Зевари дунё

Зевари дунё

Бо ташаббуси шӯъбаи самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Маркази ҷавонони вилоят тақдимоти китоби дуввуми эҷодкори ҷавон Маликаи Бахтиёр баргузор гардид. Дар он ходимони иттифоқ, аъзоёни маҳфили «Садоқат»-и назди иттифоқ ва дигар китобдӯстон иштирок намуданд.
Тадбирро сарвари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекис­тон Тошпӯлод Тугалов кушода, оиди китоби нави Маликаи Бахтиёр «Зевари дунёст набера» («Дунёнинг безагидир набира»), аҳамияти он дар тарбияи насли наврас, сулолаи хонадони Ориф Гулханӣ ва ғайра сухан ронд.
Сипас, шоира Зӯҳро Эшонқулова, муҳаррири китоб Ҷумъагул Сувонова, шоира ва тарҷимон Ҳамида Каримова, қаламкашони ҷавон Наим Нур, Ноила Насимова, Паризода Рустамова ва дигарон оиди дастоварду муваффақият ва афзалияти китоби мазкур муфассал баромад намуданд.
«Зевари дунёст набера» аз маҷмӯи ҳикоёти аз ҳаёти ворисони хурдсоли хонаводаи Гулхании Самарқандиҳо иборат мебошад. Он аз ҷониби нашриёти «Noshirlik yog’dusi» соли гузашта ба теъдоди 1000 нусха чоп шудааст. Ин китоб барои кӯдакони синни томактабӣ, хонандагони синфҳои ибтидоӣ, падару модарон ва ононе, ки бо тарбияи насли наврас сару кор доранд, пешбинӣ шудааст. Китоб бо дастгирии маънавӣ ва моддии абераи Ориф Гулханӣ — Ҷӯрабек Ориф нашр гардидааст.
Дар китоб шеъри шоир Нормурод Каримзода «Зевари дунёст набера» (дар тарҷимаи шоир Ориф Ҳоҷӣ) ҷой дода шудааст. Муаллифони суратҳои муқова Арбоби Хизматнишондодаи Ӯзбекистон шодравон Даврон Сафоев ва рассом Баҳром Сафоев мебошанд. Ба китоб профессорон Садрӣ Саъдиев ва Жӯлибой Элтазаров тақриз навиштаанд.

Баъди 5 соли ҳамкорӣ бо набераҳо Маликабону кирдору рафторҳои онҳоро ҳамчун ҳикоячаҳо навишта, оиди таҳияи китобе фикри худро баён карданд. Аз ин сарам ба осмон расид. Дар болои китоб се сол меҳнат карданд ва ниҳоят китоб аз чоп баромад. Ҳар ду бо машварат китобро ба хотираи дӯсти наздики хонадони Орифиҳо, муаллими забон ва адабиёти рус, бонуи равшанфикр Биллур Шамил бахшидем, — гуфт зимни суханронӣ роҳбари Хона – музейи Ориф Гулханӣ — Муқимҷон Орифӣ.

Китоби эҷодкори ҷавон Маликаи Бахтиёр зебо навишта шудааст. Китоб баробари муваффақиятҳо камбудиҳои ҷузъӣ низ дорад. Дар китоб меҳру садоқат ва оқибат дар оила, меҳрубониҳои бобову падарон нисбати набераҳо тараннум гардидааст, – изҳори ақида намуд муҳаррири китоб Ҷумъгул Сувонова.
Дар поёни тадбир Маликаи Бахтиёр барои изҳори фикру ақида ба иштирокдорони тадбир миннатдорӣ баён намуд.
Муқимҷон Орифӣ ба ҳамаи иштирокдорон гул ва китоби Маликаи Бахтиёр «Зевари дунёст набера»-ро тӯҳфа намуд.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: