Муроҷиатнома асосҳои илмӣ-назарӣ дорад


Дар Муроҷиатномаи сарвари давлатамон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои муҳимтарини ривоҷдиҳии мамлакатамон муқаррар карда шуд. Боиси эътироф аст, ки ғоя ва таклифҳои дар Муроҷиатнома баёнгардида, баробари ҳамоҳангии худ бо эҳтиёҷ ва манфиатҳои мардум, аз ҷиҳати илмӣ-назарӣ низ асосноконида шудааст.
Имрӯзҳо бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президентамон дар муддати на чандон тӯлонӣ дар Ӯзбекистон ислоҳотҳои зиёд амалӣ гардида, аксарияти онҳо аллакай натиҷаи самарбахш медиҳанд ва дар фаъолшавии ҷамъияти шаҳрвандӣ, объективияти қабули қарорҳо, ташаккули фикри ҷамоатӣ ва ҳифзи манфиатҳои халқ ифодаи худро меёбанд. Дар замири чун “Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ” номгузор шудани соли 2019 низ беҳсозии рӯзгори мардум, ҳаёти тинҷу осуда, равнақи Ватан ва созмони ояндаи бузург барин мақсадҳои нек таҷассум ёфтааст.
Иҷобати ин мақсад бе тараққиёти илму фан ғайриимкон мебошад. Дар замири ҳама гуна ривоҷёбии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ғояи илмӣ ва назарияи аниқ мавҷуд. Дар Муроҷиатнома чунин ғоя ва назарияҳо баён гардида, он баробари барномаи ривоҷдиҳӣ дар соли 2019 будан, чун асосҳои муҳими назарии ривоҷёбии таърихӣ низ хизмат мекунад. Аз ин рӯ, на танҳо дар муассисаҳои таълими олӣ, балки дар мактабҳои таълими умумӣ низ дарсҳои кӯтоҳмуддати махсус барои омӯзиши мазмуну моҳияти Муроҷиатнома ба роҳ монда шавад, фикр мекунам, ки муфидовар аст.
Чунки мазмуну моҳияти аксари истилоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро, ки дар Муроҷиатнома ифода ёфтаанд, ҳар як инсон зуд дарк карда наметавонад. Агар ҳар як шаҳрванд ин даъватномаро мутолиа намуда, омӯхта, фикри худро, муносибаташро баён кунад, шуури шаҳрвандии ӯ ташаккул ёфта, сатҳи донишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоияш низ боло меравад.


Соли 2019-ум фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ аз 34 фоизи ҳолоина то ба 44 фоиз расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки ба шароитҳо ва имкониятҳое, ки барои таҳсил ва илм омӯхтани ҷавонони имрӯза муҳайё карда шудааст, бо чашми ҳавас менигарам. Чунки вақти мактабхонӣ ва даври донишҷӯии мо чунин имконият ва шароитҳо набуд. Чун исботи фикри худ имтиёз ва дигаргуниҳоеро, ки дар сохтори таълими олӣ амалӣ мегарданд, баён карданам мумкин аст. Мо ҳам орзу мекардем, ки дар як вақт ба якчанд муассисаи таълими олӣ ҳуҷҷат супорем. Бо ташаббуси Президенти мамлакатамон ба ҷавонон чунин имконият муҳайё карда шуд. Акнун онҳо дар як вақт ба якчанд боргоҳи таълими олӣ ҳуҷҷат супурда метавонанд, ки ин иҷобати орзуи ҳазорон ҷавонон ва дебочаи имкониятҳои васеъ мебошад.
Инчунин, дар бобати ривоҷ додани соҳаи илму фанни мамлакат “афзунсозии салоҳияти илмии муассисаҳои таълими олӣ, васеъ намудани омодасозии кадрҳои илмиву педагогӣ масъалаҳои бағоят муҳим аст” гуфтан, барои босуръат ва пурсамар ривоҷ ёфтани сохтор хизмат мекунад.


Дар соли 2019 барои татбиқ намудани барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» ҷудо кардани зиёда аз 4 триллион сӯм пешбинӣ шудааст.


Дар шароити глобалӣ суръат гирифтани ҷараёнҳои навшавӣ ва ислоҳотҳо ҳолати табиист. Дар ин ҷараён дар асоси талабҳои замон ба таври оқилона дигаргунсозии тафаккур ва тасаввур масъ­алаи муҳим аст. Яъне, мо дар асоси тафаккури ғайрихаттӣ фаъолият бурданамон лозим. Сохтори идораи давлатро ислоҳ намуда, ба менеҷменти давлати пешқадам ва принсипҳои идораи “боақл” зина ба зина гузаштанамон низ дар ин бобат омили муҳим ба ҳисоб меравад. Ба таври дигар мо бо муносибат ва фикри ҷамоатӣ худро тарбия карданамон лозим аст.
Беҳуда нест, ки сарвари давлатамон ба яке аз масъалаҳои дардноки ҷомеаи имрӯза, масъалаи омодасозии кадрҳои ватанпарвар ва профессионал, ки соҳиби салоҳияти бузурги илмӣ ҳастанд, ҷаҳонбинии замонавӣ доранд ва асосҳои тараққиётро таҳлил карда, ислоҳотҳои пурсамарро пешбинӣ мекунанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд, эътибори алоҳида доданд. Чунки оянда дар дасти чунин ҷавонони ватанпарвар, соҳибхирад, худшинос ва соҳиби салоҳияти бузурги интеллектуалӣ мебошад.
Хулоса, Муроҷиатнома на танҳо боварӣ ба пагоҳ, балки чун дастуруламали амиқ маҷмӯаи дорои аҳамият аст.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа доир ба фанҳои фалсафа.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: