Баландбардории маданият ва шуури ҳуқуқӣ

Баландбардории маданият ва шуури ҳуқуқӣ

Бо мақсади таъмини Фармони Президенти мамлакатамон аз 9-уми январи соли ҷорӣ таҳти рақами ФП-5618 «Дар бораи боз ҳам такмил додани сохтори афзунсозии маданияти шуурӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷамъият» дар коллеҷи касбиву ҳунарии маишии Ҷартеппаи ноҳияи Ургут бо иштироки нозирони боҷхона, назорати сарҳадӣ, профилактикӣ, фаъолони маҳалла ва аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Тадбирро директори коллеҷ А.Ҷумъаев ифтитоҳ бахшид. Сипас, ҷонишини сардори Садорати боҷхонаи вилоят А.Аҳлимирзоев таъкид намуд, ки дар давоми солҳои охир ходимони садорат дар ҳамкорӣ бо ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот корҳои зиёдеро аз рӯйи ҳифзи осоиштагӣ дар мамлакат, пешгирии маводи тарғибкунандаи зӯравонӣ, терроризм, экстремизм, порнография ва ғайра, ки бо ҳар гуна роҳҳо ба мамлакат ворид мешаванд, ба сомон расонида шудааст.
Хусусан, аз тарафи ходимони пос­ти боҷхонаи сарҳадии «Ҷартеппа» дар давоми фаъолияти соли гузашта дар 7 ҳолат маводи тарғибкунандаи беҳаёӣ (файлҳои видео ва фотосуратҳо), дар 5 ҳолат маводи тарғибкунандаи мазмуни динӣ, дар 4 ҳолат маводи тарғибкунандаи зӯроварӣ ва бешафқатӣ аниқ гардидааст.
Ғайр аз ин, дар 80 ҳолат бо роҳҳои ноқонунӣ тавассути сарҳади боҷхона ба мамлакат даромадани 148 адад телевизор пешгирӣ карда шудааст.


Хизмати ахбори Садорати боҷхонаи вилоят.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: