Лоиҳаи нав дар амал

Лоиҳаи нав дар амал

Тавре, ки хабар дода будем, аз 21-уми январи соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар ҳамкории Садоратҳои таълими халқӣ, миёнаи махсус ва касбиву ҳунарии вилоят дар муассисаҳои таълимӣ лоиҳаи “Як рӯзи сардори ташкилоти ибтидоӣ” оғоз гардида буд.
Дирӯз дар мактаби таълими умумии рақами 14-и ноҳияи Самарқанд дар доираи лоиҳа як қатор тадбирҳо гузаронида шуд.
Нахуст, хонандагон дар саҳни мактаб ҷамъ омаданд ва сардори ташкилоти ибтидоии Иттифоқи ҷавонони мактаб Содиқ Самиҷонов оиди корҳое, ки дар давоми ҳафта иҷро кардан лозим аст, маълумот дод. Сипас, сардори равияи «Клуби матбуот»-и мактаб Р.Ҳалимова доир ба навигариҳои Ўзбекистон ва кишварҳои хориҷа ҳарф зад. Сардори равияи «Тандурустӣ ва экология»-и мактаб М.Насриддинова оиди аҳамияти риоя ба қоидаҳои гигиенӣ дар солимии инсон сухан кард.
Дар доираи тадбирҳо бо иштироки раиси ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи «Қумзор» З.Ҳалимов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия Б.Раҷабов, ҷонишини директор доир ба корҳои маънавӣ-маърифатӣ З.Аминова дар мавзўи «Пешгирии ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ дар байни ҷавонон» барои хонандагони синфҳои IX-X сўҳбати гирди мизи мудаввар барпо гашт. Ба иштироккунандагон дар доираи мавзӯъ филм намоиш дода шуд.
Инчунин, бо ташаббуси сардорони равияҳои «Иттифоқ» ва «Корҳои маънавӣ-маърифатӣ ва ахлоқӣ» Г.Нуриддинова ва Н.Баҳронова барои таҳсилгирандагон дар мавзӯи «Ман ҳам роҳбар мешавам» ва «Ман ҳам соҳибкор мешавам» вохӯрӣ гузаронида шуд.
Аз тарафи сардорони мактаб лоиҳаҳои «Китобе, ки хондам”, «Ҷевони китобҳои ман» ва «Зодрўз» дар амал татбиқ гардид. Бо сарварии сардори мактаб доир ба равияи «Варзиш ва самти ватанпарварии ҳарбӣ»-и мактаб З.Камолов дар байни хонандагони синфи чорум таҳти шиори «Ман фарзанди Ватани азизам» мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд, ки дар он хонандагони синфи IV-А ғолиб шуданд.

Ҳасан СОДИҚОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: