Масоҳати боғҳои интенсивӣ васеъ мешавад

Масоҳати боғҳои интенсивӣ васеъ мешавад

Ӯролбой Исматуллоев 19 сол пеш аз наздикии ҷойи истиқоматиаш 5 гектар замин гирифта, хоҷагии фермерии «Дувлон ота»-ро ташкил кард. Ҳамон солҳо ӯ дар ноҳия аз фермерони ҷавонтарин буд. Аксарият хуб медонанд, ки «забон»-и заминро надониста, пеш бурдани корҳои деҳқонӣ душвориҳо дорад. Ӯролбой аз ноомадии соли аввал наҳаросид. Хатоҳои роҳдодаашро дар соли дигар ислоҳ намуд. Тамоми ғайраташро баҳри пешбурди кор сафарбар кард. Ба саҳро меҳр монд, заминро фиреб надода, ҳаққашро дод.
Ҳоло қариб 20 сол мешавад, ки ҳар сол супоришҳои ба зимма гирифтаашро барзиёд иҷро мекунад. Ҳосили себзор сол аз сол зиёд мегардад. Дар хоҷагӣ чорводориро ба роҳ монд. Аз ҳисоби даромади хоҷагӣ трактори маркаи «МТЗ-80»-ро бо тележка ва ускунаҳои дигараш харид. Инчунин, аз ҳисоби даромад хонаву ҷой сохт, тӯй кард. Соҳиби мошини русуми «Дамас» шуд. Аъзои хоҷагӣ низ аз даромадашон мамнун шуданд.
Имрӯзҳо ба обу ҳавои сарди зимистон нигоҳ накарда, фермер бо аъзоёни хоҷагӣ Муҳаммаду Сарвар, Акбар ва дигарон дар боғи интенсивии хоҷагӣ зарбдорона меҳнат мекунанд. Онҳо ба зери ҳар як ниҳоли себ нурии маҳаллӣ мерезанд, ҷӯйҳо, байни қаторҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза мекунанд.

Аз имкониятҳои ба фермерон додашуда истифода бурда, 2,5 сол пеш ба тарзи иловагӣ 4,7 гектар замин гирифтем. Ҳоло замини хоҷагиамон 9,6 гектарро ташкил менамояд, ки асосан боғ аст. Соли гузаш­та аз бонки тиҷоратии «Миллий банк» ба миқдори 14 миллион сӯм кредит гирифта, «Супер голден», «Крепсон» барин навъҳои серҳосили ниҳолҳои себро харида, боғи интенсивӣ бунёд кардем ва як тонна ҳосил гирифтем, – мегӯяд роҳбари хоҷагӣ Ӯ.Исматуллоев. – Дар молхонаи хоҷагӣ 10 сар гови ҷӯшоӣ ва 50 сар парранда парвариш мекунем…
Нияту орзуҳои ояндаи фермер калон аст. Вай мехоҳад, ки боз замин гирифта, чормағззор ташкил намояд. Шумораи говҳоро ба 30 сар, мурғҳоро бошад, ба 300 сар расонда, бо ин роҳ ҷойҳои нави корӣ бунёд созад.

Раббим ҲОТАМОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: