Навоӣ ва шоирони Самарқанд

Навоӣ ва шоирони Самарқанд

Эҷодиёти Мир Алишер Навоӣ дар баробари фаро гирифтани соҳаҳои гуногун, аз ҷиҳати адабӣ низ аҳамияти бузург дорад. Аз ҷумла, дар асари пурарзиши “Маҷолис-ун-нафоис” доир ба ҳаёт ва фаъолияти адабии шоирони гузашта маълумоти зиёд оварда шудааст. Навоӣ дар ин тазкираи худ дар хусуси шоирони ҳамондавраи Самарқанд низ маълумот додааст.
Як нуктаеро бояд қайд намуд, ки вақте мо ба навиштаҳои бисёр адабиётшиносони шинохта диққат медиҳем, ҳангоми ба адабиёти давраи мазкур мувоҷеҳ шудан, маълум мегардад, ки аксар ба минтақаҳои дигар, аз қабили Хуросону Эрон ва дигар навоҳӣ эътибор дода, аммо махсусан адабиёти Мовароуннаҳри ин давраро сарфи назар намудаанд. Гӯё дар ин давра адабиёт дар Мовароуннаҳр ба тамом рӯ ба нестӣ овардаву шоиру эҷодкори намоёне ба назар намерасанд. Хусусан, дар Самарқанд, ки он вақт пойтахти давлати Темуриён буд, гӯё дар соҳаи адабиёт кори назаррасе ба анҷом нарасидааст. Аммо тадқиқи ҷиддитар ва амиқ баръакси инро нишон медиҳад. Дар натиҷаи аз худ намудани осори боқигузоштаи адибони ин давра маълум мешавад, ки дар Самарқанд баъд аз ба сари ҳокимият омадани Амир Темур адабиёту фарҳанг низ ҷон гирифт, аз решаҳои қадимии худ, ки хеле ба давраҳои қадим мепайвандад, ба сабзиш оғоз намуда, боз самараҳои неки худро овард.
Тазкираи Навоӣ бошад, дар тадқиқи адабиёти ин давра яке аз манбаъҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар бораи шоироне, ки дар Самарқанд дар давраи ҳукмронии Амир Темур зиндагӣ ва эҷод намудаанд, аз қабили Абдулмалики Исомӣ, Сироҷиддин Бисотӣ, Хоҷа Исмати Бухороӣ, маълумотҳои дақиқ медиҳад.
Чунончи, дар бораи Бисотӣ оварда шудааст, ки ӯ дар аввал бӯрёбоф буд, аз ин сабаб бо тахаллуси “Ҳасирӣ” шеър навиштааст. Вақте ки Хоҷа Исмат аз шоирии ӯ огоҳӣ меёбад, ба ӯ мегӯяд, ки ҳасир шоистаи бузургон нест, бояд аз ин баъд “Бисотӣ” тахаллус намояд. Нусхаҳои девони шоир то ба мо омада расидааст, аммо дар он танҳо шеърҳои бо тахаллуси Бисотӣ эҷоднамудаи ӯ вуҷуд доранд. Маълум мешавад, ки шоир дар давраи ҳукмронии Амир Темур эҷод намуда, дар васфи Соҳибқирон ва дигар саркардагони салтанати ӯ қасидаҳо навиштааст. Аммо Бисотӣ, асосан бо ғазалиёти худ шӯҳрат ёфтааст. Навоӣ нақл мекунад, ки боре дар базми шоҳзода Султон Халил, ки баъд аз бобои худ Амир Темур дар Самарқанд ҳукмронӣ намудааст, мутрибон ғазалеро замзама мекунанд. Матлаи он чунин аст:
Дил шишаву чашмони ту ҳар гӯша барандаш,
Мастанд, мабодо, ки баногаҳ шиканандаш.

Халил Султон аз шунидани ғазал ба ваҷд омада, мепурсад, ки муаллифи он кист? Хоҷа Исмат ҷавоб медиҳад, ки аз шоир Бисотист. Шоҳзода ба шабҳангом будани вақт нигоҳ накарда, амр мекунад, ки фавран ӯро ҳозир намоянд. Баъд аз омадани Бисотӣ ба ӯ ҳазор динори зар ҳадя мекунад. Ҳамин воқеаро тазкиранависи дигар Давлатшоҳи Самарқандӣ низ дар “Тазкират-уш-шуаро”-и худ оварда, мегӯяд, ки “Халил Султон бо вуҷуди соҳиб будан ба хазинаи давлат камҳимматӣ намудааст. Ҳол он ки ғазали Бисотӣ ба баҳои аз он баландтар сазовор аст”.
Дар баробари шоирони номбурда, Навоӣ дар бораи шоҳзодаи Темурӣ — Халил Султон низ маълумот оварда, қобилияти баланди шоирии ӯро таъкид намудааст. Аз омӯзиши манбаъҳо маълум мегардад, ки Халил Султон ҳанӯз аз ҷавонии худ бо шеъргӯӣ машҳур гардида буд. Ӯ баъд аз соҳиб шудан ба тахти Самарқанд шоири машҳур Исмати Бухороиро сарвари шоирони дарбор таъин намуд ва ба аҳли адаб таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир кард. Бисотӣ, Хаёлии Бухороӣ, Бурундуқ, Тоҳири Абевардӣ, Рустами Хурёнӣ барин шоирон ба дарбор ҷалб гардида, доираи адабии бузургеро ташкил намуданд. Халил Султон низ дар баробари ҳукмронии худ, дар соҳаи шеърият шогирди Хоҷа Исмат ба ҳисоб рафта, аз ӯ нозукиҳои шеърро меомӯхт. Ӯ бо ду забон – тоҷикию ӯзбекӣ шеър мегуфт ва аз худ бо забони ӯзбекӣ девони мукаммале боқӣ гузоштааст. Муҳаққиқон нақл мекунанд, ки девон дар замони Шоҳрух яке аз шоҳкориҳои давраи Темуриён ба шумор мерафт. Аммо ин девон то замони мо омада нарасидааст.
Навоӣ дар солҳои таҳсил гирифтан дар Самарқанд, бо муҳити адабии Самарқанд аз наздик шинос шуда, аз ҳаёти адибони муҳити адабии он батафсил нақл намудааст. Дар ин соҳа маҳорати баланди адабиётшиносии ин мутафаккири бузург аён мегардад.

Фозил ШУКУРОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: