“Мо авлоди бунёдгузорони давлати бузургем”

“Мо авлоди бунёдгузорони давлати бузургем”

Дар доираи ҳамин лоиҳа дар Маркази ҷавонони Самарқанд анҷуман шуда гузашт.
Дар тадбире, ки аз тарафи Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ”-и Ӯзбекистон ва оҷонси туризми ҷавонони ҷумҳуриявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ташкил гардид, донишҷӯёни Донишгоҳи байналхалқии туризми “Роҳи абрешим”, аъзоёни ҳизб, инчунин, фаъолони Иттифоқи ҷавонон иштирок намуданд.

Самарқанд – шаҳри сайёҳон мебошад. Дар ин ҷо барои ривоҷ додани соҳаи туризм аз таҷрибаи давлатҳое ба мисли Франсия, Туркия ва Миср истифода бурдан лозим, — мегӯяд депутати Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олӣ Азамат Пардаев. – Барои ин, албатта, дониши ҷавононро дар соҳаи туризм зиёда намудан аҳамияти муҳим дорад.
Дар доираи анҷуман бо ташаббуси Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” барои тарбиягирандаҳои хонаи меҳрубонии шаҳри Тошканд ва оилаҳои фарзандони ногиро дошта ва камбизоат ба шаҳри Самарқанд саёҳат ташкил гардид.
Дар анҷуман ҷонишини ҳокими вилоят, раиси кумитаи зан ва духтарони вилоят Г.Алимова иштирок намуд.

Ҳ.СОДИҚОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: