478 қишлоқ обод карда мешавад

478 қишлоқ обод карда мешавад

Бо мақсади ташкили пурсамари иҷрои вазифаҳое, ки аз Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 29-уми марти соли 2018 “Дар бораи Барномаи “Қишлоқи обод” бармеоянд, қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 20-уми феврали соли 2019 “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба амалӣ намудани барномаи “Қишлоқи обод” дар соли 2019” барои беҳсозии шароити зисти аҳолӣ, таъмини дигаргуниҳои мусбии назаррас дар тарзи зист, замонавӣ намудани қиёфаи 3-то қишлоқ (маҳалла)-ҳои ҳар як ноҳия ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои сокинони онҳо қабул гардид.
Мувофиқи қарор соли 2019 дар доираи Барномаи “Қишлоқи обод”:
Дар 478 қишлоқи 159 ноҳия, ки беш аз 1,6 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, корҳои бунёдкорӣ ва ободсозӣ амалӣ мегарданд ва барои ин чораву тадбирҳо 4,8 триллион сӯм сарф карда мешавад;
Барои ободонии қишлоқҳо 1,3 триллион сўм сафр мешавад;
214200 хонаву ҷойи тартиби якка ва 1182 хонаи биноҳои бисёрқабатаро таъмир мекунанд.
556-то истгоҳи нақлиёт сохта шуда, 189 автобуси замонавии 46,3 миллиард сӯмина харид мегардад.Барои беҳдошти сохтори таъминоти барқ ва газ 361 миллиард сӯм карда мешавад.
Бо мақсади беҳсозии таъмини оби ошомиданӣ 2219 шохаи нав ва 221 иншооти обӣ сохта мешавад. Инчунин, 729 шоха ва 163 иншооти обиро реконструксия мекунанд.
Ҳудуди 378 хонаву ҷойи бисёрқабата обод карда мешавад.
Биноҳои 280 муассисаи таълими томактабӣ, 510 мактаб, 237 муассисаи ҳифзи тандурустӣ ва 439 объектҳои иҷтимоии дигар сохта мешавад;
Ҳамагӣ 2532 объектҳои инфрасохтори бозор бунёд ва таъмир мегарданд. Роҳҳои минтақавӣ(кӯчаҳои дохилӣ)-и дарозии умумиаш 5476 километр таъмир ва реконструксия мегардад;
296 километр объектҳои ирригатсионӣ ва 1538 километр объектҳои мелиоративӣ сохта, 584 километр объектҳои ирригатсиониро тоза мекунанд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: