Дар як сол – 2,5 миллион дона лампочкаи камхарҷ

Дар як сол – 2,5 миллион дона лампочкаи камхарҷ

Дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Мароқанд кабел инвест”-и ноҳияи Пастдарғам ҳар сол 2,5 миллион дона лампочкаи замонавии каммасрафи LED истеҳсол карда мешавад.
– Фаъолияти худро бо итсеҳсоли маҳсулоти гуногунҳаҷми кабелии алюминӣ ва мисин оғоз кардам, — гуфт директори ҷамъият Ӯлмас Оллоёров. – Аз соли 2018 истеҳсоли 10 намуди лампочкаҳои каммасрафи гуногунваттро ба роҳ мондем. Ҳоло дар корхонаамон 120 нафар коргар кор мекунанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаамон ба бозорҳои дохилӣ расонида шуда, ба хориҷа низ экспорт мегарданд. Соли гузашта ҳаҷми экспорти маҳсулотамон 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил карда, асосан ба Тоҷикистон ва Қирғизистон фурӯхта шуд.

Б.МУСТАНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: