Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

Дар бораи муқаррар намудани миқдори нави пасандозҳо, пардохтҳои иҷора ва хизматрасониҳои якмаротибагии аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва комплексҳои савдои вилоят рӯёнидашаванда

Дар асоси моддаҳои 385-386-и Кодекси андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми апрели соли 2010 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмилдиҳии ташкили фаъолияти бозорҳои деҳқонӣ ва комплексҳои савдо» таҳти рақами ҚП-1326 (Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои қонунии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2010, шумораи 17, моддаи 131) моддаҳои 6-25-и Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ» ҚАРОР МЕКУНАМ:

Зеринҳо:
Миқдори нави пасандозҳо, пардохтҳои иҷораи якмаротибагии аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва комплексҳои савдои вилоят рӯёндашаванда мувофиқи иловаи 1;
Миқдори пардохти рӯёндашуда барои ба иҷора додани бино, иншоотҳо ва инвентарҳо ва хизматрасониҳои ҳудуди бозорҳо ва комплексҳои савдои вилоят мувофиқи иловаи 2 тасдиқ карда шавад.

Қарори ҳокими вилоят аз 17-уми феврали соли 2018 «Дар бораи нишон додани миқдори нави пасандозҳо, пардохтҳои иҷора ва хизматрасониҳои якмаротибагии аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва комплексҳои савдои вилоят рӯёндашаванда» таҳти рақами 100-Қ аз эътибор соқит дониста шавад.

Корхонаи унитарии давлатии “Маркази ривоҷдиҳии технологияҳои ахборӣ-коммуникатсионӣ”-и назди гурӯҳи ахборӣ ва таҳлилии ҳокимияти вилоят ва ҳокимияти вилоят дар рӯзномаҳои “Зарафшон” ва “Самаркандский вестник” эълон ва дар веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят ҷойгирсозии қарори мазкурро таъмин намоянд.

Қарори мазкур аз рӯзи расман эълон гардиданаш эътиборан ба қувват медарояд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов вогузор шавад.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
25-уми январи соли 2019,
таҳти рақами 31-Қ

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: