Марафон дар ноҳияи Қӯшработ

Марафон дар ноҳияи Қӯшработ

Дар доираи моҳонаи ватанпарварӣ, ки таҳти шиори “Ватан – муқаддас, ҳимояи он қарзи ифтихорӣ” аз 15-уми декабри соли 2018 то 15-уми январи соли 2019 гузаронида мешавад, дар ноҳияи Қӯшработ байни хизматчиёни ҳарбӣ марафон гузаронида шуд.
Мусобиқа бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия, Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, шӯъбаи корҳои мудофиа ва шӯъбаи идораҳои корҳои дохилии ноҳия ташкил гардида, иштироккунандагон ба масофаи 5 километр давиданд.
Дар анҷом ғолиб ва иштироккунандагони фаъол бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: