Ташрифи доктори донишгоҳи фанҳои исломии Малайзия

Ташрифи доктори донишгоҳи фанҳои исломии Малайзия

Дирӯз доктори донишгоҳи фанҳои исломии Малайзия Муҳаммад Юсуф Халид бо ҳамроҳии мутахассиси шӯъбаи алоқаҳои байналхалқии Академияи исломии Ӯзбекистон Баҳодур Хӯҷаев ба Маркази илмиву тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ (МИТБИБ) ташриф оварданд. Он дар доираи Меморандуми имзонамудаи байни МИТБИБ, Академияи исломии Ӯзбекистон ва USIM баргузор гардид.
Дар толори музокиравӣ бо иштироки директори Марказ Ш. Зиёдов ва ҷамоаи илмӣ бо меҳмон вохӯрӣ гузаронида шуд. Нахуст, Ш. Зиёдов ба меҳмонон оиди фаъолияти Марказ ва корҳои илмиву амалии дар он амалишаванда ҳарф зад. Сипас, доктор Муҳаммад Юсуф Халид доир ба фаъолияти донишгоҳи фанҳои исломии Малайзия, факултет ва шӯъбаҳои он, корҳо дар соҳаи ҳамкориҳои байналхалқӣ, хусусан, имкониятҳои доираи илмӣ маълумот дода, ба саволҳои ҳозирон ҷавоб гардонид. Ӯ бо мақсади боз ҳам вусъат додани алоқаҳо тадқиқотчиёни ҷавонро барои таҳсил гирифтан ба донишгоҳи фанҳои исломии Малайзия таклиф намуд. Олимони Марказ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ бо доктор Муҳаммад Юсуф Халид муоҳида намуданд. Дар давоми вохӯрӣ тӯҳфаҳо супорида, ба меҳмон буклет ва маълумотномаҳо дар бораи Марказ, ки дар марказ чоп шудаанд, супурда шуд.

Ф.МУҲАММАДҶОН.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: