Атлетикаи вазнин

Атлетикаи вазнин

Тавре, ки хабар дода будем, дар шаҳри Самарқанд байни бачаҳои 14-17-сола аз рӯйи намуди атлетикаи вазнин мусобиқаи ҷумҳуриятӣ шуда гузашт.
Дар мусобиқаи ҷавонписарон варзишгарон Т.Юсуфов О.Нафасов, Ҳ.Олимов, З.Ҳусанов, Ш.Амриддинов, Д.Ҳамидов (Самарқанд), А.Икромов (Намангон), А.Наримонов (Хоразм), М.Мирзобоев (Тошканд) ва дар қувваозмоии духтарон У.Қирғизбоева, Ҷ.Панфилова, (Тошканд), О.Ҳоҷиева, К.Файзуллоева, Н.Сувонова, З.Мамараҷабова (Навоӣ), Н.Абдуллоева, Б.Эшқулова, Т.Ҷабборова (Қашқадарё), Қ.Абдуҳамидова (Наманган) аз рӯйи тоифаҳои вазнашон ҷойи якумро ишғол намуданд.
Ба ҳисоби умумиҷамоавии қувваозмоии ҷавонписарон вилояти Самарқанд ҷойи якум, Наманган ҷойи дуюм ва вилояти Тошканд ҷойи сеюмро, дар баҳси умумиҷамоавии духтарон бошад, вилояти Навоӣ ҷойи аввал, Қашқадарё ҷойи дуюм ва Хоразм ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Ғолибони мусобиқа бо диплому медал ва тӯҳфаҳои хотиравии ташкилотчиён сарфароз гардиданд.

Беҳзод АҲМАДОВ,
ҷонишини раиси шӯъбаи вилоятии
Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши
«Ёшлик»-и Ӯзбекистон.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: