Хазинаи дорувориҳо

Хазинаи дорувориҳо

«Баъзе одамон мунтазам дору мехаранд ва барои ин қариб 30 фоизи буҷети оилаи худро сарф мекунанд. Ҳол он, ки имконияти бепул табобат ёфтан доранд», ақида дорад духтури натуропати рус Семён Безродний.
Табиб растаниҳои шифобахшро дар назар дорад. Ба ғайр аз сабр – алоэ, ки мо бисёр хусусиятҳои шифобахшии онро медонем, боз «дарахти пул» ҳаст. Ҳарчанд ин растании бебаҳо бисёр паҳн нашудааст ва дар бораи он аксарият тасаввуроти комиле надоранд, он хазинаи дорувориҳост.
Ин растании Толстянка (фарбеҳак), ки зодгоҳаш Мадагаскар ва Африкаи Ҷанубӣ аст ва дар бешазорҳои тропикӣ ҳамчун растании ёбоӣ мерӯяд, дар дигар ҷойҳо низ паҳн шудааст. Он хелҳои зиёде дорад. Вале аз ҳама паҳнгаштаи он дарахтшакл аст. Онро инчунин «крассула», «жирянка» ҳам меноманд.
Аз рӯйи ақидаи мардум, ки он баргҳои фарбеҳ – шакли танга дорад, гӯё ба оила бойигариву фаровонӣ меорад. Бар замми ин вай бисёр хусусиятҳои шифобахшӣ дорад.
Дарахти пул доруи герписи лабҳост. Барои ин оби чанд барги онро ҷаббида гирифта, ба ҷойҳои зарбхӯрдаву харошёфта молидан лозим. Ин амал дар ҳар ним соат такрор карда шавад, одам аз герпес раҳоӣ меёбад.
Ин растанӣ барои ҷароҳати меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта низ фоида дорад. Ба воситаи он бемориҳои пиелонефрит, систит, ангина, танзилит, артрит, артроз, бавосил (геморрой), сӯхтагиҳо, буриданҳо ва ғайраро низ бемалол табобат кардан мумкин аст.


Таҳияи Б.ҶУМЪАЕВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: