Сессияи Шӯрои вилоят

Сессияи Шӯрои вилоят

Рӯзи 27-уми феврал сессияи шас­тудуюми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд барпо гашт. Ба сессия, ки ба тарзи видеоселекторӣ дар алоқа бо студияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид, раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э.Турдимов сарварӣ кард.
Дар сессия депутатҳо ва роҳбарони идораву ташкилотҳои ба масъ­алаҳои дар рӯзномабуда дахлдор, иштирок карданд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи сессия – оиди қарори Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 15-уми феврали соли 2019 «Дар бораи дидани тайёрӣ ва гузарондани интихоботи раис (оқсақол)-они ҷамъомадҳои шаҳрвандон» таҳти рақами ҚК-507-III ҷонишини якуми раиси шӯрои вилоятӣ доир ба мутобиқгардонии фаъолияти органҳои худидораи шаҳрвандон Б.Насриддинов ба сухан баромад.
Қайд гардид, ки бо қарори палатаи болоии парламент дар моҳи майи соли равон дар мамлакатамон интихоботи раис (оқсақол)-они ҷамъомадҳои шаҳрвандон гузаронда мешавад. Бо қарори мазкур нақшаи тадбирҳо доир ба дидани тайёрӣ ва гузарондани интихобот ва ҳайати комиссияи ба ташкил намудан ва гузарондани интихоботи раисони ҷамъомади шаҳрвандон ёридиҳанда тасдиқ гардид.
Дар интихоботи имсола дар вилоятамон 1089 нафар раис (оқсақол)-и ҷамъомади шаҳрвандон интихоб мешаванд.

Бо мақсади дар асоси талаботи қонунҳои дар амалбуда гузарондани тадбири мазкур ҳайати комиссияи вилоятӣ доир ба расонидани кӯмак ба дидани тайёрӣ ва гузарондани интихоботи раис (оқсақол)-они ҷамъомадҳои шаҳрвандон ва нақшаи тадбирҳо оиди ташкил кардан ва гузарондани интихобот тасдиқ карда шуд.
Сипас, масъала доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи нақлиёти мусофиркашони шаҳр» дар шаҳри Самарқанд, ки гурӯҳи депутатҳои Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон дар Шӯрои вилоят пешниҳод кардааст, мавриди муҳокима қарор ёфт.
Дар ин бора узви гурӯҳи депутатии Ҳизби халқӣ-демократӣ Ӯ.Саидмуродов ахбор дод.
Қайд гардид, ки дар ҷараёни омӯзиши иҷрои қонун дар фаъолияти нақлиёти ҷамоатии шаҳри Самарқанд мавҷуд будани норасоӣ ва муаммоҳои ҷиддӣ маълум шуданд. Бо мақсади фаҳмидани фикри ҷамоатчигӣ дар сайти zarnews.uz ва шабакаҳои иҷтимоӣ пурсишномаи «Шумо аз хизмати автобус ва таксиҳои шаҳри Самарқанд қонеъ ҳастед? Барои беҳдошти сифати хизмати нақлиёт чӣ хел пешниҳодҳо доред?» гузаронда шуд. 58 фоизи шахсони дар пурсишнома иштирок карда, «шахсан ба ман маъқул нест», 34 фоизашон «Нархи хизмат қимат» ва 8 фоизашон «Ба ҳар ҳол маъқул» гуфтаанд.
Дар муҳокимаи масъала депутатҳо ва роҳбарони идораҳои мутасаддӣ иштирок намуда, доир ба бартараф намудани норасоӣ ва муаммоҳое, ки дар даври омӯзиш ба мушоҳида расидаанд, фикр баён намуданд.
Дар сессия инчунин, ахбор ва ҳисоботи ҷонишини аввали ҳокими вилоят Ҷ.Ӯроқовро «Дар бораи истифодаи самараноки замини наздиҳавлигии аҳолӣ ва чораҳои бо тартиб ташкил намудани кишти баҳорӣ», ҷонишинони ҳокими вилоят Б.Нуруллоев, О.Хоҷаев ва А.Нурқуловро «Доир ба корҳое, ки дар шаҳри Самарқанд барои инкишофи туризм амалӣ карда мешаванд», «Дар бораи корҳое, ки барои ба вилояти Самарқанд ҷалб намудани инвеститсияҳо иҷро карда шудаанд», «Дар бораи иҷрои чораҳои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилдории ғалла дар Самарқанд» шунида ва қабул карда шуданд.
Депутатҳо ахбори сардори Садорати адлияи вилоят А.Халиловро низ «Дар бораи фаъолияти эҷодкории меъёрии ташкилот ва органҳои давлатӣ, вазъи амалии истифодаи ҳуқуқ, тарғибот ва маърифати ҳуқуқӣ дар соли 2018» шуниданд.
Дар сессия доир ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳо қабул карда шуданд.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: