Шаффофият дар фаъолияти судҳо

Шаффофият дар фаъолияти судҳо

Дар асоси тамоюл ва меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқие, ки эътирофи умум шудаанд, ба инсон додани кафолати ҳуқуқ ва озодиҳо самти муҳими тараққиёти Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Инро дар ислоҳотҳое, ки ҳоло дар соҳаи суду ҳуқуқи мамлакатамон амалӣ мешаванд, мушоҳида кардан мумкин аст. Мақсади асосии ислоҳотҳо барои шаҳрвандон фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ, таъмини тинҷии онҳо ва ҳамраъйии байни миллатҳо аст.
Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 13-уми июли соли 2018 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани сохтори суду ҳуқуқ ва афзунсозии боварӣ ба органҳои ҳокимияти судӣ» имконияти бештар таъмин намудани шаффофияти фаъолияти органҳои суд, васеъ кардани мулоқоти кушода бо аҳолӣ ва баланд бардоштани нақши ҷамоатчигӣ дар амалӣ намудани суди одилро дод. Ин дар навбати худ фаъолияти судҳоро беш аз пеш равшан мекунад. Дар ҳар чоряк аз тарафи судҳо гузаронидани брифинг низ шаффофияти кори онҳоро зиёдтар кард.
Рӯзномаҳои «Овози Самарқанд» ва дигари вилоятӣ дар бораи брифинге, ки судҳои вилоятӣ бахшида ба фаъолияти худ дар соли 2018 гузаронданд, ахбор доданд.
Бояд қайд намуд, ки аз рӯйи бисёр нишондиҳандаҳо дар фаъолияти судҳои вилоятӣ тағйироти мусбӣ ба назар мерасанд. Баробари ҳамин, баъзе паҳлӯҳои кори онҳо дар брифинг норавшан монданд. Мисол, дар соли 2018 дар ҳамаи инстансия (дараҷа)-ҳои суди вилоятӣ доир ба корҳои ҷиноӣ 37 нафар шахс сафед карда шудаанд. Дар ин давр судҳои инстансияи якум баъди баррасии парвандаҳои ҷиноӣ 264 нафар шахсро дар зали суд аз ҳабс озод намуданд.
Дар инстансияи кассатсионии Суди маъмурии вилояти Самарқанд дар соли 2018 ҳангоми баррасии 485 парвандаи маъмурӣ қарорҳое, ки нисбати 476 нафар шахс баровардаанд, бе тағйир мондаанд, нисбати 60 нафар шахс қабул шудаанд, тағйир ёфтанд ва нисбати 121 нафар қабулгардида, бекор карда шудаанд.
Мувофиқи маълумотҳо дар инстансияи апелятсиони (шикоятӣ)-и Суди маъмурии вилояти Самарқанд дар соли 2018 нисбати 45 нафар шахс 45 парвандае, ки аз муносибатҳои оммавию ҳуқуқӣ бармеоянд, баррасӣ гардида, қарорҳо ва хулосаҳои ҳалкунанда нисбати 36 нафар шахс бетағйир мондаанд, нисбати 4 нафар шахс тағйир ёфтаанд ва нисбати 5 нафар шахс қабулшударо бекор намуданд.
Дар инстансияи кассатсионии Суди маъмурии вилояти Самарқанд дар соли 2018 нисбати 53 нафар шахс 53 парвандае, ки аз муносибатҳои оммавию ҳуқуқӣ бармеоянд, баррасӣ гардида, қарорҳои ҳалкунанда ва хулосаҳое, ки нисбати 29 нафар шахс қабул гардидаанд, бетағйир мондаанд, нисбати 6 нафар шахс қабулшуда, тағйир ёфтаанд ва нисбати 17 нафар шахс қабулгардида, бекор карда шудаанд.
Саволе ба миён меояд, ки чаро як қисми ин қарорҳо бекор карда шудаанд ва сабаби қаблан чунин қарорҳоро қабул кардани шахсони масъул дар чист? Оё нисбати шахсони қарорҳои нодуруст­ро қабулкарда чорае дида шудааст?!
Ё ки ба 37 нафар шахсе, ки соли гузашта дар ҳамаи инстансияҳои суди вилоятӣ доир ба корҳои ҷиноӣ сафед карда шудаанд, қаблан киҳо чунин қарор баровардаанд, ки сипас онҳоро бекор карданд?! Сабаби чунин саҳлангориҳо дар чист?
Агарчи шаффофияте, ки аз фармону қарорҳои Президентамон қабул карда, бармеоянд, имрӯз фаъолияти судҳоро равшан мекунанд, вале мисолҳои дар боло овардашуда нишон медиҳанд, ки ин паҳлӯҳои фаъолияти судҳоро низ равшан бояд кард.

Тошқул АЗИМОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: