Умрро пурсамар гузаронем

Умрро пурсамар гузаронем


Сарвари давлатамон барои таҳсил гирифтану илму адаб омӯхтани мо навҷавонон шароитҳои заруриро фароҳам кардаанд. Бо мақсади афзунсозии завқи мутолиа дар наврасон аксари китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бо адабиётҳои илмиву бадеӣ таъмин гардида, дар асоси стандартҳои замонавӣ таъмир карда шуданд. Саволе ба миён меояд: мо ба ин имкониятҳо чӣ гуна муносибат дорем? Оё аз онҳо пурсамар истифода мебарем? Қадр месозем?
Ин саволҳоро беҳуда нагуфтам. Ҳоло аксари ҷавонон ба ҷои омӯхтани илму дониш, мутолиаи китобҳои дарсӣ ва асарҳои бадеӣ, бо корҳои беҳуда машғул мешаванд ва сабаби асосии ин ба волидон вобаста аст. Чунки баъзе падару модарон барои тарбияи фарзандони худ бефарқанд. Хусусан, барои китобхонии онҳо кам эътибор медиҳанд. Теъдоди зиёди падару модарон низ аз мутолиаи газетаву маҷаллаҳо, асарҳои бадеӣ дур ҳастанд ва аз таърихи алломаҳои бузурги худ бехабаранд. Ин ҳама дар ғафлат мондани волидон, бахусус, авлоди наврасро дида, бевосита ин мисраъҳои Муҳаммад Иқбол ба хотир меоянд:
Ховар ҳама монанди ғубори сари роҳест,
Як нолаи хомӯшу асарбохта оҳест.
Ҳар зарраи ин хок гиреҳхӯрда нигоҳест,
Аз Ҳинду Самарқанду Ироқу ҳамадон хез.
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез.
Ин байтҳоро беҳуда ба хотир наовардам. Мо насли ҷавон бояд аз хоби ғафлат бедор шавем. Бо замони имрӯза, ки асри технологияи инноватсионӣ аст ва ҳар рӯз дар ҷомеа як падидаи нав ба миён меояд, ҳамнафас бошем. Аз машғулият бо корҳои беҳуда, ҷӯрабозиҳои беманфиат даст кашем. Вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳуда нагузаронем. Аз ҳар дақиқаи умри худ пурсамар истифода намоем.


Фирӯз НАСРИДДИНЗОД,
донишҷӯи курси дуввуми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: