Сенатор интихоб шуд

Дирӯз дар маҷлисгоҳи калони ҳокимияти вилоят дар асоси қарори Комиссияи Марказии интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 18-уми январи соли ҷорӣ ҷамъомади муштараки депутатҳои Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо барои интихоби аъзои Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба ҷойи холишуда баргузор гардид.
Ҷамъомади муштаракро, раиси Комиссияи Марказии интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон М.Абдусаломов ифтитоҳ бахшид. Дар ҷамъомад депутатҳои шӯроҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд,
Шӯрои оқсақолони ҷамъомад ба аъзогии Сенати Маҷлиси Олӣ номзад пешниҳод кард. Депутатҳо доир ба номзад муносибати худро баён намуданд.
Сипас, интихоботи Сенати Маҷлиси Олӣ дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои қонунгузории дар амалбуда гузаронида шуд.
Депутати Шӯрои вилояти Самарқанд аз округи интихоботии Истиқлол-7, ҳокими вилояти Самарқанд Турдимов Эркинҷон Оқбўтаевич мувофиқи натиҷаи овоздиҳии пӯшида аъзои Сенати Маҷлиси Олӣ интихоб гардид.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: