Моҳияти Муроҷиатномаи Президентро меомӯзанд

Моҳияти Муроҷиатномаи Президентро меомӯзанд


Дар толори фаъолони Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо мақсади омӯхтани мазмуну моҳияти Муроҷиатномаи Президент ба Маҷлиси Олӣ семинар баргузор гардид.
Дар тадбир профессорони донишгоҳ Фарҳод Набиев ва Мамаюсуф Пардаев дар бораи аҳамияти Муроҷиатномаи Президент ва номгузории соли ҷорӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Таъкид гардид, ки Муроҷиатномаи дар тинҷиву фаровонии ҳаёти мардум, пешравии мамлакатамон аҳамияти бузург дорад.

Муроҷиатномаи Президентамон барои боз ҳам беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакатамон хизмат мекунад. Инчунин барои илмомӯзиву худтакмилдиҳии донишҷӯён низ хеле муҳим мебошад. Бояд ҳар яки мо муроҷиатномаро омӯхта, ба он риоя кунем ва дар асоси он корбарӣ намоем, – гуфт ҷонишини декани факултети педагогика оид ба корҳои маънавӣ-маърифӣ Ҳотам Рабанақулов.

Малика ҶУМЪАЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: