Комёбии гӯштингирони вилоятамон

Комёбии гӯштингирони вилоятамон

дар мусобиқаи байналхалқӣ

Дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи захираҳои олимпии ҷумҳурӣ бори аввал бахшида ба хотираи Лев Кас доир ба гӯштии юнон-румӣ мусобиқаи байналхалқӣ гузаронида шуд.
Дар мусобиқа, ки байни гӯштингирони солҳои таваллудашон 2003-2004 ташкил гардид, паҳлавонҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз рӯйи 10 тоифаи вазн зӯри бозуи худро санҷиданд.
Хурсандиовар аст, ки дар ин мусобиқаи байналхалқӣ вакилони вилоятамон муносиб иштирок карда, Қувончбек Яхшибоев ва Диёр Бектӯраев дар тоифаи вазни худ ҷойи аввалро ба даст оварданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: