“Номатон ҳамеша зиндаву ҷовид!”

“Номатон ҳамеша зиндаву ҷовид!”

Чунин ном дошт тадбире, ки ба муносибати 81-солагии аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар мактаби таълими умумии рақами 21-и шаҳри Самарқанд баргузор гардид.
Дар он роҳбари Фонди ҷамоатӣ-хайриявии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов Татяна Каримова ва дӯсту наздикони Президенти аввалинамон иштирок карда, оиди ҳаёту фаъолият, ислоҳотҳое, ки дар роҳи тараққиёти кишварамон дар амал татбиқ кардааст ва ҷасорату шуҷоати бузурги И.Каримов ба хонандагон нақл карданд.
Аз тарафи хонандагони мактаб бахшида ба хотираи Президенти аввалинамон шеъру сурудҳо хонда, саҳнаҳо намоиш дода шуд, ки писанди ҷамъомадагон гардид.
Дар охири тадбир аз тарафи Фонди ҷамоатӣ-хайриявии ҷумҳурӣ ба номи Ислом Каримов ба ташкилкунандагон ва хонандагони фаъол тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.
Меҳмонон бо музейи таърихии мактаб, ки Президенти аввалинамон таълим гирифтаанд, шинос шуданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: