«Дӯстлик» – ба марди дӯстпарвар

«Дӯстлик» – ба марди дӯстпарвар

Комилҷон аз айёми бачагӣ ба моҳидорӣ шавқу ҳавас дошт. Ҳамин, ки вақти холӣ пайдо шавад, шаст ба китф партофта лаби рӯди Дарғам ё дигар кӯлҳои атрофи Самарқанд барои моҳидорӣ мерафт. Боз «аз бекорӣ – кадукорӣ» то ба чангак нӯл задани сайдаш адабиётҳои гуногунро оид ба моҳидорӣ варақ мезад. Тарзи пухтани моҳиро омӯхта, гоҳ-гоҳ бо модари меҳрубон ҳар ду хӯрокҳои болаззат тайёр мекарданд.

Ту, моҳигир, — аз рафтори писар завқ бурда мегуфт падараш Рашидамак, — касби ошпазиро омӯхтанат лозим. Ба ин кор шавқат баланд.
Комилҷон баъди хатми мактаби миёна ба насиҳати қиблагоҳ амал карда, ба шӯъбаи хӯроктайёркунии омӯзишгоҳи касбӣ-техникии озуқавории Самарқанд ҳуҷҷат супорид. Соли 1996 соҳиби диплом шуду бо роҳхати омӯзишгоҳ, ноҳияи Нуробод ба кор омад. Ба ошпази соҳибтаҷриба Норқул Бурҳонов шогирд шуд.

Касби ошпазӣ нозукиҳои бисёр дорад, — мегуфт Норқулака. — Ба меъёри обу намак аҳамият додан зарур. Агар оташ баланд шавад, хӯрок хомпазу бемазза гардида, мизоҷҳоро гум кардан мумкин аст.
Комилҷон дар асоси маслиҳатҳои муфиди устодаш сиру асрори ошпазиро пурра омӯхт. Вай бештар ба моҳипазӣ дил баст. Соли 2006 бо додараш Илҳомҷон дар лаби рӯди Дарғам ду-се кӯлро ба иҷора гирифту хоҷагии фермерии моҳипарварии «Оқ амур балиқлари»-ро ташкил намуд. Қариб 600 миллион сӯм кредит гирифта барои ривоҷи соҳа сарф намуд. Дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ҳавзҳои сунъӣ кофт, боғу токзор бунёд кард. Ҳоло ӯ соҳиби 125 гектар замин ва 27 ҳавзи моҳипарварӣ мебошад. Қариб 30 нафар коргарҳои доимӣ ва беш аз 50 нафар корманди мавсимӣ дорад. Танҳо соли равон ба мардуми Самарқанд 300 тонна гӯшти моҳӣ пешкаш намуданд.

Хоҷагии мо аз давлат 8 миллиард сӯм вом гирифт, — мегӯяд Комилҷон Рашидович. — Бинобар ҳамин лоиҳаҳои бузурги истиқболнок таҳия намудем. Дар ҷойи кӯҳнаи бозори мошин маркази инноватсионии илмиву таълимӣ ва ташхиси моҳипарварӣ, меҳмонхона, хонаҳои истиқоматӣ, кӯдакистон барои 100 нафар, мактаб барои 250 нафар, ошхона, мағоза ва ғайра бунёд мегарданд.

Дар ҳавзҳои шумоён чанд намуди моҳӣ парвариш мешаванд?

Дар фан қариб 25 ҳазор намуди моҳиҳо маълуманд, ки аз онҳо 20 ҳазор намудашон дар баҳру уқёнус, кӯлу дарёҳо зиндагӣ мекунанд. Дар Ӯзбекистон беш аз 40 намуди моҳиҳо ба рӯйхат гирифта шудааст. Мо ҳамагӣ 3-4 намуди онҳоро парвариш мекунем, ки зағорамоҳӣ, амури сафед, лаққамоҳӣ аз ин ҷумлаанд.
Дар асоси фармони Президентамон дар Самарқанд низ моҳипарварӣ ривоҷ меёбад. Имрӯз дар вилоят 9,7 ҳазор гектар ҳавзҳои табиӣ ва сунъӣ буда, дар онҳо 441 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мебаранд. Бо супориши сарвари давлатамон аз оғози соли 2018 барои 63 лоиҳа доир ба рушди моҳипарварӣ қариб 100 миллиард сӯм кредит ҷудо гардида буд.


Комилҷон Ҳалимовро ҳамгузару атрофиён барои иродаи қавӣ доштан, зиндадилу шӯхтабиат ва дӯстпарвар будан эҳтиром мекунанд. Вай хоксор, дилёб, ширинсухан ва албатта саховатманд аст.
Дар рӯзи ҷашни 26-солагии қабули Қомуси асосии мо роҳбари хоҷагии фермерии «Оқ амур балиқлари» Комилҷон Ҳалимов бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: