Маҳалла – дар тақдири ман

Маҳалла – дар тақдири ман

Зинаи вилоятии озмун зери ҳамин унвон дар мактаби мусиқа ва санъати бачагонаи рақами 22-и шаҳри Самарқанд гузаронида шуд.
Дар озмун, ки бо ҳамкории шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатӣ-хайриявии “Маҳалла”, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, шӯъбаи вилоятии Хазинаи “Нуронӣ”, Маркази тарғиботи маънавияти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Садорати таълими халқи вилоят ва Шӯрои вилоятии Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат”-и Ӯзбекистон ташкил гардид, 16 ҷамоаи ғолиби зинаҳои ҳудудӣ аз рӯйи се шарт қувва озмуданд.
Назар ба маълумотҳо зинаи аввали озмун байни 1087 ҷамоаи ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳо гузаронида шуда, дар зинаи дуввум 155 ҷамоаи маҳаллаҳо байни худ қувва озмуданд ва аз онҳо 16 ҷамоа ба зинаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ ҷамоаи “Авлоди оянда”-и ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи “Пӯлатчи”-и ноҳияи Пастдарғам ҷойи якумро ба даст оварданд. Ҷамоаи “Авлоди нав”-и ҷамъомади шаҳрвандони “Ноғора хона”-и ноҳияи Нарпай ҷойи дуввумро ва ҷавонони ҷамоаи “Заковатмандон”-и маҳаллаи “Боғолон”-и ноҳияи Пахтачӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ғолиб ва иштироккунандагони фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: