Тақдимоти филми «Берлин — Оққӯрғон»

Тақдимоти филми «Берлин — Оққӯрғон»

Бо ташаббуси филиали вилоятии Корхонаи давлатии унитарии Агентии миллии «Респуб­лика кинопрокат маркази»-и Ӯзбекистон дар коллеҷи педагогии шаҳри Самарқанд тақдимоти филми публисистӣ — бадеии «Берлин — Оққӯрғон» ва вохӯрӣ бо эҷодкорони филм шуда гузашт. Дар тадбир ҷамоаи коллеҷ, шунавандагони Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вилоят, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ ва ҳаводорони кино иштирок намуданд.
Тадбирро роҳбари филиал Фармон Розиқов кушода, меҳмонон – режиссёри филм Зулфиқор Мусоқов, Артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Сейдулла Молдаханов, продюсери филм Шӯҳрат Ҳамидуллоев ва дигаронро ба ҳозирон шиносонид.
Таъкид гардид, ки филм маҳз барои ҷавонон пешбинӣ шудааст. Кадрҳои он дар ҳудуди мамлакатҳои Германия, Полша, Россия ва Ӯзбекистон наворбардорӣ гардидааст. Дар филм тақдири халқ дар солҳои ҷанги хонумонсӯз нишон дода шудааст.
Дар вохӯрӣ З.Мусоқов, С.Молдаханов ва дигар эҷодкорони филм ба саволҳои иштирокчиён ҷавоб доданд.

Дирӯз баъди дарс дар ҳамин толор филмро тамошо кардем. Он дар ҳар яки мо таассуроти калон гузошт. Дар филм заҳмату изтироби одамони мавзеи Оққӯрғон ифодаи худро ёфтааст. Ба эҷодкоронаш ташаккур мегӯем, — изҳори ақида намуд яке аз иштирокдорони тадбир, муаллимаи мактаби таълими умумии рақами 39-и ноҳияи Иштихон Севара Муродова.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: