Қарори ҳокими вилояти Самарқанд

Дар бораи муайян намудани тарифҳо барои хизмати кашондани партовҳои маишии сахт ва моеъ

Бо мақсади такмил додани хизмати аз ҳудуди шаҳр ва ноҳияҳои вилоят баровардани партовҳои маишӣ, боз ҳам беҳтар кардани ҳолати экологӣ ва санитарии ҳудудҳо ва муроҷиатномаи Сарсадорати молияи вилоят аз 31-уми декабри соли 2018 таҳти рақами 5-6/3873-ро ба инобат гирифта, бар асоси моддаҳои 6-ум ва 25-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ» (Ахборотномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 1993, шумораи 9-ум, моддаи 320-ум), моддаи 11-уми Қонун «Дар бораи партовҳо» (Ахборотномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2002, шумораҳои 4-ум ва 5-ум, моддаи 72-юм), Қарорҳои Девони Вазирон аз 28-уми октябри соли 2010 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани декларатсия (тасдиқ) намудани нархҳои маҳсулот (корҳо, хизматҳо) ва тартиби муайяншудаи он» таҳти рақами 239-ум (маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2010, шумораҳои 42-43-юм, моддаи 364-ум) ва аз 15-уми июли соли 2014 «Дар бораи тасдиқ кардани қоидаҳои расонидани хизматҳои коммуналӣ» таҳти рақами 194 (маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қонунмандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, соли 2014, шумораи 30-юм, моддаи 368-ум) ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Тарифҳои хизмати аз ҳудуди шаҳр ва ноҳияҳои вилоят баровардани партовҳои маишии сахт ва моеъ мувофиқи илова тасдиқ карда шаванд.

2. Корхонаҳои давлатии унитарии «Тоза ҳудуд» ва «Мароқанд обод», ташкилотҳои ба тоза кардани санитарӣ ихтисосонида якҷо бо ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо:

дар муддати як моҳ дар ҳамкорӣ бо органҳои худидораи шаҳрвандон бо шахсони юридикӣ ва ҷисмоние, ки абонент (мизоҷ)-и онҳо дар расонидани хизмат доир ба ҷамъоварӣ ва кашондани партовҳои маишии сахт ва моеъ ҳастанд, шартнома баста, саривақт амалӣ намудани пардохтҳоро таъмин намоянд.

Ҷадвали маршрутҳоро доир ба кашондани партовҳои маишии сахт ва моеъ аз нав баррасӣ намуда, тасдиқ кардан ва дар асоси ҷадвалҳои тасдиқшуда кашондани партовҳоро таъмин намоянд.

3. Сарсадорати молияи вилоят (Б.Мирзоев) якҷо бо Садорати ғазначигии вилоят (Х.Тӯйчиев):

дар сметаи хароҷотҳои ташкилотҳое, ки аз буҷет бо маблағ таъмин мешаванд, аз рӯйи меъёрҳои муайяншуда барои хароҷоти кашонидани партовҳои маишии сахт ва моеъ ба нақша гирифта додани маблағҳои заруриро;
корхонаҳои давлатии унитарии «Тоза ҳудуд» ва «Мароқанд обод»-и вилояти Самарқанд бо ташкилотҳое, ки ба тоза кардани санитарӣ ихтисосонида шудаанд бар асоси шартҳои шартномаҳои дахлдори байни онҳо басташуда саривақт молиягузорӣ намудани маблағро таъмин намоянд.

4.Телевиденияи вилоятӣ (Д.Исматов), таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» (Ф.Тошев), Садорати экология ва ҳифзи муҳити атроф (Ғ.Неъматов), Садорати тандурустии вилоят (Д.Ҷумъаниёзов) якҷо бо ҳокимони шаҳру ноҳияҳо дар байни гурӯҳҳои васеи аҳолӣ тадбирҳоеро, ки ба зиёд шудани дониши ҳуқуқӣ ва санитарӣ-экологии аҳолӣ нигаронида шудаанд, ташкил намоянд.
Ҳангоми он дар барномаҳои телевизионие, ки ба масъалаҳои амалӣ намудани корҳои бо партовҳо вобаста бахшида шудаанд, фаъол ҷойгир намудани маълумотҳои рекламаи иҷтимоиро ба назар гиранд.

5. Қарори ҳокими вилоят аз 28-уми июни соли 2018 «Дар бораи муайян намудани тарифҳои нав барои хизматҳои санитарӣ-тозагӣ дар ҳудуд» таҳти рақами 416-Қ аз эътибор соқит карда шавад.

6. Гурӯҳи ахбору таҳлили ҳокимияти вилоят (М.Мирзоев), корхонаи давлатии унитарии «Маркази ривоҷдиҳии технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ»-и назди ҳокимияти вилоят (А.Анваров) дар рӯзномаҳои «Зарафшон»-у «Самаркандский вестник» расман эълон кардан ва ба веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят ҷойгир намудани қарори мазкурро таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини ҳокими вилоят А.Шукуров вогузошта шавад.

8. Қарори мазкур аз рӯзи расман эълон шуданаш ба амал медарояд.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
Шаҳри Самарқанд
25-уми январи соли 2019
шумораи 32-Қ

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: