Нури чашмам модарам!

Нури чашмам модарам!


Одам дар ҳаёт бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешудааст. Лекин аз ҳама азоби сахттарин ин ҷудоӣ аз модар будааст. Болотар аз меҳри модар ва гармтар аз дили ӯ дар дунё чизе набудааст. Ҳастии фарзанд, буду набуди ӯ аз меҳри модар сарчашма мегирифтааст. Оғӯши гарм, суханҳои ширину лафзи покаш ба инсон монанди кӯҳ қувва мебахшидаанд.
Имрӯзҳо тамоми ҳастии маро андӯҳ фаро гирифтааст. Хостам дар чунин рӯзҳои ҷудоӣ ва пурғам рози диламро рӯйи коғаз оварам.
Модарҷон! Шумо давлати ман, буду набуди ман, дуогӯйи беҳамтоям будед. Афсӯс, ки акнун байни мо нестед. Акнун кӣ маро дуо мекунад? Кӣ аз рӯзгори мани мусофир мепурсад? Орзуҳо доштам, ки шумову падарамро ба сафари мубораки ҳаҷ фиристонам, шабу рӯз дар хизмататон бошам. Афсӯс, ки насиб накард.
Модарҷон! Шумо моро калон кардед, тарбия додед, илм омӯзондед. Орзу доштед, ки мо чор нафар фарзандатон соҳиби маълумоти олӣ шавем. Вақте ки орзуҳоятон иҷобат мешуд, рӯзҳои хурсандиву беҳтарин оғоз мегардиданд моро ба паноҳи Худо супурда рафтед.
Модарҷон! То замоне, ки донишҷӯи донишгоҳ шудам, чӣ заҳматҳо кашидед, чӣ азобҳоро аз сар гузарондед. Самараи дуоҳои шумо буд, ки имрӯз донишҷӯям.
Доим занг мезадед ва «писарам нағз ҳастӣ, хонишат хуб аст, танат сиҳат, либоси ғафсат ҳаст, шикамат сер, пулат ҳаст-мӣ?» гуфта такрор ба такрор мепурсидед. Дар ҳақиқат шумо беҳамто будед.
Акнун аз мо фарзандон ба шумо модари арҷманд танҳо дуо мерасаду халос:
Модарам, бо ту сафо рафт зи кошонаи мо,
Равнақе нест дигар баъди ту дар хонаи мо.
Ҷойи холии туро чун нигарам ҳар шабу рӯз,
Аз чӣ ин заҳри фалак рехт ба паймонаи мо?

Фирдавс АБДУМӮЪМИНОВ,
донишҷӯйи факултети филологияи ДДС.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: