Муносибат ба об бояд дигар шавад

Муносибат ба об бояд дигар шавад

Рӯзҳои охирини соли 2018 дар Хонаи матбуоти вилоят дар ҳамкории Маркази такмили ихтисоси журналис- тон ва Маркази экологии ҳудудии Осиёи Марказӣ бо кӯмаки молиявии Иттифоқи Аврупо дар мавзӯи «Аз масъ­алаҳои истифодаи об ва захираҳои обӣ бештар хабардор кардани вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ (ВАО) ва ташкилотҳои нодавлативу нотиҷорати (ТНН) — и Ӯзбекистон» барои вакилони ВАО ва ТНН семинар — тренинг гузаронида шуд. Дар он журналистон, экологу экспертҳо ва мутахассисони идораҳои нодавлативу нотиҷоратии бо об сарукордошта иштирок намуданд.
Тадбирро мураббӣ, номзади фанҳои фалсафа, дотсенти факултаи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон, сармуҳаррири сайти интернетии «Ekolog.uz» Наргиза Қосимова кушода, иштирокдоронро бо мақсаду вазифаҳои лоиҳа шинос намуд ва оиди яке аз масъалаҳои пурдолузарби ҷаҳонӣ будани норасоии оби ошомиданӣ ҳарф зад.
Сипас, омӯзгори калони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекис-
тон, муҳаррири калони сайти «Anhor.uz» Саида Сулаймонова ба иштирокдорон оиди омоданамоии мавод дар мавзӯи қадр намудани об, сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ машғулоти амалӣ гузаронд.
Н.Қосимова бо иштирокдорон аз рӯӣи масъалаҳои виртуалии об машғулот бурда, оиди якчанд терминҳои нави соҳа маълумот дод. Дар рафти тадбир видеолавҳаҳо оиди тағйир додани муносибат нисбати об намоиш дода шуданд.
Дар тадбир роҳбари шӯъбаи самарқандии Ҳаракати экологии Ӯзбекистон Бахтиёр Абдуллоев ба ҳозирон дар барои вазъи экологии вилоятамон ва муаммоҳои бо об вобаста ҳарф зад.
Вакилони шӯъбаи атмосфераи Садорати экология ва ҳифзи муҳити атрофи вилоят ва шӯъбаи вилоятии ТНН «Сувоқова» доир ба масъалаи манбаи ҳаёт – об маълумот доданд. Эколог ва экспертҳо ба саволҳои иштирокчиён ҷавоб доданд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар дунё норасоии оби ошомиданӣ ба назар мерасад. Дар натиҷаи баландшавии ҳарорат, зиёд гардидани сарфи об барои коркард, хоҷагии қишлоқ ва эҳтиёҷҳои дигар дар ояндаи наздик қимат шудани нархи об аз эҳтимол дур нест. Бино ба маълумоти Вазоратҳои хоҷагии қишлоқ ва оби Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар мамлакатамон 90 фоизи оби истифодабаранда ба ҳиссаи соҳаи аграрӣ рост меояд. Дар натиҷаи чораву тадбирҳое, ки дида мешаванд, миқдори умумии солонаи истифодабарии об нисбат ба солҳои 80-уми асри гузашта 20 фоиз кам гардидааст. Аммо дар ҷойҳо ҳоло ҳам ҳолатҳои истифодаи бесамар ва бемақсади захираҳои обӣ ба назар мерасад.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: