Марказҳои тиббии хусусӣ: пешрафт ва муаммоҳо

Марказҳои тиббии хусусӣ: пешрафт ва муаммоҳо

Дар вилояти Самарқанд 370 муассисаи хусусии тиббӣ амал мекунанд.
Мусоҳибаи хабарнигори ҷамоатӣ Ӯктам Иброҳим бо мудири Маркази тиббии травматология, ортопедияи «Тӯрақулов медикал сервис», номзади илми тиб Шавкат Тӯрақулов дар хусуси дастовардҳо ва муаммоҳои сектори хусусии тиб аст, ки ба таваҷҷӯҳи муштариёни «Овози Самарқанд» пешкаш мешавад.

Шавкат Ҳаққулович, оғози кор мушкил буд?

Албатта, ташкил намудани муассисаи хусусии табобат мушкилиҳои худро дош­танд. Дар ин маврид психологияи худро бозсозӣ кардан лозим буд. Ба фаъолияти табобатӣ масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ зам гардиданд.

Нияти кушоиши муассисаи хусусии табобатӣ чӣ тавр пайдо гардид?

Баъди ба нафақа баромадан ман дар хона нишаста, истироҳат карданӣ будам. Беморҳо бо хоҳиши табобатгирӣ ба хона ҳам меомаданд. Ин маро водор кард, ки табобатхонаи хусусиро таъсис диҳам.

Ба таври мушаххас бигӯем, кадом мушкилиҳо дар роҳи фаъолияти табобатгоҳи хусусӣ пайдо шуданд?

На танҳо дар соҳаи тиб, балки дар соҳаҳои дигар ҳам гирифтани рухсат ба фаъолият мушкилиҳои зиёдеро доштанд. Бо таъбири зарофатомези Аркадий Райкин бигӯем, «барои гирифтани справка справка гирифтан лозим буд». Бо шарофати қарорҳои Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев «Дар бораи ташкили шароитҳои иловагӣ доир ба рушди минбаъдаи муассисаҳои тибби хусусӣ» аз 29-уми декабри соли 2017 ва «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам ривоҷ додани сектори хусусии соҳаи ҳифзи тандурустӣ» аз 1-уми апрели соли 2017 ҳуҷҷатгирӣ осон гардид. Литсензияи нав­батиро барои фаъолият ман аз Самарқанд набаромада, бо кӯмаки Идораи нигаҳдории тандурустии вилояти Самарқанд ва «равзанаи ягона» гирифтам. Дар гузашта бошад, барои гирифтани литсензия се-чор бор ба пойтахт рафта меомадам.

Фарқҳои клиникаи хусусӣ ва муассисаҳои тиббии давлатӣ дар чӣ зоҳир мешаванд?

Ман алоҳида қайд карданиам: дар сектори хусусии табобат муомила ба беморон нармтар ва самимитар аст. Инчунин, клиникаҳои хусусӣ бо таҷҳизоти нави тиббӣ муҷаҳҳаз ва усулҳои нави табобат истифода бурда мешаванд.

Ба андешаи Шумо чаро бемориҳои чурра, остеохандроз беш аз пеш ба назар мерасанд?

Осебёбии аппарати такягоҳ ва ҳаракат бо бардоштани ҷароҳат алоқаманд аст. Инчунин, бо ҳаёти рӯзмарраи мо вобаста мебошад. Мо дар ин айём пиёдагардиро кам кардаем, машқҳои ҷисмонӣ намекунем, ба толорҳои варзишӣ намеравем, аз ҳад беш сериалҳои телевизиониро тамошо карда, вақтро мегузаронем. Пурхӯр гардидаем. Ҳамин тавр, гиподинамия ва пурхӯриҳо моро ба патологияҳо меоранд.

Ҳуҷҷатҳои меъёрии қабулгардидаи давлатӣ ба кору фаъолияти Шумо чӣ асар доштанд?

Шумо медонед, ки дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дигаргуниҳои бисёр ба амал омаданд. Онҳо таъсири эҷобии худро дар соҳаи мо, алалхусус, дар сектори хусусӣ ба амал оварданд. Рӯшод бигӯям, тафтишҳои ғаразомез кам гардиданд, кори мо осонтар шуд.

Барои пешгирӣ кардани бемориҳои аппарати такягоҳу ҳаракат чӣ мебояд кард?

Аз мушоҳидаҳои мо бармеоянд, ки дар мамлакатҳои бисёри ҷаҳон ба тарзи солими зиндагӣ рӯ оварда истодаанд. Барои пешгирии бамориҳои зикрёфта чӣ мебояд кард? Тамокукашӣ, нӯшидани барзиёди шаробро қатъ мебояд кард. Ҳар рӯз 30-40 дақиқа бо варзиши бадан машғул шудан лозим. Бештар дар ҳавои тоза сайр карда, меваҷот ва сабзавоти тоза хӯрдан лозим аст…

Рақобат дар миёни муассисаҳои давлатӣ ва хусусии табобат тезу тунд шуданаш мумкин аст. Шумо ба ин тайёр ҳастед?

Ба андешаи ман, ҳар ду муассиса якдигарро пурра мекунанд. Рақобат кӯмак мерасонад, ки ҳамқадами замон бошем, усулҳои нави табобатро ҷорӣ созем, таҷҳизоти тиббиро нав карда истем.
Мақсади ҳар ду хели табобат як — табобати беморон, боздоштани саломатии мардум ва пешгирии бемориҳо аст…

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: