Беш аз 600 муроҷиат шунида шуд

Имрӯзҳо дар мамлакатамон барои беҳтар намудани тарзи зиндагонии мардум, ҳалли муаммоҳои онҳо ва дигар масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ислоҳотҳои зиёде ба амал меоянд. Қабулҳои сайёри бо мақсади ба роҳ мондани алоқаи ташкилотҳои давлативу ҷамоатӣ ба амал омада, дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоии мардум аҳамияти муҳим касб мекунад.
Қабули сайёр ба усули босамар ва қулайи мулоқот бо халқ, ки дар ҷойҳо гузаронида мешавад, табдил ёфт. Зеро ҳар ҳудуд муҳити иҷтимоӣ-иқтисодии ба худ хос, инфрасохтор, имконият ва муаммоҳое, ки бояд ҳал шавад, дорад. Масъалаҳое, ки аз эътибор дар канор монда, аҳолиро азоб медиҳанд, омӯхта бартараф намуданро давр тақозо менамояд.
Дирӯз дар мактаби варзишии бачаҳо ва наврасони рақами якуми ноҳияи Пайариқ қабули сайёри нав­батии ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов баргузор гардид.
Дар он роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатии вилоят иштирок карданд. Мардум бо беш аз 600 пешниҳоду дархостҳои худ ба ҳокими вилоят муроҷиат карданд.
Ҳокими вилоят Э.Турдимов муроҷиатҳои арзкунандагонро бо диққат шунид. Як қисми арзҳо, ки омӯзиши иловагӣ зарур набуд, дар ҳамон ҷо ҳалли худро ёфтанд.
Муроҷиатҳои аҳолӣ асосан бо муаммоҳои гирифтани кредит, таъмири роҳҳо ва хонаву ҷой, таъминоти обу барқу газ ва ғайра вобаста буд.
– Писари ман, – гуфт Раҷаб Яҳёев, барои гирифтани кредити ипотекавии имтиёзнок ариза дода буд. Дар ҷараёни ҳалли ин масъала маро чанд бор фиреб доданд. Бинобар ин, ба қабули сайёр омадам то ҳалли муаммои худро дарёфт кунам. аз эътибору ёрии роҳбарон мамнун гаштам.
Баробари ҳамин, дар қабули сайёр баъзе муроҷиатҳо доир ба масъалаҳое буданд, ки хуб омӯхта нашудаанд ё ин ки онҳоро дар сатҳи маҳалла ё ин ки ноҳия ҳал кардан мумкин буд.
Тамоми масъалаҳо аз тарафи ҳокимияти вилоят ба назорати қатъӣ гирифта шуд ва таъкид гардид, ки рӯзи 22-юми феврали соли ҷорӣ ҳолати иҷрои онҳо муҳокима карда мешавад.

Б.РАҲМОНОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: