Дастгирии тадбиркорӣ

Дастгирии тадбиркорӣ

ба тараққиёти мамлакат хизмат мекунад

Аз рӯйи Муроҷиатномаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2018) нақшаи тадбирҳои ҳокимияти вилоят (таҳти рақами 01-12/11 аз рӯзи 30-юми декабри соли гузашта) кор карда баромада шудааст.
Мувофиқи он дар маҷлисгоҳи ҳокимияти шаҳри Самарқанд бо иштироки вакилони ҳокимияти шаҳр, садоратҳои боҷхона, андози вилоят ва Палатаи савдову саноати вилоят, инчунин, субъектҳои тадбиркорӣ бахшида ба мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои меъёрии қабулгардида дар бобати дастгирии тадбиркорон вохӯрӣ ба амал омад. Тадбир таҳти мавзӯи «Дастгирии тадбиркорӣ: роҳи самараноктарини таъмин намудани тараққиёти мамлакатамон ва фаровонии халқамон» гузаронида шуд.
Тадбирро ҳокими шаҳри Самарқанд Фурқат Раҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба мақсади тадбир ҳарф зад ва ходимони боҷхонаро бо иди касбиашон табрик намуд ва роҳбарони садоратҳоро ба ҳозирон шиносонид.
Баъди ҳамин, сардори Садорати боҷхонаи вилоят Эркин Салихов ба минбар баромада, доир ба қонуну фармоишҳои оиди соҳаҳои боҷхона аз ҷониби Президенти мамлакатамон ба имзо расида, ислоҳоти мақомоти боҷхона дар соли 2018, дигаргуниҳои меъёрӣ, бекор гардидани тартибу таомилҳои рухсатдиҳӣ ба якчанд намуди соҳа, сабукиҳо дар бобати содирот, ставкаҳои пардохт ва ғайра сухан ронд.
Сипас, сардори шӯъбаи Садорати андози вилоят Ҷасур Олтибоев оиди дигаргуниҳои соҳаи андоз дар соли 2019, имтиёзҳо, андози даромад, навигариҳои ставкаи андози фоида, паст гардидани ставкаи андози ягона ва ғайра маълумот дод.
Дар тадбир, инчунин роҳбари Палатаи савдову саноати вилоят Шералӣ Ӣӯлдошев ва роҳбари Инспексияи карантини растаниҳои вилоят Саид Ҳасанов низ оиди мавзӯъ суханронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки соли гузашта пости сарҳадии Ҷартеппаи вилоят фаъолияташро аз нав оғоз намуд. Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид, сарфаи вақти тадбиркорон ва пули онҳо дар биноҳои маъмурии стансияҳои роҳи оҳани «Зарафшон» ва «Ҷомбой» пунктҳои боҷхонаи «Зарафшон» ва «Ҷомбой»-и назди пости боҷхонаи Фаъолияти иқтисодии берунаи «Улуғбек» ташкил ёфтааст.
Соли гузашта дар Аэропорти байналхалқии Самарқанд низ сохторҳои роҳравҳои «сабз» ва «сурх» ҷорӣ шудааст. Аз 8-уми январи соли ҷорӣ сар карда, дар соҳа протседураи аз назорати боҷхона гузаронидани молҳо бекор карда шудааст.
Ба шахсони ҷисмонӣ рухсат дода шудааст, ки бе тақдим намудани декларатсияи боҷхона ҳуқуқи то 5000 доллари ИМА молро аз ҳудуди ҷумҳурият берун баровардан доранд.

Ҷамшед ОБИДОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: