Дар маҳаллаи Деҳнав

Дар маҳаллаи Деҳнав

гармхонаҳо бисёранд

Дар маҳаллаи Деҳнави ноҳияи Самарқанд аз ҷониби ҳокимияти вилояти Самарқанд бахшида ба самаранок фоидабарии замини наздиҳавлигӣ семинар – намоишнома баргузор гардид. Дар он ҷонишинҳои аввали ҳокимони ноҳияҳо, ходимони соҳаи кишоварзӣ, вакилони хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ, фаъолони маҳаллаҳо иштирок карданд.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Ҷ.Ӯроқов, ҳокими ноҳияи Самарқанд Ш.Ҷамолов ба сухан баромада, оиди кони фоида будани замини наздиҳавлигӣ, дар ташкили гармхонаҳо ба аҳолӣ ёрӣ расонидан, корҳои дар ин соҳа бурдаистода, таҷрибаҳои соҳибони гармхонаҳо ва хоҷагиҳо сухан карда.
Дар маҳаллаи мазкур 560 хонадон 37 гектар заминро ба манбаи ҳақиқии даромад табдилдодаанд.

— Дар маҳаллаамон 25 хонадон дар 24 гектар замин гармхонаҳо ташкил кардаанд, — гуфт раиси маҳалла Зафар Бобоев. – Соли ҷорӣ дар асоси тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот» аз ҳисоби кредитҳои имтиёзнок боз 56 нафар сокини маҳаллаамон бунёди гармхонаро ба нақша гирифтанд. Дар маҳалламон яхдони ғунҷоишаш 200 — тоннагӣ сохта шудааст.

— Гармхонаи хонадонамон 4 холро ташкил мекунад, — гуфт сокини маҳалла Насиба Тошпӯлодова. – Дар он якчанд навъи кабудӣ, инчунин, помидору бодиринг мерасонем. Даромади порсолаамон 10 миллион сӯмро ташкил кард.

Ҷамшеди АСРОР.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: