Дар дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ

Дар дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ

чӣ гуна дигаргуниҳо пешбинӣ шудаанд?

Дар кишвари мо роҷеъ ба соҳаи таълим, корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд, ки натиҷаи онро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ҷойҳои сазоворро ишғол кардани соҳибистеъдодҳои мо дидан мумкин аст.
Ислоҳоте, ки тайи беш аз 2 соли охир дар мамлакат таҳти роҳнамоӣ ва ташаббуси Президент Ш.Мирзиёев роҳандозӣ мешаванд, дар соҳаи таълим низ таъсири сазовори худро гузошт.
Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълими олӣ тайёр кардани кадрҳои болаёқат ва содда гардондани тартиби қабул ба донишгоҳҳо талаби рӯз аст.
15-уми феврали соли 2019 лоиҳаи Қарор «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ бинобар такмил додани низоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ ба воситаи озмуни тест» дар портали regulation.gov.uz ба муҳокимаи ҷамъиятӣ гузошта шуд.
Аз ин рӯ, ба қарибӣ шӯъбаи матбуоти Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ баргузор намуд. Дар он моҳияти лоиҳаи қарор фаҳмонда шуд, бинобар мулоҳиза ва таклифҳое, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ инъикос мешаванд, муносибат баён гардид.
Рӯз ба рӯз дар кишвари мо соҳаи таълим такомул меёбад, усулҳои нав дар ҷараёни кор татбиқ мегарданд, ки дар амал натиҷаи матлуб медиҳад. Аз ҷумла, дар ҷавонони мо хоҳиши соҳиби маълумоти олӣ шудан зиёд мегардад.
Бо дарназардошти чунин эҳтиёҷоти аҳолӣ лоиҳаи қарори мазкур кор карда шудааст. Дар баробари ин, аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар бобати таълим маълум мегардад, ки барои ҷавонон фароҳам овардани имкониятҳои васеъ айни муддаост.
Дар лоиҳаи қарор пешниҳодҳое, ки дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардиданд, дохил карда шудааст, ҳамчунин, таклифҳое, ки дар доираи тағйиротҳои дар Барномаи давлатӣ инъикосшуда роҷеъ ба амалӣ кардани «Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ»-и Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ворид гардидааст.
Соли 2018 озмунҳои тест барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ дар асоси талабҳои нав, боадолатона, шаффоф, холис ва ошкоро гузаронда шуд, ки мардум кайҳо боз чунин сурат гирифтани имтиҳони қабул ба донишгоҳҳоро интизор буданд. Набояд фаромӯш кард, ки чунин имкониятҳои бесобиқа маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат фароҳам омад ва боиси хушнудии ҳам довталабон, ҳам волидайни онҳо шуд.
Дар соли хониши 2019-2020 барои имтиҳони қабул ба муассисаҳои таълими олии кишвар таҷрибаи соли 2018 идома ва такмил дода мешавад. Бо мақсади он ки дар ҷараёни озмунҳои тест ба ҷавононе, ки хоҳиши донишҷӯ шудан доранд ва дар ин ҷода пайвас­та талош меварзанд, имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда шавад, дар лоиҳаи қарор таклифҳои зерин тақдим карда мешаванд.
Якум, бо мақсади пешгирии оворагарӣ ва хароҷоти иловагии давлат ва волидайни онҳо дар манзили зисташон, қатъи назар аз ҳудуди ҷойгиршавии муассисаи таълимие, ки аз ҷониби довталаб интихоб мешавад ба рӯйхатгирӣ тавассути марказҳои хизмати давлатӣ барои дар ҳудуди зисти худ дар озмунҳои тест ширкат кардан пешбинӣ мегардад.
Дуввум, бо мақсади минбаъд баланд бардоштани имконияти ба донишгоҳ дохил шудани довталабон барои онҳо дар як вақт ҳуқуқи интихоб ба се равияи таълими бакалавриат дода мешавад.
Ба ҷуз ин, барои довталабоне, ки дар имтиҳонҳо 30 фоизи холҳои баландтарин ва холҳои аз он баландтарро ба даст овардаанд, сертификат дода хоҳад шуд.
Онҳо аз сертификат метавонанд ба муддати се сол барои дохил шудан ба муассисаи таълими олӣ истифода баранд.
Сеюм, соли ҷорӣ озмунҳои тест барои писарону духтароне, ки мактаб, литсей ва коллеҷҳоро хатм кардаанд, мутлақо бепул, ҳолати бидуни ҳар гуна пардохт баргузор намудани озмунҳои тест нигоҳ дошта мешавад. Дар баробари ин, барои дар озмуни тест ширкат кардани довталабоне, ки соли гузашта ва давраи пеш аз он таҳсилро хатм кардаанд, ба миқдори як баробари миқдори камтарини музди меҳнат тартиби амалисозии пардохт таклиф карда мешавад.
Пешбинӣ гардидааст, ки пардохт­ҳое, ки аз ҷониби довталабон сурат мегиранд, барои аз ҷиҳати молиявӣ таъмин кардани хароҷоти вобаста ба боз ҳам сифатнок ва дар шароити мусоид ташкил кардани озмунҳои тест равона карда шудаанд. Маблағҳои аз ҳисоби мазкур дастрасшуда барои пардохти иҷораи биноҳо, кондитсионерҳои баланднерӯ, камераи мушоҳида ва муайян кардани шахс, барои падару модарон мониторҳоро ҷиҳозонидан ва бо оби нӯшокиву ручка таъмин кардани довталабон истифода мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки ташкили озмунҳои тест маблағҳои молиявии иловагиро тақозо мекунанд ва пардохтҳое, ки аз довталабон ба даст меоянд, барои пурра пӯшондани хароҷоти мавҷуда кифоя нестанд.
Ҳаққи корие, ки ба беш аз чор ҳазор назоратгарони гурӯҳ пардохта мешавад, хӯроки пешине, ки барои онҳо омода мегардад, сифатнок тайёр кардани маводи тест, ба ҷои муайяншуда дар вақташ расонда додан, гирифта овардан, нигоҳ доштани онҳо ва ғайра аз он ҷумла мебошанд.
Бояд гуфт, ки қабул ба муассисаҳои таълими олӣ нисбат ба солҳои гузашта хеле шаффоф ва ошкоро гузаронида мешавад ва ҷавононе, ки лаёқати баланди донишандӯзӣ доранд, аз назарҳо дур намемонанд, балки имконият пайдо мекунанд, ки аз чунин шароитҳои созгор самаранок истифода бурда, ба бахти донишҷӯӣ бидуни ҳар гуна садду монеа сарфароз шаванд.

Х.ҲАМИДОВ.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: