Аз ҳаёти як мактаб

Аз ҳаёти як мактаб

Муваффақияти Мадина

Дар мактаби таълими умумии рақами 45-и ноҳияи Оқдарё қариб 2650 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд.
Яке аз онҳо хонандаи синфи Х Мадина Қаноатова мебошад. Ин духтараки серғайрат ғолиби зинаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Гулдухтарони Зулфия» гардида, ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Соли гузашта Мадина дар озмуни «Рақсҳои меросӣ», ки дар шаҳрҳои Истамбул ва Анқараи Туркия гузашт, инчунин, дар озмуне, ки аз рӯйи иҷрои яккахонӣ дар байни хонандагони мактаб дар маркази «Авлоди баркамол»-и Тошканд гузашт, ғолибиро ба даст овард. Соли 2018 дар озмун аз рӯйи иҷрои рақс, ки дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурияти Тоҷикистон баргузор гардид, соҳиби Гран Прӣ шуд.

— Аз устодам – хореографи мактаби бачагонаи рақами 1-и мусиқа ва санъати шаҳри Самарқанд, Ойширин Равшанова хеле миннатдор ҳастам. Ӯ ба ман асрори иҷрои рақсро хуб меомӯзонад, — гуфт духтараки боиқтидор М.Қаноатова.

Марди некном буд…

Самеъбобо дар қайди ҳаёт мебуд, ба синни 93 медаромад. Ӯ дар 18-солагӣ ба фронт рафт. Аз он ҷо баргашта, дар факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсили илм намуд. Беш аз 40-сол дар мактаби зодгоҳаш ба фарзандони халқ дарс дод. 9 нафар фарзандро соҳиби маълумоти олӣ гардонид. Имрӯзҳо писараш – Собир ва духтараш Лола касби падариро идома медиҳанд.

— Самеъбобо ифтихори мактабамон мебошанд, — гуфт шогирди собиқи мактаби таълими рақами 45-и ноҳияи Оқдарё, донишҷӯӣи соли дуюми Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Тошканд Равшанҷон Асроров. Нисбати устод ҳурмат ба ҷо оварда, дар мактаб намоишгоҳи расмҳояшонро ташкил намудем, ки дар он роҳи ҳаёти бобо дар суратҳо акси худро ёфтааст.

Комёбиҳои Абдуазизу Рустам

– Хонандаҳои мактаби мо дар зинаи вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ «Ниҳолҳои умед» аз рӯйи намудҳои шоҳмот ва гӯштии юнону румӣ ғолиб гардиданд. Хонандаҳо – Абдуазиз Зарифов дар зинаи вилоятии озмунҳои «Мактаби китобхон» ва «Оилаи китобхон», – Рустам Абдуқаҳҳоров дар олимпиадаи фаннии байналхалқие, ки дар шаҳри Самарқанд байни физику математикҳои ҷавон ба забони англисӣ гузашт, ғолиб гардиданд, – гуфт директори мактаб Ҷӯрахон Юсуфов.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: