Мундариҷаи ғоявии ашъори форсӣ–тоҷикии Фонӣ

Мундариҷаи ғоявии ашъори форсӣ–тоҷикии Фонӣ

Низомиддин Мир Алишер Навоӣ сардафтари адабиёти мумтози ўзбек буда, бо асарҳои барҷастааш на танҳо дар таърихи адабиёти ўзбек, балки дар адабиёти ҷаҳон мавқеи ба худ хосро соҳиб аст.
Алишер Навоӣ қобилияту истеъдоди аҷиб дошт. Аз худ кардани илмҳои гуногун, аз бар намудани абёти зиёди шоирон чашми Навоиро ба шоҳроҳи шеъру шоирӣ кушод. Илова бар ин, ҳамчун Абдураҳмони Ҷомӣ устод дошт, ки дар пешрафти эҷодии ў саҳми арзанда гузошт. Навоӣ аз хурдӣ ба шеър гуфтан оғоз кард. Ў ҳам ба забони ӯзбекӣ ва ҳам бо забони тоҷикӣ-форсӣ шеър эҷод мекард. Навоӣ дар 15 – солагиаш ҳамчун шоири зуллисонайн, ки ба забони ўзбекӣ бо тахаллуси «Навоӣ» ва форсӣ – тоҷикӣ бо тахаллуси «Фонӣ» эҷод мекард, машҳур гашт.
Алишер Навоӣ аксарияти асарҳояшро ба забони модарӣ-туркӣ иншо кардааст. Як қисми асарҳояшро ба забони тоҷикӣ-форсӣ низ офаридааст. Аз мутолиаи ашъори тоҷикии адиб равшан мегардад, ки ў хусусияти наз­ми тоҷикиро хеле хуб медонистааст. Худи шоир ба ин маънӣ ишорат карда, чунин мегўяд:
Маънии ширину рангинам ба туркӣ беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои самин, чун бингарӣ.
Гўиё дар ростбозори сухан бикшудаам,
Як тараф дўкони қаннодиву як сў заргарӣ.
Навоӣ муаллифи «Девони Фонӣ» мебошад, ки ин девон аз 12 ҳазор мис­раъ иборат буда, дар он ашъори форсӣ-тоҷикии шоир ҷамъоварӣ шудаанд. “Девони Фонӣ” беш аз 550 ғазал, 1 мусаддас, 1 марсияи таркиббанд, 73 қитъа, 72 рубоӣ, 16 таърих, 9 чистон, 373 муамморо дар бар мегирад.
Як хусусияти муҳими девони Навоӣ аз он иборат аст, ки адиб пеш аз ҳар як ғазал ба кадом шоири гузашта пайравӣ карда эҷод карданашро зикр мекунад. Масалан, «Татаббўи Мир Хусрав», «Татаббўи ҳазрати Махдумӣ» ва ғайра.
Ғазалҳои Навоӣ бештар дар пайравии ғазалиёти Амир Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва Ҷомӣ эҷод шудаанд. Мавзўъҳои ғазалиёти Навоӣ гуногунанд. Вале шоир бештари онҳоро дар мавзўи ишқ сурудааст. Шоир баъзан дар ғазалҳояш лирикаи ишқиро бо лирикаи иҷтимоӣ омезиш медиҳад. Ин хусусият дар ҳамаи ғазалҳое, ки дар пайравии Ҳофиз гуфтааст, ба назар мерасад. Масалан, дар ин байт шоир аз носозиҳои замон, фитнаю найранг, тўҳмату бўҳтонҳои як гурўҳ одамони пастфитрати рўзгораш шикоят карда, орзу дорад, ки онҳо росткору ростқавл монанди алиф, мисли қади ёраш рост бошанд:
Каҷҷиву кўтаҳии давр малулам доранд,
Рост хоҳам, алифи қомати дилдор куҷост?
Навоӣ дар ғазалиёташ зебоиҳои ҳаётро бо як ҳиссиёти баланд тараннум мекунад. Шоир омадани баҳору шукуфтани гулҳои рангорангро васф карда, одамонро даъват мекунад, ки умри инсон ғанимат аст, аз ин зебоиҳои ҳаёт баҳра бояд бурд:
Омад баҳори дилкашу гулҳои тар шукуфт,
Дилҳо аз он нишот зи гул бештар шукуфт.
Дил аз сабоҳати рухи хубат кушода шуд,
Монанди ғунчае, ки ба вақти саҳар шукуфт.
Соқӣ, баҳор шуд, қадаҳам рез лаб ба лаб,
Хоса, ки аз шукуфа чаман сар ба сар шукуфт.
Қитъа ва рубоиёти Навоӣ низ соддаю равон буда, дар мавзўъҳои гуногун суруда шудаанд. Шоир дар қитъаоти худ хислатҳои наҷиби инсониро тараннум карда, дар баробари он тамаъкорӣ, мардумфиребӣ, дурўғгўйӣ, золимӣ барин сифатҳои пастро мазаммат намудааст. Чунончи, дар ситоиши мардию саховатмандӣ мегўяд:
Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,
Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр.
Ба пошидан чӣ нуқс ояд ба дарё,
Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр?
Ғайр аз ин, Навоӣ ба забони тоҷикӣ ду маҷмӯаи қасида дорад, ки яке “Ситтаи зарурия” буда, аз қасидаҳои “Руҳ ул-қудс”, “Айн ул-ҳаёт”, “Тӯҳфат ул-афкор”, “Қут ул-қулуб”, “Минҳоҷ ун-наҷот” ва “Насойим ул-хулд” иборат аст. Дигаре “Фусули арбаъа” буда, қасидаҳои “Саратон”, “Баҳор” ва “Дай”-ро дар бар мегирад.

Заррина РУСТАМОВА, омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд.

Татаббӯъи Навоӣ ба шайх Саъдӣ

Эй, ба гулистон ҳазор наргиси шаҳло,
Дар гилу гулзори оразат ба тамошо.
Лолаву гул аз таҷаллии ту ба хубӣ,
Қумрию булбул зи шавқи ту ба алоло.
Дар рухи рӯз аз рухи ту бориқаи меҳр,
Дар дили шаб аз ғами ту мояи савдо.

Ошиқи бедил зи шавқи рӯи ту Маҷнун,
Карда баҳона, вале муҳаббати Лайло.
Орази Юсуф намуда ламъаи рӯят,
3-ӯ шуда машъуфу зори ишқ Зулайхо.
Гоҳ дар оини ошиқӣ шуда зоҳир,
Ҳам шуда бар ҳусни хеш волаву шайдо.
Гоҳ ба маъшуқ шеваги-т тасаҳҳуб,
Ҳам ба худ аз ноз карда ғорату яғмо.
Ошиқу маъшуқу ишқ ҷумла худӣ, бас,
Ҳар нафас аз як либос гашта ҳувайдо.
Дар ду ҷаҳон ошиқи ту гашт чу Фонӣ,
Соз фано ҳам ба ишқи хештан ӯро.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: