Ректорони 30 донишгоҳи Индонезия

Ректорони 30 донишгоҳи Индонезия

ба Самарқанд меоянд

Дар Донишгоҳи байналхалқии туризми “Роҳи абрешим”-и Самарқанд аз тарафи ректори Донишгоҳи “Gunadarma Margianti»-и Индонезия дар мавзӯи “Доираи худшиносии инсон дар ҳимояи ҷамъият” тақдимот гузаронида шуд ва байни донишгоҳҳо меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.
Мувофиқи он, донишҷӯён имкони таҳсилро дар Индонезия соҳиб мегарданд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ бо мақсади мус­таҳкамсозии ҳамкориҳо бо Донишгоҳи байналхалқии туризми “Роҳи абрешим” ва имзо кардани меморандуми ҳамкорӣ ташрифи ректорони 30 донишгоҳи Индонезия ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаи фирис­тондани донишҷӯён ба курсҳои бепули тобистонаи Индонезия баррасӣ гардид.
Онҳо баробари истироҳат салоҳияти сайёҳии Индонезияро меомӯзанд ва таҷриба иваз мекунанд.


Хизмати матбуоти
департаменти ривоҷдиҳии
турзими вилоят.

Ворид шудан ба манбаъ:
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: