Мактаби садсола

Мактаби садсола

Шояд аксарият аз он бехабаранд, ки мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд садсола шуд.
Таърихи мактаб аз соли 1919 сарчашма гирифта, бо фармони ҳукумати шӯро дар бораи ба мавҳи бесаводӣ дар яке аз ҳуҷраҳои масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ фаъолияти хешро оғоз намудааст. Ҳамон вақт мактаб ҳамагӣ ду-се нафар муаллим ва қариб 20 нафар толибилм дошт. Мактаби нави ҷадидӣ нахуст ҳафтсола, сипас, даҳсола гардид. Бо гузашти айём дар деҳаи Ӯрташайх барои мактаб бинои нав қад афрохт.
Ҳоло 65 адад утоқи дарсӣ, толори варзиш, ошхона, китобхона дар ихтиёри хонандагон аст. Ба 2065 нафар толибилм беш аз 110 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба сабақ медиҳанд.
Яке аз устодони куҳансол Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ аст, ки собиқаи меҳнатии 48-сола дошта, барҳақ таърихи «зинда»-и мактаб мебошад.

Агар хотираам фиреб надиҳад, — мегӯяд А.Қаҳҳорӣ, — дар давоми 60-70-соли охир ба таълимгоҳи мо Музаффара Рауфова, Сайфиддин Нарзиев, Раҳматуллоҳ Баҳриев, Ҳабиб Аюбов, Насимхон Маҳмудов, Сайёра Аҳророва (Худо раҳмат кунад!) Сурайё Ғаниева, Абдурафиқ Маъруфӣ, Зумрад Салахова ва дигарон сарварӣ кардаанд. Ҷаъфар Ҳодизода (падари адабиётшиноси маъруф Расул Ҳодизода), Энвер Рубинов, Бердӣ Ҳамроев, Анастасия Иванова, Александра Болшакова, Неъматҷон Шарифов, Барно Исмоилова, Солеҳҷон Шодиев, Азиз Остонақулов, Адаш Пӯлодов ва даҳҳо дигар омӯзгорон барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузоштанд. Шогирдони онҳо дар соҳаҳои гуногун пурсамарона меҳнат карда, номи мактабро на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар гӯшаву конори дунё маълуму машҳур намуданд.
Алалхусус, мактаб соҳибқаламони зиёдро ба камол расонд. Дар байни онҳо шоиру нависандагон чун устод Шодон Ҳаниф, Ҳамроқул Шодиқулов, Хуршед Қамар, Амриддин Ҷалолов, Маннон Розиқов (равонашон шод бод!), адибони маъруфи муосир Адаш Истад, Ҳаёт Неъмат, Нормурод Каримзода, Бахтиёри Ҷумъа, Мирсафо Камолӣ ва дигарон мебошанд, ки номаи камолро аз ин таълимгоҳ гирифтаанд. Инчунин, профессори Донишгоҳи давлатии Москва Холмурод Ҳасанов, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аҳмадҷон Солеев, устоди донишкадаи Торонто (Канада) Тоҳир Шодиев, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Новосибирск (Россия), доктори фанҳои физика-математика Тоҳир Ҳасанов, академик-мусаввир Аслиддин Исоев гули сари сабади ҷомеаи имрӯза ҳастанд, ки мо бо онҳо мефахрем.

Дар ду соли охир, — гуфт директори мактаб Дилсора Юсуфова. — Сарвари давлатамон барои куллан тағйир ёфтани ҷараёни таълим ва ба андозаи байналхалқӣ ҳамоҳанг намудани он якчанд қарору фармонҳо қабул кардаанд, ки ба дастури мо табдил ёфт. Маоши мо афзуд ва барои нафақахӯрон имтиёзҳои калон дода шуд. Мо ҷавобан ба ғамхорӣ дучанд меҳнат карданамон лозим. Натиҷаи ғайрату меҳнати фидокоронаи муаллимон аст, ки якбора шаш нафар хонандагони мо дар зинаи ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ ҷойи аввалро ба даст оварданд. Хонандаи синфи XI Манижа Бурҳонқулова аз фанни забони модарӣ ва адабиёт (омӯзгор Зулфизар Исломова), Фаридун Рӯзиқулов аз математика (омӯзгор Мавҷуда Умарова), Фирдавс Ӯрунов аз кимё (омӯзгор Мунира Абдуллоева), Моҳина Илҳомова аз ҷуғрофия (омӯзгор Зебо Сиддиқова), Рухшона Мизробова аз математика (омӯзгор Сайёра Мирсаидова) исбот кардаанд, ки таҳкурсии пурқувват доранд. Онҳо шарафи ноҳияро дар зинаи вилоятии озмун ҳимоя хоҳанд кард.
Албатта, дар ин комёбӣ хизмати ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат Фарида Аҳмадова, муаллимони пешқадаму навовар Майсара Раҳматова, Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ, Ҷамшед Холов, Муҳиба Музаффарова, Фарида Ҷабборова, Акмал Эшқувватов, Манзура Зарифова, Заррина Олимова ва дигарон калон аст.
Дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд Президенти мӯҳтарами кишвар Шавкат Мирзиёев нутқ эрод намуда, дар назди мо – муаллимон вазифаҳои таъхирнопазир гузоштаанд, ки иҷрои он ҳам қарз асту ҳам фарз. Мо дар навбати худ мекӯшем, ки дар солномаи мактаб саҳифаҳои нав кушоем, ки ба таърихи якасраи худ арзад. Охир замоне мактаби мо на танҳо дар Самарқанд, балки дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди шӯравӣ шӯҳрати калон дошт. Ҳамагӣ се сол пеш мактаб дар мамлакат ҳамчун таълимгоҳи ободу зебо ба ҷойи аввал соҳиб гашт.
Мо ният дорем, ки дар арафаи иди муаллимон садсолагии боргоҳи таълимиро тантанавор пешвоз гирем. Ба ин муносибат, нақшаи чораву тадбирҳоро таҳия намудем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: