Бузургдошти шоир ва мутафаккир

Бузургдошти шоир ва мутафаккир

Ҳар сол зодрӯзи султони мулки шеъри ӯзбек Мир Алишер Навоӣ дар мамлакатамон бо тантанаю шукӯҳ таҷлил мегардад. Тантанаҳои имсола ҳам имрӯз аз гулгузорӣ дар пояи пайкараи босалоботи шоир, ки дар Боғи марказии истироҳатии шаҳри Самарқанд ба номи ин алломаи бузург оғоз меёбад. Дар тадбир иштироки намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, мухлисони шеъру адаб, олимони навоишинос, шоиру адибон, донишҷӯёну толибилмони зиёд дар назар аст.
Инчунин, дар Музейи давлатии таърихи маданияти Ӯзбекис­тон “Шоми мақом” барпо гардида, сарояндагон аз ғазалиёти шоир мумтоз Алишер Навоӣ месароянд.
Ғайр аз ин, дар Театри драмаи мусиқии вилоят барои хонандагони мактабҳои таълими умумӣ, коллеҷҳои касбиву ҳунарӣ ва литсейҳои академӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва вакилони ҷамоатӣ бепул намоиш додани драмаи “Сайқали Самарқанд” (“Самарқанд сайқали”)-и Иқбол Мирзо дар назар аст.


Мухбири худамон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: