Қарори Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд

Дар бораи параметрҳои буҷети маҳаллӣ дар соли 2019

Шӯрои намояндагони халқи вилоят бар асоси моддаҳои 27 ва 99-и Кодекси буҷети Ҷумҳурияти Ӯзбекистон (Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, 31-уми декабри соли 2013, шумораи 52-(1), моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ» (Ахборномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 1993, шумораи 9, моддаи 320) ва қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон аз 26-уми декабри соли 2018 «Дар бораи прогнози нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва параметрҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли 2019 ва мӯлҷарҳои буҷетӣ барои солҳои 2020-2021»
ҚАРОР МЕКУНАД:

Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми декабри соли 2018 «Дар бораи прогнози нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва параметрҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли 2019 ва мӯлҷарҳои буҷетӣ барои солҳои 2020-2021» таҳти рақами ҚП-4086 барои иҷро қабул карда шавад.

Иҷрои пешбинишавандаи буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд дар соли 2018 мувофиқи иловаи рақами 1 тасдиқ гардад.

Параметрҳои буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд дар соли 2019, ки бо ин қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ карда шудааст, қабул гардад.

Ҳаҷми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2019, ки ба миқдори 2270859,2 млн.сӯм, хароҷот – ба миқдори 4031794,6 млн.сӯм, трансфертҳои мақсадноки иҷтимоӣ – ба миқдори 1760935,4 млн.сӯм ва пули нақди гардишии кассавӣ – ба миқдори 28916 млн.сӯм муайян шудааст, қабул ва мувофиқи иловаи рақами 2-юм тасдиқ карда шавад.

Ҳокими вилояти Самарканд (Э.Турдимов)
ҳаҷми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳоро барои соли 2019, субвенсияҳоро аз буҷети вилоят, дотатсия ва ҳаҷмҳои маҳдудшудаи трансфертҳои мақсадноки иҷтимоӣ;
меъёрҳои аз андозҳои умумидавлатӣ ба буҷети шаҳру ноҳияҳо гузаронидани маблағ;
миқдори фондҳои захиравии буҷети вилоят, шаҳр ва ноҳия;
миқдори минималии рухсатдодаи пули нақди гардишии кассавии буҷети вилоят, шаҳр ва ноҳияҳоро тасдиқ кунад.

Ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо иҷрои миқдори нишондиҳандаҳои тасдиқшудаи даромад ва хароҷоти буҷетҳоро таъмин кунанд, оиди васеъ кардани базаи андоз ва баланд бардоштани потенсиали иқтисодии он чораҳо бинанд, барои мақсаднок ва фоиданок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ назорати қатъӣ ба роҳ монанд.

Ҷонишини аввали ҳокими вилоят (Ш.Худойбердиев), Сарсадорати молияи вилоят (Б.Мирзоев), Садорати давлатии андоз (Ш.Аҳмадов) бо ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо ба маълумот гиранд, ки:
Бо мақсади пурзӯр намудани масъулият ва шавқмандии идораҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷойҳо, зиёд намудани ваколати даромадгирӣ ва масъулияти хароҷоти онҳо аз 1-уми январи соли 2019 пешбинӣ шудааст:
а) даромадҳои зерин:
андоз аз молу мулки шахсони ҷисмонӣ, андози замин аз шахсони ҷисмонӣ, андоз аз даромади шахсони ҷисмонӣ, ки молу мулки худро ба иҷора дода гирифтаанд, андози ба таври қатъӣ муайяншуда барои тадбиркорони тартиби якка, андоз барои истифода аз ресурсҳои об (ғайр аз стансияҳои электрӣ), андози ягонаи замин, пардохтҳо барои савдои чакана бо баъзе намудҳои маҳсулот ва баъзе хелҳои хизматрасонӣ, даромадҳои бозорҳо, ҷаримаҳо барои баъзе намудҳои қонунвайронкунӣ ба буҷети шаҳр ва ноҳияҳо;
андози замин аз шахсони юридикӣ, андози молу мулк аз шахсони юридикӣ, тарҳи пардохти ягонаи андоз, андози аксизӣ аз савдои чаканаи маҳсулоти алкоголӣ, пиво, бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ ба буҷети вилоят дар ҳоли тақсимоти онҳо байни буҷетҳои вилоят, шаҳр ва ноҳия гузаронида мешаванд;
б) дар байни буҷети Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва буҷети вилоят тақсим кардани як қисми андози қимати иловагӣ (андозе, ки аз импорти маҳсулот гирифта мешавад, аз ин мустасно), андози даромад аз шахсони ҷисмонӣ (даромадҳое, ки аз иҷораи молу мулк гирифта мешаванд, аз ин мустасно), андози фоида аз шахсони юридикӣ (андоз аз норезиденти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба воситаи муассисаи доимӣ фаъолият пеш мебарад, инчунин, қисми аз даромади норезидент дар манбаи пардохт боздошта аз ин мустасно)-ро ба назар гиранд.

Ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ш.Худойбердиев), сарСадорати Бонки Марказӣ дар вилояти Самарқанд (Қ.Собиров), Сарсадорати молияи вилоят (Б.Мирзоев), Садоратҳои давлатии андоз (Ш.Аҳмадов), давлатии назорати молиявӣ (М.Ҳамдамов), ғазначигӣ (Х.Тӯйчиев) бо ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо:
дидани чораҳои заруриро оиди васеъ кардани базаи даромадҳо ва баланд бардоштани салоҳияти иқтисодии ҳудудҳо;
иҷрои параметрҳои даромад ва хароҷоти тасдиқшуда;
сифатнок ба нақша гирифтани хароҷоти буҷет ва саривақт молиягузорӣ намудани онҳоро таъмин намоянд.
Истифодаи манзилӣ, мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетро зери назорати қатъӣ гиранд.

Ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ш.Худойбердиев) ва сарсадорати молияи вилоят (Б.Мирзоев) бо комиссияи доимӣ доир ба масъалаҳои таҳия ва иҷрои буҷети маҳаллӣ, амалӣ намудани ислоҳоти иқтисодӣ ва ривоҷдиҳии тадбиркорӣ бо мақсади бо маблағ таъмин намудани тадбирҳои дар фармон, қарор ва фармоишҳои Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, қарор, фармоиш ва барномаҳои Ҳукумат муайяншуда, ба манбаъҳои молиягузории қисмӣ аз ҳисоби маблағҳои иловагии буҷети маҳаллӣ пардохтанашаванда равшанӣ андохтани Вазорати молияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба тартиби муқарраршуда муроҷиат карданро таъмин намоянд.

Қарори мазкур аз рӯзи ба таври расмӣ эълон шуданаш ба амал медарояд.

Қарори мазкур дар рӯзномаҳои «Зарафшон», «Самаркандский вестник» эълон ва веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят Samarqand.uz ҷойгир карда шавад.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят доир ба масъалаҳои таҳия ва иҷрои буҷети маҳаллӣ, амалӣ намудани ислоҳотҳои иқтисодӣ ва ривоҷдиҳии тадбиркорӣ (З.Каримов) ва Сарсадорати молияи вилоят вогузошта шавад.

Раиси шӯрои вилоят Э.ТУРДИМОВ
26-уми декабри соли 2018

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: