мешавад.
Нӯҳум, бояд мунтазам татбиқ намудани чораҳои рушди маҷмӯии минтақаҳо давом дода шавад.
Дар натиҷаи тағйироти мунтазам дар соҳаи иқтисодиёт соли равон дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиши саҳми саноат аз 35 то 37 фоиз пешбинӣ мегардад. Вале дар баъзе ноҳияву шаҳрҳо ба рушди саноат эътибори зарурӣ дода намешавад.
Дар натиҷаи ин дар 27 ноҳия саҳми он аз нишондиҳандаи вилоят ба 1 фоиз ҳам намерасад. Бинобар ҳамин ҳам бояд барномаҳои миёнамӯҳлату дарозмӯҳлат бобати рушди саноат дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳр кор карда баромада шавад. Ин масъ­аларо бояд пеш аз ҳама роҳбарони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва вилоятҳо таҳти назорати махсус қарор диҳанд.
Дар соли нав барои татбиқ намудани барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» ҷудо кардани зиёда аз 4 триллион сӯм пешбинӣ шудааст.
Ҳоли ҳозир сатҳи шаҳрсозӣ дар мамлакат 35,5 фоизро ташкил медиҳад ва агар имрӯз чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, эҳтимоли коҳиш ёфтани нишондиҳандаи мазкур боқӣ мемонад.
Ба зиммаи Сарвазир А.Арипов коркарди Барномаи давлатӣ барои дар мамлакат дар соли 2030-юм то ба 60 фоиз бардоштани шаҳрсозӣ масъулияти шахсӣ гузошта мешавад.
Дар ин маврид бояд ба рушди маҷмӯии нафақат пойтахт ва маркази вилоятҳо, балки ба пешрафти шаҳру деҳоти минтақа низ эътибор дода шавад.
Бояд давра ба давра аз барномаи сохтмони хонаҳои намунавӣ дар деҳот ба сохтмони хонаҳои бисёрошёна дар шаҳру деҳкадаҳо гузарем. Бояд инфрасохтори муҳандисиву коммуналӣ якҷо бо сохтмони манзил инкишоф ёбад. Вазорати иқтисодиёт бояд ба ин кор роҳбарӣ кунад.
Баробари ин барои иҷрои вазифаҳои мазкур бунёди махсус таъсис дода мешавад. Дар он маб­лағҳое, ки аз хусусигардонии қитъаҳои замин, ки дар онҳо бино ва иншоот ҷойгир шудаанд, мерасанд, ҷамъоварӣ шаванд. Ба шарофати ин низоми нав мо метавонем минтақаҳоро беш аз пеш обод кунем ва некӯҳолии аҳолиро беҳтар намоем.
Даҳум, ислоҳсозии низоми идораи соҳаи хоҷагии қишлоқ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои замин ва об дар пояи технологияҳои пешқадам, таъмин кардани амнияти хӯрокворӣ дар соли пешистода вазифаҳои асосии мо ба шумор мераванд.
Ба мақсади дар соли оянда ҳадди ақал то ба 52 фоиз расондани нишондиҳандаҳои парвариши пахта бо усули кластерӣ мо дар бораи созмон додани 48 адад кластерҳои пахтаву бофандагӣ қарор қабул кардем.
Ҳамзамон дар соли оянда моро лозим аст, ки кластерҳои ғаллапарварӣ ва сабзавоту мевапарвариро ҳамаҷониба инкишоф диҳем. Бо назардошти он санад, ки кластерҳо барои мо таҷрибаи нисбатан нав маҳсуб меёбанд, зарур аст, ки тартиботи дастгирии давлатии онҳо, аз ҷумла тартиби субсидияи хароҷот, ҷудо кардани заминро таҷдиди назар кунем, ҳамчунин низоми вомгузориро соддатар намоем.
Ҷоннок кардани корҳои таҷрибавиву тухмипарварӣ бобати кашфи навъҳои баландсифати тухмӣ тақозо мегардад. Вобаста ба он вазифаҳои беҳтар намудани пойгоҳи моддиву техникии пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ, дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ташкил намудани кластерҳои тухмипарварӣ гузошта мешаванд.
Бояд дар деҳқонӣ ва чорводорӣ соҳаҳои нав инкишоф ёбанд.
Алҳол танҳо 35 фоизи талаботи солонаи хоҷагиҳои фермерӣ ба озуқа аз ҳисоби манбаъҳои маҳаллӣ қонеъ карда мешавад. Бояд пойгоҳи озуқаи чорвопарварӣ аз тариқи вусъат додани майдонҳои кишт мустаҳкам карда шавад, ҳаҷми тайёр кардани маҳсулоти моҳипарварӣ, паррандапарварӣ қатъиян зиёд гардад.
Боз як вазифаи муҳим ин дар хоҷагии қиш­лоқ васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об мебошад.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар мӯҳлати ду моҳ «харитаи амалиёт»-ро бинобар масъалаи мазкур кор карда барояд.
Бояд низоми ҷудо кардани киштзор ба мақсади кишоварзӣ куллан таҷдиди назар гардад. Ба хоҷагиҳои бисёрсоҳаи фермерӣ, ки аз заминҳои худ самарабахш истифода мебаранд ва ҳосили фаровон мерӯёнанд, бояд майдонҳои иловагӣ ҷудо карда шаванд, то ки онҳо фаъолияти худро вусъат диҳанд.
Мушкилоти аз ҳама бузурги мо дар соҳаи аграрӣ норасоии дониши фермерон дар соҳаи хоҷагии қишлоқ мебошад.
Албатта онҳо шавқу рағбати зиёд ва ба замин муҳаббати беандоза доранд, ташаббускоранд, ҳамаи мо инро хуб медонем. Вале, мутаассифона, танҳо бо хоҳиш ба ҳосилнокии баланд муваффақ шудан имконнопазир аст.
Ба мо фермероне, ки технологияҳои замонавии кишоварзиро куллан аз худ кардаанд, усулҳои инноватсионии истеҳсолотро медонанд, бағоят заруранд.
Ба Шӯрои фермерон зарур аст, ки ҳамкориро бо вазоратҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, рушди инноватсионӣ васеъ ба роҳ монад, барномаи таълим ва бозомӯзонии фермеронро кор карда барояд.
Мақсади ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ нафақат бо гирифтани фоидаи иқтисодӣ маҳдуд мешавад, балки пеш аз ҳама бояд амнияти хӯрокворӣ таъмин гардад, фаровонҳолии аҳолӣ беҳтар шавад. Инро набояд фаромӯш кард.
Девони Вазиронро зарур аст, ки дар мӯҳлати ду моҳ Барномаи миллии таъмин кардани амнияти хӯроквории мамлакатро дар солҳои 2019-2024 қабул кунад.
Ба Вазорати хоҷагии қишлоқ супурда мешавад, ки ҳолати низоми кластерии парвариши маҳсулоти хӯроквориро дар мамлакат амиқ таҳлил кунад ва дар мӯҳлати то 1-уми марти соли 2019 бобати аз байн бардоштани мушкилоти дар соҳаи мазкур мавҷудбуда таклиф пешниҳод намояд.
Мӯҳтарам аъзои парлумон!
Рушди иқтисодӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мафҳумҳои ҷудонопазиранд. Якеро бидуни дигаре наметавон тасаввур кард.
Дар соли 2019 – «Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ» мо бояд дар соҳаи иҷтимоӣ вазифаҳои зеринро ҳаллу фасл намоем.
Якум, дараҷаи бекории байни аҳолиро коҳиш диҳем, даромади одамон ва оилаҳоро баланд бардорем.
Ҳукуматро зарур аст, ки дар зарфи як моҳ Барномаи нави давлатии кӯмакрасонӣ барои дар соли 2019-ум бо шуғлфарогирии аҳолиро тасдиқ кунад.
Дар ин маврид бояд таълими касбии бекорон ба роҳ монда шавад, ба онҳо машваратҳои ҳуқуқӣ ва ғайра пешниҳод гардад, шаклҳои дигари кӯмаки иҷтимоӣ васеъ истифода шаванд.
Моро зарур аст, ки тартиби муайян кардани миқдори камтарини музди меҳнати якмоҳаро таҷдиди назар кунем ва амалиёти ҳисоби андоз ва пардохтҳои дигарро бо назардошти миқдори музди камтарини меҳнат аз миён бардорем.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар мӯҳлати ду моҳ чораҳои маҷмӯиро бинобар ҳаллу фасли масъалаи мазкур кор карда барояд.
Дуюм, тартиби таъин кардан ва пардохти нафақаву кӯмакпулиҳо таҷдиди назар гардида, низоми нафақа куллан ислоҳ карда шавад.
Тавре ки ба шумо маълум аст, бинобар масъалаи мазкур Фармони Президент қабул гардид. Мувофиқи он аз 1-уми январи соли 2019 ба тамоми нафақахӯроне, ки кор мекунанд, нафақаашон дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад.
Ҳамчунин низоми нави ҳисобу китоби нафақа, ки бинобар он миқдори ҳадди аксари он аз 8 то 10 миқдори камтарини музди меҳнат бардошта мешавад, ҷорӣ мегардад. Дар давраҳои минбаъдаи ислоҳот чунин маҳдудиятҳо пурра бекор карда хоҳанд шуд.
Ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ногиро, оилаи онҳо шахсони то 16-сола, ки саробони худро гум кардаанд, мунтазам дар маркази эътибори мо қарор хоҳанд дошт. Мо барои модароне, ки ҳаёти худро ба парвариши кӯдаки ногиро бахшидаанд, шакли махсуси кӯмакпулии иҷтимоиро ҷорӣ мекунем.
Сеюм, такмил додани низоми таълими муттасиле, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ аст ва эътибор ба пешрафти илм идома меёбад.
Таълиму тарбия, тавре ки халқи мо мефармояд, аз гаҳвора оғоз меёбад. Зеро танҳо маърифат ба рушди ҳамаҷонибаи шахс ва ҷомеа мусоидат мекунад.
Бинобар ҳамин ҳам сиёсати давлат дар соҳаи таълим бояд ба давомнокии он дар тӯли тамоми ҳаёти инсон, ибтидо аз кӯдакистон такя кунад.
Дар кишварҳои мутараққӣ ба сармоягузории мусалсали таълим эътибори зиёд дода мешавад, яъне барои аз сесолагӣ то 22-солагӣ таълим додани кӯдак маблағ ҷудо мегардад. Чунин сармоягузорӣ баъдан ба ҷамъият ба миқдори 15-17 карата бармегардад. Дар кишвари мо бошад, ин миқдор ҳоло танҳо 4 карата аст. Яъне мо бояд эътиборро ба капитали инсонӣ беҳтар кунем, барои ба амал татбиқ намудани иқтидори ҷавононамон тамоми имкониятҳоро истифода барем.
Мо дар соли 2019-ум фарогирии кӯдаконро ба таълими томактабӣ аз 34 фоизи ҳолоина то ба 44 фоиз мерасонем, ки дар ин роҳ қадами муҳим мегардад.
Бинобар такмил додани низоми таълими миёнаи умумӣ дар пояи талаботи ҳозиразамон, бояд кор кард, аз ҷумла бояд мактабҳои шахсиро ташкил намуд, дар ин кор имкониятҳои шарикии давлативу хусусиро васеъ истифода бурд.
Моро зарур аст, ки чораҳоро бобати таъмин кардани дастёбии баробар ба таълими олӣ барои ҳама пурзӯр кунем.
Дар гузаштаи наздик дараҷаи фарогирии хатмкунандагони муассисаҳои махсуси таълими миёна ва миёнаи махсус ҳамагӣ 9-10 фоизро ташкил медод. Ба шарофати тӯли ду соли охир қабул гардидани чораҳо ин нишондиҳанда аз 15 фоиз зиёд гардид. Вале ин кофӣ нест. Зеро дар кишварҳои пешрафта вай 60-70 фоизро ташкил медиҳад. Бинобар ҳамин ҳам дар соли 2019-ум то ба 20 фоиз расондани нишондиҳандаи мазкур ва минбаъд мустақимона зиёд кардани он вазифаи рӯзмарра мебошад.
Барои мо боло бардоштани обрӯи мактабҳои олиамон, зиёд намудани миқдори муассисаҳои ғайридавлатии таълимӣ, ба соҳа ҷалб намудани кадрҳои соҳибтахассус ва пурзӯр намудани рақобат муҳим аст.
Ба ҷавононамон пешниҳод намудани имконияти дар як вақт ба якчанд мактабҳои олӣ ҳуҷҷатсупорӣ, фикр мекунам, ба вусъатёбии ҳуқуқҳои ӯ барои таълим имкон фароҳам меоварад.
Бояд низоми аз ҷониби мактабҳои олӣ мустақилона муайян кардани квотаҳои қабул бо назардошти вазъияти воқеӣ ҷорӣ карда шавад.
Ба донишҷӯёни бакалавриат барои идома додани таълим дар хориҷа имкониятҳои бештар пайдо мешаванд. Дар ҷамъияти мо ҳар қадар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва тахассуси олӣ бештар шаванд, ҳамон андоза вай инкишоф меёбад.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар мӯҳлати ду моҳ бинобар таклифҳои зикршуда чораҳои дахлдорро кор карда барояд.
Минбаъд боло бардоштани иқтидори илмии муассисаҳои таълими олӣ, вусъат додани тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогӣ масъалаи бағоят муҳим аст.
Дар ҳар кадом соҳаи истеҳсолот бояд муассисаи худии соҳавии илмиву тадқиқотӣ, бюрои конструкторӣ, марказҳои таҷрибавиву истеҳсолӣ ва инноватсионӣ бошанд.
Моро лозим аст, ки ба ҷалби сармояҳо нафақат ба соҳаи иқтисодиёти мамлакат, балки ба илм, ба соҳаи «ноу-хау» муваффақ гардем.
Девони Вазирон дар муддати ду моҳ пешниҳодоти мушаххасро доир ба куллан ислоҳ намудани фаъолияти ташкилотҳои илмиву тадқиқотӣ ва баланд бардоштани аҳамияти амалии коркардҳои илмӣ таҳия намояд.
Чорум, сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо мақсади мустаҳкам намудани генофонди миллат беҳтар гардонда шуда, фарогирии он васеъ карда шавад.
Дар ин ҷо мақсади асосӣ эътибори зиёд додан ба пешгирии беморӣ аст.
Шарикии давлативу хусусӣ дар соҳаи кӯмаки тиббиву иҷтимоӣ васеъ карда шавад. Доираи хидматрасонии тиббии давлатӣ аниқ гардонда шуда, табобати пулакӣ ва бепул ҷудо карда шавад.
Вазорати тандурустӣ якҷоя бо Вазорати молия дар муддати ду моҳ доир ба такомули таъмини молиявии клиникаҳои давлатӣ пешниҳодоти мушаххасро пешкаш намояд.
Ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимии тиббии бонуфузи хориҷӣ бояд пурзӯр карда шавад. Соли оянда мо дар бобати ташкили факултетҳо ва филиалҳои муштарак бо донишкадаҳои тиббии Русия, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон, Италия чораҳои амалӣ меандешем.
Боз як муаммои тезутунд – зиёд гардидани миқдори бемориҳои саратон дар байни аҳолӣ.
Барои мисол, дар мамлакатамон бемориҳои саратон соле дар беш аз 22 ҳазор нафар аниқ гардида, он куллан беҳтар намудани низоми мазкурро талаб менамояд, эҳтиёҷро ба кӯмаки баландтехнологии тиббӣ зиёд мегардонад.
Девони Вазирон дар муддати як моҳ бояд қарор ва барномаи алоҳидаи чорабиниҳоро доир ба бармаҳал ифшо намудани чунин бемориҳо, муайян намудани манбаъҳои таъмини молиявии онро қабул намояд.
Ҳамкориро бо институтҳои байналхалқӣ, клиникаҳои пешқадами хориҷӣ барои пешгирии чандин бемориҳои ҷиддии дигар роҳандозӣ бояд кард.
Дар доираи кор доир ба мустаҳкамсозии генофонди миллат таҷдиди назар намудани меъёрҳои ҷории хӯроки кӯдакон ва занони ҳомила бо назардошти стандартҳои байналхалқӣ мувофиқи мақсад аст.
Ба Девони Вазирон дар муддати се моҳ таҳия намудани барномаи марбут барои ояндаи муддати миёна ва дур супурда мешавад.
Панҷум, дастгирии иҷтимоии занон ва ҷавонон аз ҷониби давлат пурзӯр карда шавад.
Он чиз моро нигарон накарда наметавонад, ки сарфи назар аз чорабиниҳои соли ҷорӣ андешидашуда, 13 ҳазор нафар занон ҳанӯз дар шароити мураккаби иҷтимоиву маишӣ зиндагӣ мекунанд ва соҳиби кор нестанд.
Вазорати меҳнат ва Кумитаи занон дар муддати як моҳ якҷоя бо ҳокимиятҳои вилоятҳо барномаи махсусро доир ба таъмини занон бо ҷойи кор таҳия намоянд.
Ба Бонки марказӣ, роҳбарияти Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар соли 2019 бо манзили арзон таъмин намудани 1600 нафар заноне, ки дар вазъияти мураккаби ҳаёт қарор доранд, дар асоси кредити имтиёзнок супориш дода мешавад.
Кор бо ҷавонон, ки қариб ними аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, минбаъд низ яке аз вазифаҳои асосии мо боқӣ мемонад.
Ба таври васеъ ба соҳибкорӣ ҷалб намудани ҷавонон, бо кор таъмин намудани онҳо барои минбаъд васеъ гардидани фаъолияти фонди «Ҷавонон – ояндаи мо» мусоидат менамояд. Соли 2019 барои фонд беш аз 2 триллион сӯм ҷудо карда шуда, аз ҳисоби он 50 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Аз таъсири ғояҳои ифротгароӣ ва бегона парҳез намудани фарзандон барои ҳамаи мо вазифаи муҳим ба шумор меравад. Корро дар ин самт дар асоси бархурдҳои нав, аз он ҷумла чораандешӣ дар заминаи ба вуҷуд овардани боғҳои нави маданият ва истироҳат ба шарти шарикии давлативу хусусӣ, ба марказҳои замонавии ҷавонон табдил додани онҳо идома бояд дод. Ин боғҳо бояд шомили, дар навбати аввал, майдонҳои варзишӣ, китобхона, қаҳвахонаҳои китобдор, амфитеатр ва саҳнаҳои хурд бошанд.
Пӯшида нест, ки имрӯз барои ҷавонон манбаи асосии дарёфти дониш ва ахбори гуногун интернет ба шумор меравад. Аз ин рӯ мо соҳибкоронро рағбатнок намуда, бояд маконҳои «Wi-Fi»-и бепулро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ташкил намоем.
Ба Девони Вазирон дар муддати як моҳ барномаи дахлдорро таҳия намудан супурда мешавад.
Шашум, масъалаҳои беҳтар намудани шароити зиндагии одамон, бо манзили муносиб таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани некӯҳолиашон ҳамеша дар маркази эътибори мо хоҳад буд.
Соли оянда татбиқи барномаи сохтмони манзили арзон муттасил идома хоҳад ёфт. Лоиҳаҳои иморатҳои намунавӣ бояд такмил дода шавад, ба истифодаи технологияи сарфакунандаи энергия, масолеҳи сохтмони замонавӣ ва арзон эътибори алоҳида нигаронда шавад.
Вазъияти воқеии беш аз 34 ҳазор иморати бисёрҳуҷра омӯхта шуда, чорабиниҳои амалӣ андешида шавад.
Ҳукумат дар муддати се моҳ бояд пурра аз рӯихат гузаронидани фонди иқоматии иморатҳои бисёрҳуҷраро таъмин намояд. Бо назардошти таҷрибаи шаҳрҳои бузурги ҷаҳон барномаи реноватсия бояд таҳия гардад, ки сохтмони зина ба зинаи иморатҳои нави бисёрҳуҷраро бо шароитҳои замонавитарин ба ивази биноҳои ҷисмонан ва руҳан кӯҳнагардида пешбинӣ менамояд.
Тавре ки маълум аст, соҳаи коммуналӣ солҳои зиёд аст, ки боиси норизоии аҳолӣ мегардад. Аз ин рӯ, аз соли 2019 мо корро дар ҷанба якҷоя бо сармоягузорон дар асоси шарикии давлативу хусусӣ шурӯъ менамоем.
Барои коҳиш додани харҷи маъмурӣ дар мушорикати соҳибони манзили хусусӣ дастгирӣ намудани фаъолияти ширкатҳои касбии идоракунанда мувофиқи мақсад аст.
Соли оянда мо бояд дараҷаи мутамарказона бо об таъмин намудани аҳолиро аз 65 фоизи имрӯза то 75 фоиз расонем.
Девони Вазирон дар муддати ду моҳ чорабиниҳоро доир ба рушди низоми таъмин бо оби ошомиданӣ ва канализатсия таҳия намояд.
Ҳафтум, дар ҷамъият таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим, минбаъд оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.
Мо минбаъд низ ба рушди варзиш, рағбатноксозӣ ва дастгирии варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд, эътибори калон медиҳем. Бо мақсади оммавӣ сохтани варзиш дар байни ҷавонон мактабҳои варзишии бачагону наврасон дар ноҳияҳои дурдаст низ ташкил хоҳанд гардид.
Аллакай имрӯз мо бояд ба Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2020 дар Токио омодагиро шурӯъ намоем.
Боз як масъалаи муҳим – дар мамлакат ба вуҷуд овардани низоми самараноки омода намудани варзишгарони байналхалқӣ оид ба намудҳои зимистонаи варзиш.
Қасри зимистонаи яхи сохташавандаи «Ҳумо» дар Тошканд, маҷмӯи замонавии «Амирсой» дар вилояти Тошканд, ки ба қарибӣ барои истифода супурда мешавад, ба ин мақсадҳо хидмат менамоянд.
Мутаассифона, то ҳанӯз дар Ӯзбекистон чунин мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ мисли Бозиҳои Олимпӣ ва ё Осиё баргузор нагаштаанд. Аз ин рӯ, мо бояд таҳия намудани нақшаи омодагиро ба эҳтимоли дар оянда дар мамлакатамон баргузор намудани Бозиҳои тобистонаи Осиё оғоз намоем.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар муддати се моҳ лоиҳаи барномаи мазкурро таҳия намояд.
Ҳаштум, дар бобати рушди сайёҳӣ, ҷалб намудани сармоя ба соҳа, баланд бардоштани зарфияти кадрҳо чораҳои маҷмӯӣ андешида шаванд.
Барои мо сайёҳӣ пеш аз ҳама бо шаҳрҳои қадимиамон, ёдгориҳои таърихиву маданӣ вобаста аст. Чунки дар мамлакат имконияти калони инкишофи сайёҳӣ – табиати нотакрор, мамнӯъгоҳҳои миллӣ, минтақаҳои эҳёшаванда дар минтақаҳои кӯҳӣ вуҷуд доранд.
Инкишоф додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ, хусусан тиббӣ, зиёратӣ, экологӣ барои мустаҳкам намудани иқтисодиёт, балки барои ҷанбаи иҷтимоӣ низ таҳрики қавӣ мебахшад.
Девони Вазирон дар муддати як моҳ Консепсияи миллии рушди сайёҳиро барои солҳои 2019-2025 таҳия намояд ва иҷрои онро таъмин созад. Мо бояд муваффақ гардем, ки то соли 2025 теъдоди сайёҳони хориҷӣ, ки ҳар сол аз мамлакат боздид менамоянд, на камтар аз ҳафт миллионро ташкил намояд, даромад аз инкишофи сайёҳӣ аз 2 миллиард доллар зиёд гардад.
Нӯҳум, ғояи миллӣ равнақ бахшида шавад, ки барои мо манбаи илҳом ва қувва дар дарёфти мақсадҳои олиамон ба шумор меравад.
Бо ин мақсадҳо мо бояд худшиносии миллиро мустаҳкам намуда, таърихи қадима ва ғании Ватанро амиқтар омӯхта, дар ин самт кори илмиву тадқиқотиро фаъол намуда, фаъолияти олимони соҳаи гуманитариро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем.
Баҳодиҳӣ ба гузашта бояд холисона бошад, аз ҳама муҳимаш, аз ҳар гуна қолабҳои мафкуравӣ озод бошад.
Мутаассифона, дар давраи гузашта корҳои низомноки ҳафриётӣ доир ба омӯзиши таърихи мамлакат баргузор нагардиданд. Худи вақт такмил додани фаъолияти институтҳои археология ва санъатшиносии Академияи илмҳо, ташкили пажӯҳишҳои археологии муассисаҳои олии таълимӣ ва музейҳоро дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ тақозо менамояд.
Мо бояд то ба эътибори насли наврас расондани мероси бебаҳои олимон, шоирон ва нависандагон, мутафаккирон ва илоҳиётшиносон, қаҳрамониҳои сарлашкарони шуҷоъ, дар фарзандонамон таҳким додани ҳисси ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ эътибори алоҳида диҳем.
Бо ин мақсад шабакаи телевизионии «Таърихи Ӯзбекистон» дар таркиби Ширкати миллии телерадио бо ҷалб намудани ҷамъияти илмӣ ва зиёиёни эҷодӣ барои таҳияи намоишҳо бояд ташкил карда шавад.
Тамоми экспонатҳои таърихии дар музейҳои мамлакат ҳифзшаванда бо ба вуҷуд овардани феҳрасти ҳар як музей аз рӯйхат гузаронда шаванд.
Ба Девони Вазирон дар муддати як моҳ таҳия намудани чорабиниҳои дахлдор доир ба иҷрои вазифаҳои ишорагардида супурда мешавад.
Дӯстони азиз!
Ҳамаи мо хуб медонем, ки ислоҳот ин бозсозӣ ва тағйирот мебошад. Барои он ки ислоҳот натиҷаи мусбат бидиҳад, тамоми ҷамъиятамон, пеш аз ҳама худи мо, роҳбарон тағйир ёбем. Вақте ки инсон тағйир меёбад, мамлакат низ тағйир меёбад.
Худи замон аз роҳбарон ва депутатҳои тамоми дараҷаҳо, мутахассисони саршинос талаб менамояд, ки фаъолияти худро дар асоси таҳлили танқидӣ, интизоми қатъӣ, масъулияти шахсӣ ташкил намоянд.
Татбиқ намудани идоракунии замонавӣ ва оқилона шарти муҳими иҷрои вазифаҳои гузошташуда аст.
Бинобар ин, эътибори шуморо мехоҳам ба масъалаҳои муҳими зерин нигаронам.
Якум, фаъолияти парлумон дар бобати қабули қарорҳои муҳим ва назорат аз болои иҷрои қонунҳо бояд пурзӯр карда шавад.
Имрӯз бинобар Қонуни асосӣ парлумон номзадии Сарвазирро тасдиқ менамояд, аммо дар таъин намудани вазирон иштирок намекунад. Аз ин боис аъзои ҳукумат дар назди парлумон масъулияти зарурро эҳсос намекунад. Бинобар ин пешниҳод мекунам, ки таҷрибаи аз ҷониби Маҷлиси Олӣ тасдиқ намудани аъзои Девони Вазирон ҷорӣ карда шавад.
Бигзор вазири оянда дар назди аъзои парлумон барномаи инкишофи соҳаеро, ки барояш вогузошта шудааст, ҳимоя намояд ва назари худро ба татбиқи он асоснок кунад. Хуллас, бигузор собит намояд, ки ӯ муносиби ин вазифа аст. Чунин таҷрибаро дар маҳалҳо барои роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ низ бояд татбиқ кард.
Ба қабул ва баррасии иҷрои Буҷаи давлатӣ чун ба яке аз шаклҳои мутаассири назорати парлумонӣ эътибори алоҳида бояд дод. Барои ташкили ин кор дар дараҷаи баланди касбӣ ташкил намудани Садорат доир ба Буҷаи давлатӣ дар назди Маҷлиси Олӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Дуюм, мо бояд низоми ҳокимияти иҷроияро оптимизатсия намоем, ислоҳоти маъмуриро идома дода, усулҳои замонавии менеҷментро дар идораи давлатӣ васеъ истифода намоем.
Дар тамоми мамлакатҳо ҳукумат мақомоти ваколатдор ба шумор меравад, ки барои ислоҳот масъулиятро дар ӯҳда дорад.
Имрӯз ба таркиби ҳукумати Ӯзбекистон беш аз 160 идора ва ташкилот дохил аст. Сарвазир доир ба соҳаҳо ва ҷанбаҳо ҳашт муовин дорад. Аммо оё имрӯз Девони Вазирон ва мақомоти идораҳои тобеи он қувваи воқеан ҳалкунандаи ҷараёни ислоҳот шуда тавонист? Мутаассифона мо ба ин савол ҷавоби мусбат дода наметавонем.
Вазирон ва роҳбарони ширкатҳо одат кардаанд, ки ба Девони Вазирон ҳатто бо беарзиштарин масъалаҳо муроҷиат намоянд. Дар натиҷа ҳукумат ба ниҳоде табдил меёбад, ки фақат вазифаҳои рӯзмарраро ҳал намояд.
Кор дар бобати таҳлили амиқи муаммо дар иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ, омӯзиши вазъи воқеӣ дар маҳалҳо аз эътибор дур мемонад.
Бинобар он ки соли 2019-ро мо «Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ» номидем, фаъолияти худро Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои мамлакатамон дар хориҷа низ бояд таҷдиди назар намоянд.
Талаб нисбати сафиронамон дар мамлакатҳои хориҷӣ низ тағйир меёбад. Фаъолияти онҳо дар навбати аввал вобаста ба сармоя ва ҳаҷми он ки ба ҷумҳурӣ ҷалб менамоянд, баҳо дода мешаванд.
Бинобар ин ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар муддати се моҳ бо мақсади бартарафсозии камбудиҳои номбурда маҷмӯи барномаи чорабиниҳоро доир ба оптимизатсия ва такомули фаъолияти вазорат ва идораҳое, ки шомили сохтори ҳукумат мебошанд, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва пурзӯр намудани масъулияти шахсии кадрҳои роҳбарикунанда таҳия ва татбиқ намояд.
Тавре ки таҷрибаи дусолаи кори қабулхонаҳои Президент нишон дод, мақомоти ҳокимият аз халқ, аз ғаму ташвиши он дур гаштааст.
Бо назардошти фикр ва пешниҳодоти шаҳрвандон, мо бояд ислоҳоти низоми идораи давлатиро идома диҳем ва зина ба зина ба принсипи менеҷменти пешқадами давлатӣ ва идораи «оқилона» гузарем.
Ин маънии онро дорад, ки аз ҳоло муассисаҳои давлатӣ бевосита бо шаҳрвандон кор мекунанд. Мақомоти давлатӣ бояд кӯмакрасони мардум, аз он ҷумла соҳибкорон бошанд.
Баъзе вазифаҳои идораи давлатиро дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба сектори хусусӣ, аз он ҷумла дар намуди аутсорсинг, бояд гузаронд.
Сеюм, барои баланд бардоштани самаранокии идораи давлатӣ сиёсати ягонаи кадрҳо бояд ташаккул дода шавад, ки ба ҷалб намудани мутахассисони баландмалака ба хидмати давлатӣ нигаронда шудааст.
Бояд эътироф кард, ки дар мақомоти давлатӣ кадрҳои баландмалака ва касбӣ намерасанд. Ҳанӯз мақоми хизматчиёни давлатӣ муайян нагаштааст, механизми шаффофи қабул ба хидмати давлатӣ вуҷуд надорад.
Барои ҳалли муаммо дар ин соҳа низоми босамари баҳодиҳии холиси фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ҷорӣ карда шавад.
Мехоҳам эътибори шуморо боз ба як масъалаи муҳим нигаронам.
То ҳанӯз низоме вуҷуд надорад, ки ба мақомоти давлатӣ имкони пешгӯйӣ намудани вазифаҳои муҳими фардо ва ояндаи дур, оддӣ бигӯем, ташвишҳое, ки пас аз 5, 10, 20 сол ба вуҷуд меоянд, намедиҳад.
Ба маъмурияти Президент бо мақсади босамар идора намудани фаъолияти соҳаҳо таҳия намудани Консепсияи сиёсати дарозмӯҳлати давлатӣ, ки ба принсипҳои таҳлили стратегӣ, банақшагирӣ ва пешгӯйӣ асос меёбад, супурда мешавад. Дар мақомоти идораи давлатӣ сохтор оид ба таҳлили стратегӣ ва пешгӯйӣ таъсис додан зарур аст.
Инчунин, Шӯрои коршиносони назди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро бо ҷалб намудани олимон ва андешамандони бонуфузи хориҷӣ бояд таъсис дод.
Чорум, ваколат ва масъулияти мақомоти ҳокимият дар маҳалҳо таҷдиди назар гардида, мустақилияти онҳо зиёд карда шавад.
Дар аксарияти ҳокимон масъулияти шахсӣ, ташаббускорӣ ва мустақилӣ ҳангоми қабули қарор намерасад.
Гунае, ки ба шумо маълум аст, соли 2018 дар шаҳри Тошканд тартиби нави идораи давлатӣ ба сифати озмоиш ҷорӣ гардид. Ҳокими шаҳр ва ҳокимони ноҳияҳо ваколати таъин намудани роҳбарони хидматро дар соҳаҳои молия, иқтисодиёт, сармоя, сохтмон, хоҷагии манзилу коммуналиро доранд. Дар натиҷа фаъолияти беш аз 30 комиссия ва шӯро барҳам дода шуда, ваколатҳои онҳо ба идораҳои ҳудудии дахлдор гузаронда шуданд. 12 корхонаи воҳиди давлатии бесамар амалкунанда барҳам дода шуд.
Ба туфайли татбиқи чунин меъёр, ки дар асоси он қисме аз воридот ба Буҷаи давлатӣ дар ихтиёри буҷаҳои маҳаллӣ боқӣ мемонад, воридоти андоз дар Тошканд аз пешгӯишуда 2 триллион сӯм зиёд гардид.
Ин озмоишро, ки натиҷаи мусбӣ бахшид, акнун дар дигар минтақаҳо низ татбиқ менамоем.
Мо тартиберо бояд аз байн барем, ки ҳоким дар як вақт вазифаи раиси Шӯрои депутатҳои халқро иҷро менамояд.
Ба роҳбарони палатаҳои Маҷлиси Олӣ (Н. Йӯлдошев, Н. Исмоилов) тавсия мегардад, ки соли оянда ин масъалаҳоро муфассал муҳокима карда, барномаи чорабиниҳои амалиро андешанд.
Соли 2019 дар мамлакатамон интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад. Мо имрӯз аллакай омодагии ҳаматарафаро бояд сар кунем, то ки ин ҷараёни сиёсиро, ки дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат молики аҳамияти бузург мебошад, дар дараҷаи баланд мутобиқан бо қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналхалқӣ баргузор намоем.
Панҷум, мулоқоти бетанаффус бо халқ ва хидмат ба манфиати одамон нафақат вазифа, балки барои роҳбари ҳар дараҷа принсипи ҳаётӣ бояд бошад.
Ташкил кардани мулоқоти бевосита ва кушод бо аҳолӣ, фароҳам овардани шароит барои татбиқи ҳуқуқи шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ, барои муроҷиат ба Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли нав қисми муҳими ҷудонопазири фаъолияти мо боқӣ мемонад.
Мӯҳтарам депутатҳо ва сенаторон!
Ба шумо хуб маълум аст, ки дар тӯли солҳои охир дар мамлакатамон бинобар таъмин кардани волоияти қонун ва такмил додани соҳаи суду ҳуқуқ ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Дигаргунсозиҳои мазкур ба таъмин кардани манфиатҳои инсон, ҳуқуқ ва озодии он, васеъ гардондани дастрасӣ ба суди одил, такмил додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронда шудаанд.
Ман дар ин хусус дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия муфассал ҳарф зада будам, аз ин рӯ, мехостам эътибори шуморо танҳо ба вазифаҳои устувори ин соҳа ҷалб намоям.
Якум, бояд такмил додани низоми интихоби номзадҳо ва ба вазифаи судя таъин кардани онҳоро ба мақсади таъмин кардани мустақилии ҳақиқии ҳокимияти судӣ идома дод.
Бояд низоми ташаккул додани ҳайати судиро ба тамоюли мустақилии ҳокимияти судӣ мувофиқ гардонда, иштироки ҷомеаи васеъро дар ин ҷараён таъмин кард.
Вазифаи таъин кардани судяҳои судҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятиро шӯрои судяҳо пурра ба зиммаи худ гиранд, мувофиқи мақсад мебуд. Дар ин бобат бояд фикру ақидаи ҷомеа ва масъалаи ҳисоботдиҳии судяҳоро дар назди халқ ба назар гирифт.
Дуввум, бояд корҳои таъмин кардани ҳаёти осуда ва бехатарии аҳолӣ, барвақт пешгирӣ намудани ҷиноятро ба сатҳи нав бардошт.
Соли ҷорӣ дар ин самт корҳои зиёд амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба мақсади ба кормандони соҳа фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зиндагӣ ва меҳнат, дастгирӣ намудани онҳо ба нозирони профилактика беш аз 6500 хонаҳои хидматӣ, 1100 хонаҳои хусусӣ, 7 ҳазор автомобилҳои шахсӣ дода шуданд. Баробари ин, барои кормандони Гвардияи миллӣ 1800 хонаву ҷой сохта мешавад.
Эътироф бояд кард, ки дар соли 2018 дар 3 205 маҳалла ягонто ҳам ҷиноят содир нагардид, ки самараи корамон ба ҳисоб меравад. Аммо барои хотирҷамъ шудан ҳоло барвақт аст.
Барои он ки одамон дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунанд, бояд муҳити аз ҷиноят холиро дар тамоми мамлакат ташаккул дод.
Як қатор ваколату вазифаҳоро ба зинаи поёнии низоми мақомоти корҳои дохилӣ дода, мо бояд онро бинобар таъмин кардани ҳуқуқу тартибот ба сохтори муассири замонавӣ табдил диҳем.
Ба ин мақсад мо ба соҳа васеъ муносибати илмӣ ва технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ ҷорӣ менамоем.
Ҳар як минтақа бояд таҷрибаи худии барвақт пешгирӣ намудан ва мубориза бурдан бар зидди ҷинояту ҳуқуқвайронкуниро таҳия намояд.
Вазири корҳои дохилӣ, фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва Прокурори генералӣ барои баланд бардоштани самарабахшии корҳо дар тамоми ҷумҳурӣ шахсони масъул муайян мегарданд.
Бояд рағбатноксозии нозирони профилактика ва фаъолони маҳаллаҳоро, ки дар мубориза бар зидди ҷиноят натиҷаҳои мусбат ба даст овардаанд, пурзӯр гардонд.
Ба кормандоне, ки вазифаҳояшонро поквиҷдонона иҷро намудаанд, аз ҳисоби маблағи фонди нави махсус иловапулиҳо дода мешаванд.
Фурсати бекор кардани вазифаи «посбони маҳалла», ки имрӯз ба ном фаъолият нишон медиҳад, фаро расид. Ба ҷойи он вазифаи ёрдамчии нозири профилактика оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд. Дар маҳалҳо ба ин вазифаҳо шаҳрвандони фаъол, ҳуқуқшиносони соҳибихтисос, ки ба ҳаллу фасли масъалаҳо аз нуқтаи назари қонун қодиранд, таъин карда мешаванд.
Ҳар қадар душвор бошад ҳам, мо тамоюли волоияти қонун ва ногузирии ҷиноятро бояд дар ҳама ҷо ҷорӣ намоем. Яъне, ҷиноят бечунучаро фош гардида, ба гунаҳкор ҷазо дода шавад.
Ба ин масъала ба вазифаи ҳамчун танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ накарда тамоми ҷамъият муттаҳид шуда, бояд бар зидди ҳар гуна зуҳуроти хилофи қонун муборизаи қатъӣ барад.
Сеюм, такмил додан ва озодгардонии қонунгузории ҷиноиро бояд идома дод.
Кодексҳои ҷиноӣ ва ҷиноиву протсессуалии ҷорӣ қариб 25 сол қабл қабул шуда буданд. Дар тӯли давраи гузашта бисёр чизҳо, аз он ҷумла, муносибат дар ҷамъият, тарзи зист, шуур, ҷаҳонбинии одамон тағйир ёфтанд. Кодексҳои мазкур аз ин рӯ, ба талаботи имрӯз ҷавоб намедиҳанд.
Чи хеле ки маълум аст, дар қонунгузорӣ ҳангоми муайян намудани ҷазо моддаҳое мавҷуд мебошанд, ки ҷазоро душвор ё ки сабук мегардонанд.
Аммо истифодаи ин меъёрҳо бояд аз ихтиёри муфаттиш ё ки судя, бо суханони дигар ифода намоем, аз омили инсон вобаста набошад. Дар акси ҳол тамоюли қонуният ва адолат поймол мегардад.
Ба ин муносибат бояд қонунгузории ҷиноӣ ва ҷиноиву протсессуалиро ба таври куллӣ аз нав дида баромад.
Комиссияи байниидоравӣ таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ бояд ба мӯҳлати то 1-уми июли соли 2019 лоиҳаҳои нави кодексҳои ҷиноӣ ва ҷиноиву протсессуалиро тайёр намояд.
Мӯҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Ҳифзи сохти конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ, дахлнопазирии ҳудудии мамлакатамон, таҳкими минбаъдаи сулҳ ва устуворӣ кафолати тамоми комёбиҳоямон ба ҳисоб мераванд. Дар ин самт дар наздамон вазифаҳои зерини муҳим қарор доранд.
Якум, бояд ва минбаъд низ қобилияти мудофиавии мамлакатро баланд бардошт, иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳамонро мустаҳкам кард, маҷмӯи саноати ватании мудофиаро ташаккул дод, бар зидди ҳар гуна таҳдиду даъватҳо тайёр бояд буд.
Ислоҳоти оид ба таъминоти ҳарбиву иқтисодии мудофиаи мамлакатамон оғоз намударо бояд то анҷоми мантиқии он расонд.
Вазорати мудофиа дар мӯҳлати ду моҳ барномаи рушди корхонаҳоеро, ки ба маҷмӯи мудофиавиву саноатӣ дохил мегарданд, таҳия намояд.
Боз як масъалаи муҳим. Бояд бехатарии сарҳадҳоямонро пурзӯр гардонда, сифати назорати сарҳадиро баланд бардошта, аз технологияҳои замонавии ахбору коммуникатсионӣ васеъ истифода бурд.
Мустаҳкам кардани руҳи ҷанговарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамчун шахсони аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ баркамол тарбия намудани сарбозу афсаронамон эътибори боз ҳам баланд доданро тақозо менамояд.
Ҳамаҷониба такмил додани низоми пешгирӣ намудан ва барҳам додани ҳолатҳои фавқулодда барои мо вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Дуввум, масъалаҳои бехатарии экологӣ, оқилона истифода бурдан аз захираҳои об ва дигари табиӣ дар маркази эътибори мо қарор меёбад.
Вазорати хоҷагии об дар давоми соли 2019 якҷоя бо корбастҳои мамлакатҳои минтақаамон бояд бинобар оқилона истифода бурдан аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ таклифот таҳия намояд.
Чӣ хеле ки маълум аст, дар натиҷаи оқибатҳои фоҷиаи Арал биёбони Аралқуми майдонаш беш аз 5,5 миллион гектар пайдо шуд.
Ҳар сол аз қаъри баҳр ба ҳаво 100 миллион тонна қуму намак бардошта мешавад. Ин бори дигар аз хусусияти ҷаҳонӣ доштани мушкилоти хушкшавии Арал далолат медиҳад.
Дар назди Созмони Милали Муттаҳид дар асоси шарикии бисёрҷониба таъсис дода шудани «Фонди траст» оид ба бехатарии инсон барои минтақаи Назди Арал комёбии бузурги дипломатияи Ӯзбекистон гардид.
Мо аз Котиби генералии СММ ҷаноби Антониу Гутерриш, сохторҳои СММ ва мамлакатҳои шарик барои дастгирии ташаббуси Ӯзбекистон миннатдорем.
Дар ин самт мо ба бунёд намудани ҷангалзори сабз дар ҳудуди беоби баҳри Арал эътибори алоҳида медиҳем.
Дар тӯли солҳои истиқлолият дар тамоми Ӯзбекистон дар беш аз 1 миллиону 220 ҳазор гектар ҷангалзор ташкил шуда бошанд, аз онҳо беш аз 400 ҳазор гектар маҳз дар ҳудуди назди Арал бунёд карда шудааст.
Мо доир ба ин масъала барномаи махсус қабул намудем, ки мувофиқи он дар ин минтақа соли оянда дар беш аз 500 ҳазор гектар майдон ҷангалзор барпо карда хоҳад шуд.
Барои беҳтар гардондани шароити зист дар шаҳру деҳоти Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон сохтмонҳои нав доман паҳн мекунанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мӯйноқ шаҳрчаи замонавии дорои тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд карда хоҳад шуд.
Сеюм, барои минбаъд баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти сиёсати хориҷӣ бояд чораҳо андешид, ки дар асоси онҳо тамоюлҳои рӯшодӣ, ҳамкории баробарҳуқуқ ва муфид ниҳон бошанд.
Барои васеъ гардондани муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон мо бояд дар давлатҳои хориҷӣ намояндагиҳои нави дипломатии Ӯзбекистонро кушода шумораи кормандони онҳоро зиёд гардонем.
Ба мақсади пеш бурдани манфиатҳои мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ бояд пойгоҳи қонунгузории фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва сиёсати хориҷиро такмил дод.
Ба Девони Вазирон ва дастгоҳи Шӯрои бехатарӣ супурда мешавад, ки то 1-уми апрели соли 2019 дар соҳаи мазкур лоиҳаи қонунро коркард намоянд.
Соли оянда мо бинобар рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми мамлакатҳои ИДМ, дар навбати аввал, бо Федератсияи Русия, инчунин, Ҷумҳурияти мардумии Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурияти Куриё ва Япония сиёсати фаъоли хориҷиро идома медиҳем.
Мо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо давлатҳои олами мусулмонӣ, ки бо онҳо моро арзишҳои умумии таърихиву маданӣ ва маънавӣ мепайванданд, эътибори алоҳида медиҳем.
Бо дарназардошти ин мақсадҳо мо ният дорем муносибатҳоямонро бо шариконамон дар тамоми соҳаҳо, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо мебошанд, бо мазмуни дақиқ пурра гардонем.
Дар сиёсати хориҷии худ мо ба стратегияи аниқ ва равшан, ки ба таъмини бехатарӣ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ нигаронда шудааст, такя мекунем.
Ӯзбекистон рушди муносибатҳои конструктивӣ ва муфидро бо давлатҳои ҳамсоя, инчунин Туркия, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон вазифаи устувори худ меҳисобад.
Дар татбиқи ин стратегия Афғонистони ҳамсоя нақши муҳим дорад.
Мо ҷомеаи байналхалқиро даъват намудем, ки мавқеи зарурати оғоз намудани ҷараёни гуфтушунидҳои осоиштаро таҳти роҳбарияти Афғонистон дастгирӣ намояд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки таҳти ташаббуси Ӯзбекистон моҳи марти соли 2018 баргузор намудани конфронси дараҷаи олии тошкандӣ оид ба Афғонистон дар таърихи Афғонистони замонавӣ чорабинии байналхалқии васеъмиқёс гардид.
Декларатсияи тошкандии бинобар ҷамъбасти он қабулшуда бобати барқарор намудани сулҳ дар Афғонистон, ки дар он мавқеи якдилии иштирокдорони форум инъикос ёфтаанд, Барномаи ба худ хос гардид.
Маҳз баъд аз ин конфронс бино бар роҳандозии ҷараёни гуфтушунид бо иштироки тамоми қувваҳои сиёсии дохили Афғонистон, аз он ҷумла, ҳаракати «Толибон» саъю кӯшиши байналхалқӣ ба дараҷаи назаррас фаъол гардид.
Ӯзбекистон, аз ҷониби худ бо роҳбарияти Афғонистон ва намояндагони қувваҳои намоёни сиёсии Афғонистон, аз он ҷумла, ҳаракати «Толибон» як қатор гуфтушунидҳои муҳим баргузор намуд.
Ҳамаи онҳо эътироф намуданд, ки Ӯзбекистон дар ба танзим овардани Афғонистон метавонад миёнарави самарабахш гардад.
Маълум, ки шарти муҳими эътидоли вазъият дар Афғонистон барқарорёбии иқтисодии он ба ҳисоб меравад.
Дар ин бобат мо дар Афғонистон дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, савдо ва таълим ба татбиқи якҷояи лоиҳаҳои бузург шурӯъ намудем.
Аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шудани хати интиқоли барқи «Сурхон – Пули Хумрӣ», ифтитоҳи Маркази таълим бинобар таҳсили шаҳрвандони Афғонистон дар шаҳри Тирмиз, маркази логистикӣ бо терминали «Термез-карго», коркарди лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Мазори Шариф – Ҳирот ва Мазори Шариф – Қобул ва Пешовар аз ин далолат медиҳанд.
Ӯзбекистон минбаъд низ ба танзими мушкилоти Афғонистон кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад. Барои мо натиҷаи муҳими асосӣ оғоз намудани гуфтушуниди осоишта ва муваффақ гардидан ба мусолиҳаи миллӣ боқӣ мемонад.
Дӯстони азиз!
Ӯзбекистон дар соҳаи ризоияти байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ ба анъанаҳои худ содиқ мемонад.
Дар мамлакатамон ба мустаҳкам кардани муҳити эҳтироми тарафайн, дӯстӣ ва ризоияти байни намояндагони миллату конфессияҳои гуногун эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Ин – бойигарии аз ҳама бузурги мо. Ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доштани он вазифаи ҳар яки мост.
Чӣ хеле ки медонед, ба қарибӣ дар ҷамъомади Ассамблеяи Генералии СММ ҳуҷҷати муҳим – резолютсияи «Маърифат ва кушодадилии динӣ» қабул гардид. Ташаббуси қабул кардани резолютсияи мазкур аз ҷониби Ӯзбекистон дар сессияи 72-юми Ассамблеяи Генералӣ моҳи сентябри соли 2017 пешбарӣ шуда буд.
Аз ҷониби 193 давлати аъзои СММ васеъ дастгирӣ шудани пешниҳоди мо далели равшани аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ эътироф шудани ташаббуси Ӯзбекистон гардид, ки ба мо ҳисси қаноатмандӣ ва ифтихор мебахшад.
Аз фурсат истифода бурда, мехостам ба сафирони мӯҳтарами мамлакатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, ки дар ҷамъомади имрӯза ҳузур доранд, миннатдории самимӣ изҳор намоям.
Мӯҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Дар зинаи нави рушди мамлакатамон ҳар сол ба татбиқи барномаву лоиҳаҳои васеъмиқёс, ба даст овардани комёбиҳои нав алоқаманд буда, давраи комёбиҳои нав ба нав, дониш ва таҷрибаҳо мегардад.
Дар Соли нав мо дар ҳаёти сиёсиамон таҷрибаи навро ҷорӣ мекунем. Бо назардошти он ки Муроҷиатнома барои соли оянда ҳуҷҷати асосӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ҳар як самти устувори дар он муайяншуда Сарвазир якҷоя бо аъзои ҳукумат дар ҳар семоҳа ба Сенат ва Палатаи қонунгузорӣ оиди корҳои амалишуда ҳисобот медиҳад.
Чунин ҷараён дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан карда мешаванд.
Ин ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки бинобар иҷрои вазифаҳои дар Муроҷиатнома гузош­ташуда ҳукумат чӣ гуна корҳоро анҷом медиҳад, хабардор гардад.
Яъне ба фаъолияти ҳукумат халқ баҳо медиҳад.
Ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки иҷрои нақшаву барномаҳои дар соли 2019 муайяншуда ба осонӣ ба даст намеояд.
Барои ба натиҷаҳои амалӣ табдил додани ин нақшаву барномаҳо, ки ҳоло дар коғаз ифода ёфтаанд, ҳамаи мо бояд қатъӣ меҳнат кунем.
Дар ин роҳ қувваву қудрати беқиёсе ҳаст, ки ба мо боварӣ ва илҳом, ғайрату шуҷоат мебахшад, мо ба он такя карда, ба мақсадҳоямон, албатта, муваффақ мегардем.
Ин халқи марду меҳнаткаши мост, ки дар озмоишҳои ҳаёт обутоб ёфтааст.
Имрӯз мо бо дастгирии тамоми халқамон, бо назардошти иқтидори бузурги ҷавонон – умеду такягоҳи мо, дар назди худ вазифаҳои бузург мегузорем.
Мо кӯшиш менамоем, ки тамоми корҳоро баҳри шукуфоии мамлакат ва халқамон ба анҷом расонем, то ки фарзандон ва набераҳоямон хушбахт бошанд.
Мо ҳеҷ гоҳ аз роҳи ислоҳоти демократӣ барнамегардем. То чӣ андоза душвор бошад ҳам, танҳо ба пеш – ба марраҳои нав, баландтарин ҳаракат мекунем.
Ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намудан ба рушди Ӯзбекистони нав имконияти таърихиест, ки ба ҳар яки мо Офаридгор ато намудааст, гӯем хато нахоҳад шуд.
Ҳамаи мо бояд инро амиқ дарк намуда, ба қад­ри он расем.
Бо шараф иҷро намудани қарзи муқаддаси фарзандиамон дар назди Ватан ба ҳамаамон насиб кунад.
Аз фурсат истифода бурда, тамоми халқамонро бо фаро расидани Соли нави 2019 аз самими қалб муборакбод менамоям.
Ба ҳамаатон сиҳҳатии мустаҳкам, хушбахтии оилавӣ, омад ва комёбиҳо таманно дорам.
Ба эътиборатон ташаккур!

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: