Муҳокимаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Муҳокимаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Дар шаҳри Каттақӯрғон тақдимоти
лоиҳаҳо барои солҳои 2019-2020 баргузор гардид. Дар он лоиҳаҳое, ки бо иштироки капитали хориҷӣ дар ноҳияҳои Пахтачӣ, Нарпай, Иштихон, Қӯшработ, шаҳр ва ноҳияи Каттақӯрғон бояд амалӣ шаванд, муҳокима шуд.
Дар тадбир ҷонишинҳои ҳокимони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз рӯйи масъалаҳои инвеститсия, тадбиркорони хориҷӣ ва маҳаллӣ, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин, ташаббускорони лоиҳаҳо иштирок дошта, истиқбол ва имконоти ҳар як лоиҳаро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ аз рӯйи 11 лоиҳаи ояндадор, ки ҳамкорони хориҷӣ ба миқдори 563,5 миллион доллари амрикоӣ сармоя медароранд, муҳокима гардид. Дар тадбир ба самарадории иқтисодии лоиҳаҳо, ҷойҳои корӣ, имконоти содирот, манбаи ашё эътибори ҷудогона дода шуд.


Чунин тадбир дар корхонаи муштараки “JV MAN AUTO UZBEKISTAN”-и ноҳияи Ҷомбой низ баргузор гардид. Дар он лоиҳаҳои инвиститсионие, ки солҳои 2019-2020 дар ноҳияҳои Ҷомбой, Тайлоқ, Пайариқ, Булунғур ва Оқдарё амалӣ мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар тақдимот ҳар як ҷиҳати лоиҳаҳо, мисли истиқбол ва ҷойҳои кории ба вуҷуд оваранда, сармояи дохилшаванда, рақобатбардорӣ, қувваи истеҳсолӣ ва экспорти маҳсулотро муҳокима намуданд.
Масалан, солҳои 2019-2020 дар ноҳияи Ҷомбой 165 лоиҳаи арзиши умумиаш 1030 миллиард сӯмина ба нақша гирифта шуда, 20377 ҳазор доллари он аз ҳисоби маблағи сармоядорони Доминикан, Туркия, Канада, Украина, Хитой ва Россия амалӣ мегардад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани лоиҳаҳо, дар ноҳия зиёда аз 3000 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд меояд.

Мо бо ҳамкорони япониамон дар маркази ноҳияи Тайлоқ лоиҳаи сохтмони гипермаркети панҷқабатаро ба нақша гирифтаем, ки дар вилоят мислаш вуҷуд надорад, — гуфт роҳбари корхонаи хусусии “JAPAN TRADING GROUP Co” Ботир Қорахӯҷаев. – Арзиши умумии лоиҳа 8,3 миллиард сӯм буда, ба воситаи сармояи бренди 1-миллиондоллараи машҳури Япония – “Donkey Hotte” молиявӣ кунонида мешавад ва то охири соли ҷорӣ ба кор дароварда, 35 ҷойи корӣ ба вуҷуд меояд. Лоиҳаи дуюмамон, ки ба истеҳсоли дастпӯшак ва сӯзандоруҳои тиббӣ нигаронида шудааст, низ дар асоси сармояи 2,5-миллиондоллараи ҳамкорони япониамон амалӣ гардида, дар натиҷа, 120 нафар аҳолии маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд.
Дар тақдимотҳо ҳокими вилоят Э.Турдимов иштирок намуда, таъкид кард, ки бонкҳои тиҷоратӣ бояд ба ёрирасони наздиктарини тадбиркорон табдил ёбанд ва баъзе лоиҳаҳо боз ҳам такмил дода шаванд. Инчунин, ба ҳокимони ноҳияҳо барои пешгирии ба муаммоҳо дучоршавии сармоядорони хориҷӣ ва тадбиркорон, оиди ба вуҷуд овардани шароитҳои зарурӣ дар масъалаҳои замин, об, барқ, коммуникатсия супоришҳо дода шуд.

Хизмати ахбори
ҳокимияти вилояти Самарқанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: