Ислом Каримов дар хотираи халқамон барҳаёт аст

Ислом Каримов дар хотираи халқамон барҳаёт аст

Ба муносибати рӯзи таваллуди Президенти Аввалини Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар диёрамон тадбирҳои хотиравӣ гузаронида шуданд.
Ислом Каримов асосгузори давлати мустақили Ӯзбекистон, арбоби бузурги давлат ва сиёсат, фарзанди бузург ва соҳибобрӯйи халқи ӯзбек буд. Ӯ мамлакатамонро аз тобеӣ ба сохтори мустабид озод намуда, давлатеро, ки ба ҳалокат наздик омада буд, аз нав барқарор кард. Ба душворӣ ва санҷишҳои вазнин нигоҳ накарда, дар даври таърихан кӯтоҳ дар диёрамон тинҷӣ ва барқарориро таъмин намуда, мамлакатамонро ба давлати замонавии демократие, ки босуръат ривоҷ меёбад, табдил дод.
Президенти Аввалинамон бо фаъолияти сиёсии серпаҳлӯ ва фазилатҳои олиҷаноби худ дар таърихи Ватанамон нақши носутурданӣ гузошт. На танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар миқёси ҷаҳон сазовори ҳурмат ва обрӯйи калон шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба хотираи Ислом Каримов ҳурмату эҳтироми муносиб нишон медиҳад. Мувофиқи қарори Роҳбари давлатамон аз 25-уми январи соли 2017 «Дар бораи абадигардонии хотираи Аввалин Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» дар ин самт чораҳои васеъмиқёс амалӣ карда шуданд. Дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Қаршӣ ҳайкалҳои Сарвари бузургамон қомат афрохтанд.
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 27-уми ноябри соли 2017 дар мамлакатамон соли гузашта 80-солагии арбоби бузурги давлат ва сиёсат Ислом Каримов васеъ ҷашн гирифта шуд.
Дар шафати маҷмӯаи Ҳазрати Хизри шаҳр, ки Президенти Аввалинамон дафн карда шудааст, мақбараи боҳашаме бунёд карданд. Ёдгории мазкур ба зиёратгоҳи муқаддасе, ки қадами ҳамдиёронамон аз он канда намешавад ва ба маскани калони тарбия барои ҷавонон табдил ёфт.
Президент Шавкат Мирзиёев 30-юми январ ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, мақбараи мазкурро зиёрат намуд. Қуръон тиловат карда шуд.
Роҳбари давлатамон зарурати ҳифзи маҷмӯаи ёдгорӣ, обод кардани атрофи он ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёратчиёнро таъкид намуд.
Сипас, дар маҷмӯаи форумҳои шаҳри Самарқанд оши эҳсон дода шуд. Дар он вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, нурониҳо, зиёиён, ҷавонон иштирок карданд.
Ҳамон рӯз намояндагони ҷамоатчигии шаҳри Самарқанд ба пояи пайкараи Ислом Каримов, ки дар шафати майдони Регистон гузошта шудааст, гулдастаҳо гузоштанд.


ӮзА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: