Маҳсулотҳои фоидаовар

Маҳсулотҳои фоидаовар

барои тозакунии организмҳо

Дар натиҷаи тадқиқотҳои илмии ходимони тиббӣ маълум шуд, ки аксарияти маҳсулотҳо фоидаовар буда, хусусиятҳои шифобахшӣ ва тозакунии организмро доранд.

Карам

Карам яке аз маҳсулотҳои фоидабахштарин ба ҳисоб меравад. Он хусусиятҳои ғизобахши зиёде дорад. Элементҳои озуқавии дар таркиби карам буда, моддаҳои заҳрноки организми инсонро тоза мекунад. Ғайр аз ин, кислотаҳои органикии карам ба ҷараёни ҳазмкунӣ таъсири хуб расонида, микрофлораро ба меъёр меорад. Лекин бо ҳамин ҷиҳатҳои мусбати карам ба охир намерасад. Дар он витамини ноёби U дида мешавад. Ин витамин моддаҳои «хавфнок»-ро кушта, ба синтези витаминҳо иштирок мекунад, ҳатто ба табобати ҷароҳатҳо ёрӣ мерасонад. Карамро ба ҳолати бутунӣ ва ё намак карда, ҳатто шарбат карда хӯрдану нӯшидан ҳам мумкин аст.

Лаблабуи сурх

Лаблабуи сурх барои тозакунии организми инсон аз маҳсулотҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар таркиби лаб­лабу витаминҳои бофтаҳо, мис, фосфор, С ва як қатор кислотаҳои фоидаовар буда, онҳо ҷараёни ҳазмкуниро ба меъёр меорад, бактерияҳои хушккунандаи организми инсонро мекушад. Баъдан, дар таркиби он моддаи липотропи «бетаин» буда, он ҷигарро аз моддаҳои заҳрнок тоза мекунад. Инчунин, кислотаи фолии таркиби лаблабу бештар ҳуҷайраҳои навро ба вуҷуд меорад ва квартс, яъне ҳолатҳои пӯст, мӯй ва нохунро хуб мекунад. Бо ин роҳ он барои ҷавоншавии организми инсон имкон медиҳад.
Лаблабуро ҷӯшонида, ба карамшӯрбо андохта, салатҳои гуногун тайёр карда истеъмол кардан ё ки шарбати онро нӯшидан барои саломатии инсон фоидаовар мебошад.


Таҳияи МАЛИКА.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: